Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш рӯзи 29-уми июн ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар мекунад ва қарор аст дар ҷараёни ин барномааш аз Тоҷикистон ҳам дидан кунад.
Дар ин бора рӯзи шанбе вебсайти хабарҳои СММ бо такя ба дафтари матбуоти ин ниҳод хабар додааст. Дар ҳар кишвар ӯ бо раҳбарони ин кишварҳо дидор мекунад ва асосан бо ҷараёни иҷрои тарҳҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист ошно хоҳад шуд.
Мулоқоти ӯ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам дар назар аст. Боздиди Гутерриш аз минтақа аз шаҳри Тошканд шурӯъ мешавад. Рӯзи 4 июл ӯ дар Остона дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой иштирок мекунад.