Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати дифои Русия: "Сарбозон ҳини тамрин дар рӯди Вахш ғарқ шуданд"


Вазорати дифои Русия мегӯяд, ки се сарбози Пойгоҳи низомии 201-и он кишвар мустақар дар Тоҷикистон, ҳини тамрин дар рӯди Вахш ғарқ шудаанд.

Вазорати дифои Русия рӯзи 30 июн бо пахши як изҳорот эълон дошт, ки се сарбози Пойгоҳи низомии 201-и он кишвар дар вақти “машқи низомии тактикӣ дар мавриди убури мавонеи обӣ”, ғарқ шудаанд. Вазорати дифои Русия барои мушаххас кардани сабаби ҳодиса, як комиссия дар назди округи марказии ҳарбии таъсис дода ва барои ҷустуҷӯи се сарбоз, низомиён ва як чархболи Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, сафарбар кардааст.

Дар ҳамин ҳол мутахассисони гурӯҳи наҷотбахши вилояти Хатлон мегӯянд, сарбозҳои рус ҳини оббозӣ ва бинобар беаҳамиятӣ ба ҷараёни тезоби дарё ҳамроҳ шуда ва натавонистанд худро берун кашанд.

Масъулони пойгоҳи 201-и Русия ва Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Хатлон 30 июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки се сарбози рус баъд аз тамрини низомӣ дар размоишгоҳи Сунбула дар дарёи Вахш ғарқ шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, ин ҳодиса рӯзи 29 июн ҳангоми машқи низомии сарбозони пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон дар размоишгоҳи Сунбула иттифоқ уфтодааст. Номи насаби сарбозони ғарқшуда то ба ҳол эълон нашудааст.

Ҳамзамон бо нопадид мондани ҷасадҳои ин сарбозон, мақомоти тоҷик рӯзи чаҳоршанбе хабар доданд, ки гурӯҳи наҷотбахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва умури дохилии Хатлон дар амалиёти ҷустуҷӯи ҷасадҳои се сарбози ғарқшудаи рус дар дарёи Вахш, ширкат мекунанд. Раёсати ҳолатҳои изтирории вилояти Хатлон рӯзи 1 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи наҷотбахши ин ниҳод ва кормандони бахши умури дохилаи вилояти Хатлон барои пайдо намудани ҷасадҳои се сарбози Пойгоҳи 201-уми Русия ҷалб карда шуданд ва онҳо ҳамроҳ бо нерӯҳои низомии рус, дар ҷустуҷӯи ҷасадҳо дар дарёи Вахш, ширкат мекунанд.

Навбатдори раёсати ҳолатҳои изтирории Хатлон рӯзи 1-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, дар рӯзҳои аввали нопадид шудани се сарбози пойгоҳи 201-уми Русия, гурӯҳи наҷотбахши худи пойгоҳ аз Душанбе оварда шуданд ва дар амалиёти ҷустуҷӯи сарбозони ғарқшуда ширкат доштанд. Ба гуфтаи вай, аммо имрӯз зарурати ширкати гурӯҳи наҷотбахш ва кормандони интизомии тоҷик бо назардошти ошноӣ бо вазъ, пеш омадааст.

Ин ҳодиса дар ҳолест, ки нимаи аввали моҳи майи соли ҷорӣ ҷасади Михаил Борисов, сарбози пойгоҳи Русия дар боғи назди ҳукумати вилояти Хатлон дар Қӯрғонтеппа ёфт шуд ва мақомот гуфтанд, зоҳиран ӯ худкушӣ кардааст. Пеш аз ин дар моҳи ноябри соли 2014 хидматчии ҳарбии 23-солаи ин пойгоҳ Александр Майер худро аз боми як бинои нуҳошёна дар наздикии бахши пойгоҳ дар шаҳри Душанбе ба поён партофта ва ба ҳалокат расид.

Пойгоҳи 201-и артиши Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи хориҷии нерӯҳои хушкигарди артиши он кишвар ба шумор меравад. Воҳидҳои ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ҷойгир буда, соли 2012, бо имзои як қарордод замони ҳузури он дар Тоҷикистон то соли 2042 тамдид шуд. Мақомоти Русия мегӯянд, то чанд муддати дигар теъдоди сарбозону афсарони худ дар ин пойгоҳро то ба 9 ҳзаор нафар хоҳанд расонд.​

Моҳи гузашта Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Душанбе, пойгоҳи 201-и ин кишварро кафили воқеии амният ва субот дар Тоҷикистон номида ва гуфт, ки сарбозону афсарони рус дар ин ҷо аз манофеи Маскаву Душанбе ва дигар кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ ё ОДКБ ҳимоят мекунанд. Фролов, ки дар ҷашни 72-солагии таъсиси пойгоҳи 201 сӯҳабт мекард, гуфт, дар ҳоли ҳозир вазъият дар минтақа чандон содда нест ва ин шароит масъулияти нерӯҳои пойгоҳи 201 дар Тоҷикистонро боз ҳам боло мебарад.

"Дар шимоли Афғонистон узви гурӯҳҳои террористӣ сар боло мекунанд ва ҳамлаҳо идома дорад. Ин имкон вуҷуд дорад, ки онҳо талоши ба ин тарафи марз гузаштанро кунанд. Ин вазъяит масъулияти пойгоҳи 201 дар Тоҷикистонро боло хоҳад бурд," -- таъкид дошт Игор Лякин-Фролов.

Сафири Русия бо ишора ба ин ки ду ҳафтаи пеш тамрини якҷояи нерӯҳои Русия ва Тоҷикистон сурат гирифт, гуфт, "дӯсту душман ҳам алакай огоҳ шуданд, пойгоҳи 201 ба чӣ кор қодир аст." Вай ​изҳори бовар кард, сарбозону афсарони рус якҷоя бо ҳамтоёни тоҷики худ имкони баргардондани ҳамагуна ҳамлаҳоро доранд.

XS
SM
MD
LG