Ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории маконнигорӣ ва ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба аломатгузории сарҳади давлатӣ рӯзи 19-уми декабр ба анҷом расидааст.
Хабаргузории давлатии "Ховар" хабар додааст, ки ин ҷаласа нӯҳ рӯз идома кард.
Дар хабар аз номи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки баробар бо ин мулоқот, корҳо дар самти таҳияи тарҳи лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон шуруъ шуд.
Қарор аст ҷаласаи баъдӣ дар Қирғизистон баргузор шавад.
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ду ҳафта пеш хабар доданд, ки дар таъини хати сарҳади байни ду кишвар ба мувофиқаи ниҳоӣ даст ёфтаанд ва қадами баъдӣ, имзои санадҳои байнидавлатӣ дар бораи хати марзи муштарак мебошад.
Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки дар ҷараёни ин музокираҳо Душанбе ва Бишкек ба гузаштҳое розӣ шуданд, вале ҷузъиёти мувофиқаҳои бадастомада нашр намешавад. Фақат мақомот гуфтанд, ки баъди анҷоми марҳилаҳои ҳуқуқии омодасозии тамоми тарҳҳои созишномаву нақшаи хати сарҳади мувофиқашуда ин санадҳо аз ҷониби порлумону президентони ду кишвар имзо мешавад.
Дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон солҳои 2021 ва 2022 муноқишаҳои пурқурбониву пурхушунате рух дода буд, ки як сабабаш баҳснок будани қитъаҳои марзии байни деҳоти ду ҳамсоякишвар гуфта мешавад.