"Cухан дар бораи оғози бунёди метро дар Душанбе ҳанӯз барвақт аст"

Азими Иброҳим

Азими Иброҳим

Азими Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, гузориши баъзе аз расонаҳоро дар мавриди оғози бунёди метро дар шаҳри Душанбе нодуруст хонд.

Ӯ рӯзи 29-уми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, намедонад “ҳадафи ин хабарҳо чист”, вале “моҳияти масъаларо дарк накарда ҳар чизе менависанд”.

"Дар бисёре аз расонаҳо менависанд, ки сохтмон шуруъ мешавад. Сохтмони чунин иншоот осон нест. Инро бояд ҳаматарафа омӯхт, баъд кор сар мешавад. Ин оғози кор аст,” -- афзуд ӯ.

Азими Иброҳим гуфт, дар ҳақиқат, давлат ҳадафи бунёди метроро дар Душанбе дорад, вале ҳанӯз кор дар сатҳи марҳилаи омӯзишӣ ҳаст: "Моҳи март-апрели имсол корҳои имконсанҷии фанниву иқтисодӣ тамом мешавад. Ин маълум мекунад, ки имконияти сохтан ҳаст ё не. Баъди ин асосноккунии фанниву иқтисодӣ оғоз мешавад, худи сохтмон не."

Агар натиҷаи имконсанҷиҳо мусбат шавад, ба гуфтаи вазири нақлиёт, нақшаи бунёди се роҳи метро дар назар аст:

  • аз Сирки давлатӣ то поёни бозори "Корвон", яъне то дарвозаи вилояти Хатлон;
  • аз Сирки давлатӣ то Чорбоғ;
  • аз Сирки давлатӣ то дарвозаи шарқии Душанбе (маҳаллаи ДОК).

Тоҷикистон зарурати сохтмони метроро ба афзоиши аҳолии Душанбе ва меҳмонони он марбут дониста, онро яке аз чораҳои пешгиранда аз роҳбандон ё танбашавӣ дар кӯчаҳои пойтахт медонад.

Бо ин ҳадаф соли 2022 бо ширкати "Роҳи оҳани миллии Корея" Ёддошти тафоҳум дар мавриди омӯзиши имконияти сохтмони роҳи оҳани шаҳрӣ ва метрои сабук дар Душанбе имзо кардааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Барои оғози бунёди метро ҳанӯз вақт ҳаст"