“Ман мебахшам, вале оё қонун мебахшад?”

Баррасии парвандаи се маъмури пулиси Фархор дар додгоҳи ҳамин ноҳия шуруъ шудааст, ки дар латту кӯби як сокини 37-сола муттаҳаманд. Ҳарчанд хонаводаи Парвиз Ҳабибов мегӯянд, бар асари ин латту кӯб қабурғаи фарзандашон шикастааст ва онҳо ба муҷозоти муттаҳамон пофишорӣ хоҳанд кард, вале сардори шуъбаи корҳои дохилии Фархор гуфт, ки ба эҳтимоли бегуноҳии зердастонаш бовар дорад.

Нуралӣ Рашидзода, сардори пулиси Фархор, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки додраси парванда далели нақд барои гунаҳкор кардани Файз Саидов, Меҳроб Давлатов ва Акрамшоҳҷони Абдуллоҳро надорад. “Ҳоло ин се анфар дар боздоштанд. Ин кор баҳсро ба миён овардааст ва худи раиси Додгоҳи ноҳия гуфт, ки гуноҳашон таъйид нашуда истодааст,” – афзуд ӯ.

Эълони эҳтимоли бегуноҳии се корманди пулиси Фархор намояндагони созмонҳои иҷтимоиро нигарон кардааст.

Алайҳи Файз Саидов, Меҳроб Давлатов ва Акрамшоҳҷони Абдуллоҳ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “вайрон кардани дахлнопазирии манзил” ва “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” – парванда боз шудааст. Хонаводаи Парвиз Ҳабибов ҳоло вакили дифоъ киро карда ва талош доранд, ки ин се корманди пулис дар доираи қонун ҷазо гиранд.

Хонаводаи Парвиз Ҳабибов, сокини маркази ноҳияи Фархор, рӯзи 27-уми август ба Озодӣ гуфтанд, латту кӯби ӯ ҳудуди чаҳор моҳ пеш сурат гирифта ва бар асари он ду қабурғааш шикаста ва ҳанӯз машғули табобат аст. Онҳо гуфтанд, аз ҷанҷолҳои пайдарпайи Парвиз ва ҳамсараш мақомоти интизомӣ тариқи ҳамсояҳо огоҳ шуда ва ӯро ба милисахона бурданд ва латту кӯб карданд.

Худи Парвиз Ҳабибов, ки ҳоло бемор аст, нахост дар бораи ин қазия сӯҳбат кунад, вале модараш Гулбӣ Ҳабибова гуфт, “писарам дар беморхона буд. Худи милисаҳо ӯро ба назди духтур бурданд. Ман мебахшам, вале қонун намебахшад. Бигзор дар доираи қонун ҷазо гиранд. Писарам аз ин гуноҳи онҳо намегузарад. Пеш аз он ки писарамро бо фиреб аз хона баранд, илтиҷо кардам, ки набаред. Бурданд ва маъюбаш карданд.”

Эълони эҳтимоли бегуноҳии се корманди пулиси Фархор намояндагони созмонҳои иҷтимоиро нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, дар гузашта мавридҳои латту кӯби ҷарбдидаҳо аз ҷониби пулис сабт шуда буд, вале гунаҳкорон ба ҷазои аъмоли худ нарасиданд.

​Боздошти ин се корманди пулиси ноҳияи Фархорро бо ҷурми латту кӯби Парвиз Ҳабибов дар моҳи июл Сӯҳроб Саломов, муовини сардори раёсати корҳои дохили Хатлон эълон карда буд. Ӯ гуфт, бархӯрди хашин ва латту кӯби сокинон аз ҷониби баъзе кормандони пулис обрӯи ниҳоди онҳоро мебарад ва онҳо ба ин шеваи муносибати ҳамкоронашон бо боздоштшудаҳо мубориза хоҳанд бурд.

Тибқи иттилои Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон, дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 188 ҳолати вайрон кардани низомномаи кори ходими ҳифзи қонун сабт шудааст. Аз ҷумла, дар ин муддат 6 афсари пулиси минтақа дар содир кардани 7 ҷиноят муттаҳам дониста шуда, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд. Аз ҷумла, Дилшод Каримов, сержанти хурди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ моҳи январи соли ҷорӣ сокини маҳаллӣ Носирҷон Содиқовро бар ивази 1000 сомонӣ “пора” аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда, баъдан боздошт гардид.