Раисиҷумҳури Чехия Милош Земан рӯзи 17 ноябр дар як эътирозе, ки дар шаҳри Прага, пойтахти ин кишвар аз сӯи гурӯҳи мавсум ба “Эътилофи зидди Ислом” ташкил шуда буд, ширкат ва суханронӣ кардааст. Ин раҳпаймоӣ дар солгарди 26-уми “инқилоби махмалин”, ки дар соли 1989 ҳукумати коммунистии Ҷумҳурии вақти “сотсиалистӣ”-и Чехословакияро суқут дод, доир шуд.
Милош Земан дар баробари ҳазорони нафари гирдиҳамомада дар маркази Прага алайҳи муҳоҷироне ҳушдор дод, ки ба гуфтаи ӯ, ба “фарҳанги қатл ва адовати мазҳабӣ” тааллуқ доранд. Земан, ки бо баёнияҳои зиддиисломиаш маъруф аст, ба издиҳом ҳамчунин гуфт, “фарҳанги онҳо аз фарҳанги роиҷ дар Аврупо комилан фарқ мекунад ва ин фарҳанги куштору адовати мазҳабӣ нест.”
Ӯ гуфт, аксари муҳоҷироне ки худро ба Аврупо мезананд, “мардони ҷавону хушлибосанд. Ва ман мехоҳам бипурсам: Чаро ин мардон барои озодии кишварҳои худ алайҳи “Давлати исломӣ” намеҷанганд?”
Издиҳом шиорҳоеро, ба мисли “Такрори Порисро дар Прага намехоҳем” дар даст доштанд. Ин раҳпаймоӣ дар хобгоҳи донишгоҳи Карл, ки инқилоби зиддикоммунистии соли 1989 аз ҳаминҷо оғоз ёфта буд, баргузор шуд. Раҳбарони донишгоҳи Карл аз ин эътироз фосила гирифтанд.
Ҳамзамон дар он наздикӣ як раҳпаймоии дигар ба тарафдорӣ аз муҳоҷирон низ барпо шуд ва мақомот бо ҷалби нирӯиҳои пулис талош карданд, то аҳли ин ду раҳпаймоиро аз ҳам ҷудо кунанд.
Бӯҳрони муҳоҷирон ва ҳамлаҳои ахири Порис ҳазорон нафарро дар ин ду гирдиҳамоӣ дар Прага гирди ҳам овард. Ин дар ҳолест ки Ҷумҳурии Чех аз кишварҳои умдаи муҳоҷирпазири Аврупо ба шумор намеравад ва дар ин кишвар танҳо теъдоди андаке аз паноҳҷӯён макон ёфтаанд.
Дар пайи ҳамлаҳои Порис, ки 129 кушта ба ҷо гузошт ва масъулияташро гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” бар ӯҳда гирифтааст, бисёре аз раҳбарони кишварҳои Аврупо дар мавриди шеваи бархӯрд ба бӯҳрони муҳоҷирон ва паноҳҷӯён мавқеи шадидтареро гирифтаанд. Ҳамин тавр, дар ҷомиаи Аврупо, тавре ба назар мерасад, эҳсосоти бегонабадбинӣ (ксенофобия) нисбат ба мусалмонон ва паноҳҷӯён бештар шуда, дар чандин кишвари ин қора, аз ҷумла дар Олмону Фаронса тазоҳуроту эътирозҳои зидди муҳоҷирон доир шуданд.
Видеогузориш бо забони англисиро аз раҳпаймоии зиддиисломӣ дар шаҳри Прага инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад