Дар Душанбе ба даҳҳо нафар амр додаанд, хонаҳояшонро холӣ кунанд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар шаҳри Душанбе ба даҳҳо сокини ду бинои навсохт амр додаанд, ки хонаҳоро холӣ кунанд, зеро биноҳо ғайриқонунӣ сохта шудаанд ва ҷойи онҳо бояд бинои дигаре қомат афрозад. Мардуме, ки бо азоби зиёд пул ҷамъ карда хона харидаанд, ҳоло намедонанд, чӣ кор кунанд.