Даъват ба қатъи ҷанг дар Украина ва Ғазза

Зане дар харобаҳои Ғазза

Беш аз 50 барандаи ҷоизаи Нобел дар номае ба қатъи ҷанг дар хоки Украина ва Ғазза даъват кардаанд.

Ин нома ба тарафҳои даргир, раҳбарони рӯҳонии ҷаҳон, порлумони Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид фиристода шудааст.

Нусхае аз ин номаро нашрияи "Новая газета" нашр кардааст.

Онҳо даъват кардаанд, ки бояд фавран оташбас эълон шуда, асиронро иваз кунанд, ҷасади кушташудаҳоро баргардонанд ва ба гуфтугӯи сулҳ оғоз намоянд.

Муаллифони нома гуфтаанд, ки ҳоло дар ҷаҳон 55 ҷанги мусаллаҳона идома дорад ва ҷанги Русия дар Украина гуруснагӣ дар Африқоро бештар кардааст.

Ба гуфтаи онҳо, маблағе, ки дар дунё барои ҷанг сарф мешавад, имкон дорад бо он, 80 сол аҳолии саёраро аз гуруснагӣ наҷот дод.

“Биоед, ҳамдигарро накушем ва ҷаҳонро наҷот диҳем,”—гуфта шудааст дар нома.

Русия аз соли 2022 то кунун дар Украина меҷангад. Талошҳо барои оташбас дар Украина то кунан бенатиҷа будааст.

Исроилу ҲАМОС низ бо гузашти нӯҳ моҳ барои оташбас дар Ғазза ба созиш нарасидаанд.