Рӯзномаи бритониёии “Daily Mail” дар шумораи рӯзи 22 ноябраш силсилаи аксҳои ҷангиёни қазоқ дар Сурия ва ҳам видеои таблиғотиеро нашр кардааст, ки як гурӯҳи духтарони хурдсоли низ зоҳиран қазоқро ҳангоми тамрини низомӣнишон медиҳад.
Дар ин навор духтароне, ки синнашон зоҳиран то 12-13 –сола аст, либосҳои низомӣ дар тан машқи истифодаи силоҳ мекунанд ва дар рӯбарӯи камера савганди ҷиҳод дар роҳи Худо мехӯранд.
Тасдиқи расмии ин ки оё ин навор дар воқеъ дар Сурия гирифта шудааст ва ҳам маълум кардани ин ки ин духтарони хурдсол оё бо чӣ роҳе ба онҷо рафтаанд, дар ҳоли ҳозир ғайримумкин ба назар мерасад.
Дар ин навор ҳамчунин гашти низомии ин духтаракони хурдсолро дидан мумкин аст, ки бархеаш ҳанӯз ҳатто тавони бардоштани автомати Калашниковро надоранд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ алакай чандин бор созмони тундрави “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои дигареро, ки дар Сурия ва Ироқ меҷанганд, ба далели истифода аз нирӯи кӯдакон ба боди шадиди интиқод кашидаанд. Истифода аз нирӯи кӯдак дар ҷангҳо ҷинояти ҷанг маҳсуб мешавад ва метавонад мавзӯъи парванда дар додгоҳи байналмилалии ҷароими ҷангӣ дар Гаага шавад.
Қаблан дар як навори дигар, ки ба иддаои ноширонаш, низ дар Сурия наворбардорӣ шудааст, як ҷангии узбак бо лақаби “Абдураҳмони Узбакӣ” дар иҳотаи як гурӯҳи кӯдакони хурдсол силоҳ дар даст тасвир шуда буд. Ӯ бо ин кӯдакон дар бораи савоби “ҷиҳод” ҳарф мезад ва тарзи истифода аз Калашниковро намоиш медод.
Бино ба ҳисобҳо, аз Қазоқистон то 300 нафар, аз Қи рғизистон то 150, аз Тоҷикистон – то 300 нафар ва чандсад нафари дигар аз Узбакистон дар Сурияву Ироқ ва асосан дар сафи созмони тундрави “Давлати исломӣ” меҷанганд.
Видеои тамрини ҷангии духтарони хурдсоли қазоқ ва сӯҳбатҳои онҳо дар бориа “ҷиҳод”-ро метавонед дар сомонаи “Daily Mail” дар ин нишонӣ тамошо кунед: