Ягона ҳунарманде, ки танҳо оҳанги “Чак-чаки борони баҳор”-и ӯро дар беш аз 50 кишвари ҷаҳон бозхонӣ карданду суруданд ва ин суруд ба хит табдил шудааст. Суруде, ки ба ҳар кишваре, ки рафта, дуруди кишвару фарҳанги моро бурда ва ба касоне, ки моро мешинохтанд, хубтар ошно карда ва касоне, ки намешинохтанд, тозамуаррифӣ карда. Ин гуна офаридаҳо аз халлоқияти нобиғаҳо берун меоянд ва ҷовидонагии ному ҳунари онҳоро барои солҳову садаҳо таъмин мекунанд.
Мо бо ҷамъи ҳамкоронам дар Радиои Озодӣ талоши фаровон кардем, ки дар ростои ин ҷашнвора бо Далер мусоҳибае дошта бошем. Ҳатто ба дафтари кори ӯ рафтем, аммо бо пойфишории сахти худи овозхон суҳбат баргузор нашуд. Мо ҳар қадар пойфишорӣ кардем, вале Далер гуфт, хуб гирифтем, ки суҳбат мекунем, аммо ман ҳарфи наве, ҳарфе барои гуфтан надорам.
Инҷо буд, ки ман ба худ андешидам, оё овозхон ва ҳунарманде, ки ба сатҳи яке аз пояҳои мусиқии Тоҷикистони муосир расидааст, ҳарфе барои гуфтан надорад? Оё ӯ ҳарфе барои гуфтан надорад ё ҷомеа тавони шунидани ҳарфҳои ӯро? Агар ҳунарманде дар ин поя ҳарфе барои гуфтан надорад, оё ин фурӯдошт (таназзул)-и фарҳангии як миллат нест? Ва агар ҷомеа тавони шунидани ҳарфҳои ӯ ва ҳар рӯшанфикру фарҳангиеро надошта бошад, пас масири ин ҷомеа ба куҷост!?
Хушбахтона, бар хилофи иддаое, ки Далер Назар кард, дарёфтам, ки ҳарфҳои зиёде барои гуфтан дорад. Паёми дарунии ӯ густарае бузурге дорад, ки шояд дар иҷтимоъ ва муҳитҳои сиёсиандеши мо нагунҷад. Аз ӯ мепурсам, ки ин ҳама вақт шунавандаву ҳаводори овозу ҳунари ӯ ин ҷову он ҷо мепурсад, ки Далер Назар куҷост, чаро унвоне надорад, чаро бо ӯ мусоҳиба намекунед, чаро назари ӯро дар ин ё он маврид намепурсед? Гуфтам, шумо хоҳ Далер Назар, хоҳ ҳар каси дигаре бошед, ҳақ надоред посухи ин ҳама муҳаббатҳои мардумро надиҳед. Посухе нозук ва аммо фалсафӣ медиҳад.
“Ҳарчанд дурам, дар канорам, аммо агар ҳаводоре, шунавандае ва ҳар каси дигаре дар суруду оҳанге аз ман, хостааш, ормони дилаш ва наҷвои дарунашро дармеёбад, ҳамин аст посухи ман ба ин муҳаббатҳо,”--андешамандона посух медиҳад ӯ.
Ман мегӯям, шояд ҳаводорони шумо ин фалсафабозиро написанданд, онҳо мехоҳанд суҳбате бидуни рӯву риё бо шумо дошта бошанд ва шумо биойед дар минбари як расона ва бо ҳаводорони худ васл шавед... Мегӯяд: “Ман танҳо аз роҳи мусиқӣ ба ҳаводоронам васл мешавам.”
Мегӯяд: “Хуб, омадам, суҳбат кардам ва шумо гуфтед, ки Далер Назар ҳунармандест фалону беҳмадон ва фалон сол дар он ҷо таваллуд шудаасту ину он. Баъд чӣ? Ин чӣ медиҳад ба ҳаводорони ман? Ё ба ҷомеаи мо?”
Гуфтам, агар ҳамдигарро ин гуна суолборон кунем ва агар бихоҳем дар радди пешниҳоди якдигар баҳона битарошем, метавонем то беохир якдигарро биозмоем. Чун дидам, ки азми овозхон қавист ва ҳеч тан ба суҳбат доданӣ нест, канор рафтам.
Гуфтам, чанде пештар шуморе аз овозхонҳову ҳунармандони моро кишвари ҳамсояи Узбекистон унвони Ҳунарманди халқии ин кишварро дод. Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд навиштанд, ки аз Тоҷикистон ду кас буд, ки аз ҳама бештару пештар мустаҳиқи ин унвон буданд: Ҷӯрабек Мурод ва Далер Назар.
Гуфт: "Бале, устод Ҷӯрабек Мурод ҳаққи ҳалол дошт, чун барои наздикии ду кишвару ду миллат ва ваҳдати тоҷикони ин паҳно талошҳои зиёде кард. Аммо ман чӣ, фақат оҳангу сурудаҳои ман барои ин мардум писанд уфтодааст."
Ман ин қазовати эшонро ҳам ба унвони баҳона пазируфтам. Ҳарчанд ба назар мерасид ин посухҳоро самимӣ медиҳад, аммо дарк мекардам Далер, ин суханҳоро ба ҷойи суханҳои дигаре берун меорад, ки дар дарунаш нуҳуфтаанд.
Гуфтам, овозхоне дар ин сатҳ набояд ғайрииҷтимоӣ бошад ва танҳо дар саҳнаҳои ҳунар ва он ҳам бисёр кам бо ҷомеа рӯ ба рӯ шавад. Аммо посухи бисёр вазнин ва густардае ба вусъати дунё дод.
“Ман худамро дар ҳама мушкилоту нотавонии мардум гунаҳкор медонам. Гунаҳкор медонам, ки чаро наметавонам ин мушкилоти мардумро ҳал кунам. Гунаҳкор медонам, ки чаро камбуди мансабдороре ислоҳ кардан наметавонам. Гунаҳкор медонам, ки чаро наметавонам ҷанги Укроину Русияро ҳал кунам ё чаро натавонистам аз ҷангу куштор дар Фаластин пешгирӣ кунам. Барои ҳамин меравам дар гӯшае танҳо ва бо худ ба баҳс мепардозам, ки чаро инсон нотавон аст ва посухе дар зеҳну равони худам барои ҳалли мушкилоти мардумам, миллатам ва дунё мекобам”.
Ин ҷо буд, ки дарёфтам: “хомӯшиву канораҷӯйии Далер Назар эътирози маънодоре дар баробари амалкардҳоест, ки сарнавишти инсониятро ба чолиш мекашанд ва торик месозанд”.
Касе, ки дар пайи таъмири ин куҳнасаро аст, магар метавонад ҳарфе барои гуфтан надошта бошад? Магар ҳарфе болотар аз ин барои гуфтан аст? Ин аст, ки Далер бо шӯридасарии ба худ хос панҷа ба торҳои таранги гитор мехарошаду мехонад... “Биёйед, биёйед, ки гулзор расидаст... ки девона дигар бор зи тангӣ раҳидаст..”. Ва дар ин тангнои харобот муддате ба дунболи таъмири ҷаҳони дарвешҳое бо исми инсон мегардад, ки ба гуфти худаш ба “гунаҳкорӣ” мерасад ва наҷвое аз дарунаш сар мезанад “биё инак нигаҳ кун Рӯдакиро...” ва ба гунае хулоса мекунад: Чаро ҷӯйӣ вафо аз бевафое, Чӣ кӯбӣ беҳуда сард оҳанеро...
Навори консерти Далер Назар аз бойгонӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бо Далер баҳси ҳамешагии ҷомеаи Тоҷикистонро ҳам дар миён гузоштам, ки посухаш чист? Баҳси надоштани унвонро (дидори се-чор рӯз пештар аз дарёфти Ҷоизаи Рӯдакӣ буд). Ӯ ба навъе посухи солҳо пеш додаашро такрор кард: “Ман мусиқиро барои он кор мекунаму суруду оҳанг мехонаму месозам, ки барои фурӯ нишондани фурӯҷастаҳои даруни худам бошад. Яъне барои кайфияти худу қонеъ кардани хостаҳои даруниям. Ва интизор нестам, ки касе барои посухе ба хостаҳои даруни худам додан ба ман унвон бидиҳад”.
Гуфтам, шояд ин қадршиносӣ барои Далер Назар зиёд муҳим набошад, аммо барои тарбияти иҷтимоӣ, барои тарбияти рӯҳӣ, барои фарҳангсозӣ, барои инсонсозӣ ва билахира барои миллатсозии мо зарур аст. Аммо гуфт, “ман дар унвон намегунҷам”. На ба ин маъно гуфт, ки болотар аз унвонҳост, балки ба ин маъно, ки руҳи озодагихоҳу озодиандеши ман дар қолаби унвон намегунҷад. Яъне вақте унвоне гирифтед бояд расмитар шаведу қолабитар пӯшед ва чизеро интихоб кунеду бихонед, ки муносиб ба унвону унвондор бошад...
Вақте аз ҳузури Далер мураххас мешудам, дар даруни худрав меандешидам, ки пас чӣ? Ин ҷо буд, ки аз магнитофони мошини ҳамсоя дар ҷодаи Рӯдакӣ Далер фарёд мекашид:
Дунёи савдо бигзарад,
Андуҳи дилҳо бигзарад,
Ҳам навбати мо, ҳам навбати мо,
Ҳам навбати мооо бигзарад.
Аммо ба зери осмон,
Ҳамчун замини бекарон:
Некӣ бимонад ҷовидон,
Некӣ, бимонад ҷовидон!!!