Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Қазоқистон 300 нафар дар Сурия меҷанганд


Кумитаи Амнияти Миллии Қазоқистон мегӯяд, шумораи шаҳрвандони ин кишвар, ки дар ҷангҳои Сурия як ҷо бо тундравҳои Давлати Исломӣ ширкат доранд, аз 300 нафар ҳам бештар аст.

Кумитаи мазкур дар изҳороте, ки 18 ноябр дар торнамои худ нашр кардааст мегӯяд, Нуртай Абикаев-раиси кумитаи онҳо моҳи ҷорӣ дар ҳамоиши раисони кумитаҳои амнияти миллии кишварҳои ҳамсуд дар Остона изҳор доштааст, ки нисфи ононе, ки аз Қазоқистон дар Сурия дар ҷангҳо ширкат доранд, занон мебошанд.

Бино ба гузориши ин кумита, Александр Бортников- раиси ФСБ ё Хадамоти Федеролии Амнияти Русия дар ин ҳамоиш гуфтааст, ки аз Русия низ дар ҷангҳои Сурияву Ироқ беш аз 1500 шаҳрванди Русия ширкат мекунанд.

Раҳбарони кумитаҳои амнияти миллии кишварҳои дигари Шӯравии пешин низ изҳори нигаронӣ кардаанд, ки шумораи шаҳрвандони онҳо, ки як ҷо бо тундравҳои Давлати Исломӣ меҷанганд, вақтҳои охир афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG