На танҳо шикояти падару модарон ва наздикони афроди маҳбус, балки чанд баҳси додгоҳӣ, як намоиши аксҳо ва ду баррасии Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал, ваъдаи мақомоти масъули кишвар ба «решакан» кардани шиканҷа сабаб шудаанд, ки ин калима ба яке аз вожаҳои асосии сол табдил ёбад.
Тазод дар он аст, ки сарусадои зиёд мебоист ба кам шудани бадрафторӣ бо боздоштшудагону маҳбусон сабаб мегашт, аммо ҳуқуқшиносон мегӯянд, баръакс дар соли 2013 зӯроварӣ нисбати боздоштшудагон бештар шудааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки имсол парвандаҳои пусарусадои шиканҷа шудани Баҳромиддин Шодиев, Садриддин Тошев, Суннатулло Ризоев ва дигарон тамоми сол дар мадди назарҳо буд.
Гулчеҳра Холматова, вакили дифои парвандаи Сафаралӣ Сангов, Баҳромиддин Шодиев ва Ҳамза Икромзода, ки ба гуфтаи наздиконашон бар асари шиканча даргузаштаанд, ба Радиои Озодӣ гуфт, имсол барои ӯ воқеан мушкилтарин сол буд:
«Дар парвандаи рӯёнидани зарари моддиву маънавӣ ба маблағи 46 ҳазору 500 сомонӣ дар робита ба парвандаи Сафарали Сангов Вазорати корҳои дохилӣ ҷавобгар буд. Дар парвандаи Баҳромиддин Шодиев ҳам ҷавобгар Расёсати корҳои дохилист, ки аз моҳи ноябр то ҳол ҳалномаи додгоҳ вориди иҷро нашудааст. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Раёсати корҳои дохилиро вазифадор кард, ки ба модари Баҳромиддин Шодиев 14 ҳазору 700 сомонӣ ҷуброн пардозад.»
Хонуми Холматова ҳамчунин мегӯяд, агар шикояти шаҳрвандон барои ҷуброн бештар шавад, шояд кормандони мақомот низ аз истифодаи зӯроварӣ худдорӣ кунанд.
Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев аз муассисаҳои ислоҳии шаҳри Ваҳдат ва Душанбе ба зиндони шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуданд ва дар ин ҷо зери латукӯби нозирони маҳбас қарор гирифтаанд. Гуфта мешавад, сабаби интиқоли онҳо ба Хуҷанд ин буд, ки дар тафтиши қазияи марги маҳбус Ҳамза Икромзода шаҳодат надиҳанд.
Пайомадҳои латукӯби онҳо ва маҳбусони дигар дар як навори видео, ки ба таври мармуз аз маҳбаси Хуҷанд берун омада, ба дасти расонаҳо расид, мебоист, аз идомаи зӯроварӣ пешгирӣ мекард, вале баръакс, ба гуфтаи наздиконашон, онҳо бештар шиканҷа ва баъдан бо иттиҳоми баҳам задани вазъи маҳбасҳо ба муҳлатҳои нави зиндон маҳкум шуданд. Аммо Ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон гуфт, Тошев ва Ризоев шиканҷа надидаанд.
Раҷабмоҳ Бадриддинова, сардори шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар дафтари Омбудсмени Тоҷикистон мегӯяд, онҳо борҳо аз маҳбасҳо дидан ва бо маҳбусон як ба як сӯҳбат карданд, аммо ягон нафар аз боздоштшудаҳо ҷиҳати шиканҷа шуданаш шикоят пеш наовардааст: «Вақте дар расонаҳо гуфта шуд, ки Тошев ва Ризоев дар маҳбаси Хуҷанд шиканҷа шудаанд, намояндагони рафта, бо онҳо вохӯрданд. Ҳатто духтуронро даъват карда, онҳоро муоина намуданд, вале дар ягон ҷой бадани онҳо изи шиканҷа дида нашуд.»
Дар ду ҷаласаи Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал намояндагони ҳукумати Тоҷикистон бисёре аз фактҳои шиканҷа дар кишварро рад карданд, аммо ҳамзамон ваъда доданд, ки барои ба камтарин сатҳ овардани бадрафторӣ дар боӯдоштгоҳҳо талош хоҳанд кард. Аммо ҳуқуқшиноси тоҷик Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, дар рафти мурофиаи додгоҳии шахрванди Точикистон Қосимҷон Бадриддинов ва шаҳрванди Афғонистон Ҳомид Валади Подшохон, кормандони фаврии Кумитаи амният дар ҳузури беш аз сад нафар изҳор доштанд, ки «мо шиканҷаро ҳамчун як метод истифода мебарем ва бе шиканҷа фаъолияти мақомотро пеш бурда наметавонем.»
Ин нуктаи назари кормандони Кумитаи амният боиси эътирози ширкатдорони мурофиа шуд. Ба қавли ҷаноби Ёров, дар соли 2013 мардуми тоҷик танҳо ба он муваффақ шуд, ки дар бораи шиканҷа маълумоти бештар пайдо кунанд ва донанд, ки дар сурати шиканҷа шуданаш инсон бояд ба додгоҳ шикоят барад: «Кормандони мақомоте, ки шиканҷа мекунанд, маҳкум мешуданд, боз дигарҳо аз истифодаи шиканҷа каме худдорӣ мекарданд. Аммо дар асл гирем, шиканҷа кам нашудааст.»
Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран падару модари як зиндонии дигар аз маҳбаси «Кирпичний» Муҳаммадиқбол Зоҳидов барои шиканҷа шудани фарзандашон ба мақомот муроҷиат карданд. Шикояти онҳо таваҷҷуҳи матбуотро ба худ кашид ва дар расонаҳои зиёде мунташир гашт, аммо сарраёсати зиндонҳо, ВКД, додситонӣ аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ карданд.
Бино бар омори расмӣ, соли равон алайҳи 15 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо гумони даст доштани онҳ дар шиканҷа парванда боз шуда, се тан аз онҳо бо ҳукми додгоҳ аз озодӣ маҳрум шуданд. Имсол бори аввал парвандаи талаби ҷуброни маънавӣ барои фавти одамон дар боздоштгоҳҳо татбиқ шуд ва ин ҳама шояд барои бисёриҳо умедворкунанда бошад, ки дар соли 2014 калимаи «шиканҷа» камтар садо хоҳад дод.