Дар Бохтар оромгоҳҳои масеҳиёнро обод мекунанд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вайронгарӣ дар оромгоҳҳои насрониён дар вилояти Хатлон ва дуздидани панҷараҳои атрофи гӯрҳо мақомотро водор кардааст, ки даст ба кор шаванд. Аз ҷумла, дар шаҳри Бохтар тасмим гирифтаанд, ки атрофи оромгоҳро панҷара бигиранд, то гӯрҳои азизони мардуми масеҳӣ зери пойи гову гӯсфанд намонад.