Тибқи гузоришҳо, вазорати корҳои дохилии Сербистон рӯзи якшанбеи 15 ноябр эълон кардааст, ки соҳиби яке аз гузарномаҳое, ки дар канори ҷасади яке аз ҳамлаварон дар Порис ёфт шуд, чанде пеш аз Сербистон дархости паноҳандагӣ карда буд.
Ба гуфтаи вазорати умури дохилии Сербистон, соҳиби ин гузарномаи суриягӣ аз паноҳандагоне буд, ки рӯзи 7-уми октябр дар он кишвар дархости паноҳандагӣ кардааст. Қаблан гузориш шуда буд, ки нерӯҳои пулис ду гузарномаи мисрӣ ва суриягиро дар ҷои ҳамлаҳои рӯзи ҷумъа дар Порис, пайдо кардаанд.
Як манбаи наздик ба таҳқиқот дар Порис ба шабакаи хабарии CNN гуфтааст, ки "фарзияи ниҳоят қавӣ ин аст, ки шиносномаҳои бадастомада дар ҳамлаҳои рӯзи ҷумъа, тақаллубӣ ҳастанд."
Дар ҳамин ҳол, Юнон низ гуфтааст, яке аз гузарномаҳои пайдошуда дар канори ҷасади ҳамлаварон дар Порис мутааллиқ ба касе аст, ки худро ба унвони паноҳанда ба он кишвар муаррифӣ карда ва вориди Аврупо шуда буд. Пулиси Юнон таъйид кардааст, ки аз сӯи пулиси Фаронса барои муайян кардани мушаххасоти ду гумонбар, дархост дарёфт кардааст.
Пеш аз ин гурӯҳҳои мухталиф дар кишварҳои ғарбӣ нисбат ба ҳузури афроди вобаста ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар миёни паноҳҷӯёне, ки ба Амрико ва Аврупо равона буданд, изҳори нигаронӣ карда буданд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Фаронса ва Белгия мегӯяд, ки бархе аз гумонбаршудаҳо дар ҳамлаҳои маргбори рӯзи 13 ноябр дар шаҳри Порис, боздошт шудаанд. Тибқи гузоришҳо, шахсияти бархе аз онҳо низ эълом шудааст.
Ҷеан Пиерре Горгес, раиси шаҳри Чартрес ва узви парлумони Фаронса дар сафҳаи Фейсбуки худ шахсияи яке аз ҳамлаварони интиҳориро эълон кардааст, ки Исмоил Умар Мустафоӣ, сокини ҳамон шаҳр дар минтақаи марказӣ-шимолии Фаронса аст.
Ҳамзамон хабаргузории Франс-пресс гузориш додааст, ки дар ҳамлаи нерӯҳои пулис ба "хонаҳое дар 130 километрии шарқи Порис, ду гумонбар боздошт шудаанд. Ин хабаргузорӣ ҳамзамон мегӯяд, ки падар ва бародари яке аз ҳамлагарони интиҳорӣ боздошт шудаанд.
МАЪЛУМОТИ БЕШТАР ДАР МАВРИДИ ҲАМЛАИ ПОРИС ИНҶОСТ:
Ҳолланд: "Дар ҳамлаҳои Порис 127 нафар ҷон бохтаанд"
Ҳамзамон тибқи гузоришҳо, дар Белгия низ чанд фард ба гумони даст доштан дар ин ҳамлаҳо боздошт шудаанд. Як мақоми амниятии ғарбӣ, ки нахостааст номаш фош шавад, ба шабакаи хабарии CNN гуфтааст, ки чанд ҳамла ба хонаҳое дар Белгия шудааст, ки ҳади ақал як мавриди он бо ҳамлаҳои шаби ҷумъа дар Порис рабт дорад.
Ҳамлаҳои дигар ба маҳали иқомати афроде шудаааст, ки созмонҳои амниятии Белгия аз қабл онҳоро таҳти назорат доштанд. Ин манбаи хабарӣ ба CNN гуфтааст, ки бархе аз ҳамлакунандагон дар Порис барои нерӯҳои амниятии Белгия чеҳраҳои шинохташудае будаанд. Сухангӯи вазорати адлияи Белгия ҳам рӯзи 14 ноябр боздошти чанд нафарро дар хоки он кишвар таъйид кардааст.
Шомгоҳи 13 ноябр дар ҳафт маҳали пойтахти Фаронса чанд таркиш ва ҳамзамон тирандозӣ сурат гирифт. Як рӯзи баъд аз ин ҳамлаҳо, ки дар онҳо 129 нафар кушта шуданд, гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар баёнияе масъулияти ин ҳамлаҳоро ба дӯш гирифт.