Даҳҳо муҳоҷири тоҷикро аз "Жуковский" баргардонданд

Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, онҳоро аз Фурудгоҳи Жуковскийи шаҳри Маскав ба Тоҷикистон баргардонданд.

Ба гуфтаи ин муҳоҷирон, онҳо рӯзи 29-уми ноябр аз фурудгоҳҳои Хуҷанд ва Душанбе ба Маскав парвоз карда буданд, вале онҳоро ба Русия роҳ надоданд.

Ба гуфтаи ин муҳоҷирон, давоми як шабонарӯз тақрибан 100 нафарро танҳо аз Фурудгоҳи Жуковский ба Тоҷикистон бозпас фиристоданд. Радиои Озодӣ мустақилона ин маълумотро тасдиқ карда наметавонад.

Пас аз ҳамла ба толори “Крокус” дар наздикии Маскав, ки муҳоҷирони тоҷикро ба он муттаҳам карданд, вуруди тоҷикистониҳо ба Русия мушкил шуд.

Баъди моҳи март даҳҳо муҳоҷири тоҷик шикоят карданд, ки онҳо бидуни сабаб ё бо қонуншиканиҳои хурд аз Русия ронданд.