Дар натиҷаи ҳамлаи неруҳои Русия ба вилояти Харкови Украина 14 кас захмӣ шудааст. Чор нафари онҳо кормандони пулис буданд.
Хадамоти ҳолатҳои фавқуллодаи Украина хабар додааст, ки артиши Русия шаби 3 ба 4-уми ноябр якбора ба чанд ноҳияи вилояти Харков ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дод.
Ба қавли манбаъ, як бомб ба ноҳияи Шевченко афтида, бинои маскунӣ, чанд нақлиёт, маркази савдо ва иншооти дигарро хароб кардааст.
Додситони вилояти Харков навори маркази савдоеро нашр кардааст, ки дар ҳамлаи неруҳои Русия хароб шудааст.
Артиши Русия ҳамчунин ба ноҳияи Холодногорскийи вилояти Харков зарба задааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар инҷо касе осеб надидааст.