Додситонии шаҳри Кӯлоб дар чаҳорчӯби парвандаи ҷиноӣ “авбошии сарбозони рус” ҳудуди 20 тан аз низомиёни пойгоҳи Русияро, ки дар муноқишаи шаби 28-уми июл ширкат доштанд, ба бозпурсӣ ҷалб кардааст.
Додситонии Кӯлоб нисбати чанд тан аз низомиёни рус бар асоси қисми дуюми моддаи 237-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне “авбошӣ” айб эълон кардааст.
“Сарбозҳои рус мехостанд наворро нобуд кунанд”
Манобеи наздик ба бозҷӯии парвандаи авбошии аскарҳои рус саҳнаҳои дигареро аз шаби 28 июл низ пажӯҳиш мекунанд. Ба гуфтаи ин манобеъ, “сарбозони воҳиди пойгоҳи низомии Русия, мустақар дар Кӯлоб шоми 28-уми июл дар ҳолати мастӣ ба хиёбон баромада, ба бетартибиҳо даст задаанд. Онҳо дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, тақрибан 200 метр дуртар аз девори пойгоҳи низомии Русия ба як “Маркази букмекерӣ”- ҷое, ки ҷавонон натиҷаҳои бозиҳои футболро пулакӣ пешгӯӣ мекунанд, ҳамла намуда, тирезаҳои онро шикастанд ва чанд тан аз ҷавонони маҳаллиро маҷрӯҳ карданд. Дар натиҷа ба “Маркази букмекерӣ” даҳ ҳазор сомонӣ зарари молӣ расидааст.” Ба гуфтаи ҳамин манобеъ, ҷавононе, ки дар ин марказ машғули бозӣ будаанд, ба сарбозон муқовимат карданд ва фавран ба пулис хабар доданд. То расидани пулиси маҳаллӣ низомиёни рус тарбузҳои тарбузфурӯшони маҳаллиро низ зери лагад қарор додаанд ва ҳангоми сангандозӣ тирезаҳои ду хонаи истиқоматиро низ шикастаанд.
Ба думболи ин, гурӯҳи дигари низомиёни рус вориди “Маркази букмекерӣ” шуда, навори дурбини назоратиро, ки дар он саҳнаи ҳуҷуми сарбозон ба “Маркази букмекерӣ” сабт шуда буд, нобуд кардаанд. Аммо пулис мегӯяд, ки як нусхаи ин наворро дастрас кардааст. Гуфта мешавад, ки аксари низомиён бар асоси навори дурбинҳои назоратии “Маркази букмекерӣ” ба бозпурсӣ ҷалб шудаанд.
Манобеъи наздик ба тафтишот мегӯянд, ки шаби ҳодиса масъулони сатҳи поёнии пойгоҳи низомии Кӯлоб талош карданд, ки қазияро бидуни боз кардани парвандаи ҷиноӣ ҳал кунанд, аммо мақомот ба ин пешниҳод розӣ нашуданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Русҳо ҳатто ба милисаҳо ҳамла карданд”
Ҳоло мақомот мегӯянд, пас аз анҷоми бозҷӯӣ ин парвандаро барои баррасӣ ба додгоҳи низомии Русия, воқеъ дар назди пойгоҳи ин кишвар дар Тоҷикистон ирсол хоҳанд кард ва онҳо нисбат ба сарбозону афсарони худ ҳукм содир хоҳанд кард. Тибқи созишномаи соли 2012 имзошуда байни Тоҷикистону Русия, афсарону аскарони пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон аз масуният бархӯрдоранд ва қазияҳои марбут ба онҳоро бояд мақомоти худи Русия баррасӣ кунанд.
Мақомоти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон аз сӯҳбат дар ин мавзӯъ худдорӣ мекунанд.
Аммо Наҷмиддин Сафаров, як шоҳиди ҳодиса 11-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ин нафароне, ки ба “Маркази букмекерӣ” ҳамла карданд, тақрибан даҳ нафар буданд, аммо пас аз муқобилияти ҷавонони маҳаллӣ чандин тани дигар аз сари деворҳои пойгоҳ парида, ба кӯмаки онҳо расидаанд.
Ӯ гуфт: “Маълум буд, ки онҳо маст буданд. Аз рӯи гапу рафторашон маълум буд. Аз се тараф ҳамла карданд. Мошини корманди милисаро шикастанд ва тарбузу харбузаи сокинонро пора-пора карданд. Вақте мардум ҷамъ шуд ва милиса омад, онҳо аз занозанӣ пас рафтанд.”
Ин сокини Кӯлоб мегӯяд, ин бори аввал нест, ки низомиёни Русия дар Кӯлоб қонуншиканӣ мекунанд. Ӯ мегӯяд, бояд пеши роҳи мастии низомиён гирифта шавад, зеро бештар онҳо дар ҳамин ҳолат даст ба қонуншиканӣ даст мезананд.
Муноқишаи низомиёни рус дар паҳлӯи Маркази табобати бемориҳои сили минтақаи Кӯлоб рух додааст ва ба қавли шоҳидон, ҳатто бархе сангҳо ба боми ин беморхона низ расидааст.
Аммо Раҳматулло Ҷумъаев, директори Маркази табобати бемориҳои сил дар минтақаи Кӯлоб инро рад кард ва дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, солҳо боз дар ҳамсоягии пойгоҳи низомии русҳо кор мекунанд, вале ҳеҷ мушкиле бо онҳо надоранд.
“Хеле одамони хубанд. Девори мо бо деворашон часпидааст, лекин мо ҳеҷ ҳодисаро мушоҳида накардаем. Ягон бор ба Маркази мо низ зарар нарасониданд,” - Ҷумъаев.
Пойгоҳи низомии Русия дар Кӯлоб солҳои сиюми асри гузашта дар масоҳати 40 гектар замин дар маркази ин шаҳр сохта шудааст.
Бар асоси созишномаи миёни Русия ва Тоҷикистон, замони будубоши пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон то соли 2042 тамдид шудааст. Ин пойгоҳ бо тақрибан 6000 аскару афсар ва гарнизонҳояш дар Душанбеву Кӯлобу Қӯрғонтеппа бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои заминии артиши Русия ба шумор меравад.