Дар ҳамлаи Русия ба Сумии Украина зиёда аз 30 нафар кас кушта шуд

Оқибати ҳамлаи Русия ба шаҳри Суми. 13-уми апрели соли 2025

Дар ҳамлаи нерӯҳои Русия ба шаҳри Сумии Украина рӯзи 13-уми апрел дастикам 34 кас, аз ҷумла ду кӯдак кушта шудаанд.

Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Украина иттилоъ дод, ки дар ин ҳамла 117 кас, аз ҷумла 15 кӯдак захмӣ гаштанд.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, дар изҳороте гуфт, мушакҳои русӣ ба бинои истиқоматӣ ва мактабу таваққуфгоҳи мошинҳо бархӯрдааст.

Баъзе аз расонаҳои украинӣ навиштанд, ки мушаки русӣ рӯзи 13-уми апрел ба як троллейбус дар маркази шаҳри Суми зад.

Дар наворҳое, ки телеграм-каналҳои украинӣ аз ҷойи ҳодиса пахш кардаанд, дида мешавад, ки дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Суми сӯхтори калон сар задааст.

Раисҷумҳури Украина дар бораи ин ҳамла гуфтааст, “танҳо нокасон чунин рафтор карда метавонанд. Ҷони инсонҳоро мегиранд. Ба наздикони қурбониён ҳамдардӣ мекунам. Феълан амалиёти наҷот идома дорад, ҳамаи ниҳодҳои дахлдор кор мекунанд. Вокуниши ҷиддии ҷаҳонӣ лозим аст. Иёлоти Муттаҳида, Аврупо, ҳама дар ҷаҳон, касе мехоҳад, ки ин ҷангу куштор хотима ёбад."