Се шабака барои пахш накардани навори ҳизби "Орзуи гурҷӣ" ҷарима шуданд

Ираклий Гарибашвили, раиси ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ"

Додгоҳе дар Тифлис, пойтахти Гурҷистон се шабакаи телевизиониро барои худдорӣ аз пахши навори таблиғотии ҳизби ҳоким ҷарима баст. Дар наворҳои марбут ба ҳизби "Орзуи гурҷӣ" харобиҳо ҷанг дар Украина тасвир шуда буд.

Бахши русии Би-би-си навиштааст, шабакаҳои "Формула", "Мтавари архи" и "TV Пирвели" ҳар кадоме 5 ҳазор лари ($ 1800) ҷарима шуданд.

Кумисюни миллии алоқаи Гурҷистон ин шабакаҳоро ба вайрон кардани қонуни интихобот муттаҳам кардааст.

Дар навори таблиғотии ҳизби "Орзуи гурҷӣ", аз як тараф харобиҳои ҷанг дар Украина бо навиштаи "на ба ҷанг" ва аз сӯи дигар биноҳо дар Гурҷистон бо навиштаи "сулҳро интихоб намо" ҷой дода шудааст.

Тамти Мурадашвили, ҳуқуқшиноси шабакаи "Мтавари архи" гуфтааст, додгоҳ амр додааст, ки қарор фавран иҷро шуда, шабакаҳо навори таблиғотии ҳизби ҳокимро пахш кунанд.

Қаблан бархе шабакаҳои телевизионии Гурҷистон шикоят доштанд, ки ҳизби ҳоким фоҷиаи ба сари мардуми Украина омадаро дар маъракаҳои сиёсии худ истифода мекунад.