Дар Балуҷистони Покистон 5 коргарро куштаанд

Покистон. Акс аз моҳи сентябри соли 2023

Мақомоти Покистон рӯзи 29-уми октябр гуфтанд, ки бар асари ҳамла ба маҳалли сохтмони сарбанд дар минтақаи Панҷгури Балуҷистон панҷ коргар кушта шудаанд.

Ин минтақа дар наздикии сарҳади Покистон бо Эрон ҷойгир аст.

То кунун касе ё гурӯҳе масъулияти ҳамларо бар уҳда нагирифтааст.

Вилояти Балуҷистон дорои манобеи фаровони маъдан аст ва аз аввали имсол чанд дафъа шоҳиди чунин ҳамлаҳо буд.

Дар он ҷо гурӯҳҳои ҷудоиталабе ба монанди Артиши Озодихоҳи Балуҷистон алайҳи ҳукумати Покистон меҷанганд. Ин гурӯҳ аз сӯйи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчун созмони террористӣ эътироф шудааст.

Рӯзи 11-уми октябри имсол дар ҳамла ба як кони ангишт дар Балуҷистон 20 конкан кушта шуданд. Масъулияти ин ҳамларо низ ҳеч гурӯҳ ба дӯш нагирифт.