Дар Душанбе ронандаи таксиро барои "дағалӣ" ба сайёҳи эронӣ боздошт кардаанд

Дар Наврӯзи имсол садҳо эронӣ ба Тоҷикистон омадаанд.

Дар Наврӯзи имсол садҳо эронӣ ба Тоҷикистон омадаанд.

Пулиси Душанбе як ронандаи таксиро барои дағалӣ ва аз меъёр беш маблағи роҳкиро пурсидан аз сайёҳи эронӣ боздошт кардааст.

Дар хабарномаи Раёсати ВКД дар Душанбе гуфта мешавад, ки Қиёмиддин Негматов ба сайёҳи эронӣ, ки барои таҷлили Наврӯз ба Душанбе омада буд, “дағалона муносибат намуда, маблағи роҳкирои зиёд талаб кардааст.”

Назари ин ронанда ба иттиҳоми пулис маълум нест. Дар хабарнома гуфта мешавад, ки нисбат ба ӯ “чораи дахлдор андешида мешавад.”

Дар наворе, ки мақомот нашр кардааст, сайёҳӣ эронӣ аз пулис барои расидагӣ ба арзаш ташаккур кардааст. Ӯ гуфтааст, дар фурудгоҳ ба ӯ рақами пулиси сайёҳиро доданд ва вақте ин мушкил пеш омад, ба онҳо занг зад. Ба гуфтаи сайёҳ, пулис фавран ба арзаш расидагӣ кардааст.

Соли гузашта раводид миёни Эрон ва Тоҷикистон бекор шуд ва садҳо эронӣ имсол барои таҷлили ҷашни Наврӯз ба Тоҷикистон омадаанд.

Дар гузашта сайёҳони хориҷӣ борҳо аз сифати хидматрасонӣ дар Тоҷикистон ва дағалии кормандони фурудгоҳ ва нозирони роҳ шикоят карда буданд.