Як маъули додгоҳи шаҳри Кӯлоб панҷшанбеи 18 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки парвандаи онҳо чор рӯз қабл вориди додгоҳ шуд ва мурофиаи додгоҳӣ низ оғоз шудааст. Аммо ӯ гуфт, то фарҷоми мурофияи додгоҳӣ, дигар чизе гуфта наметавонад.
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи 7 сокини Кӯлоб дар ҳоле ба додгоҳ рафт, ки рӯзи 2 август масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “танҳо дар шашмоҳаи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб 26 мавриди дуздии чорвои калони шохдор ошкор шудааст."
Ҳатто ин масъулон номи 7 тан аз афроди гумонбар дар говдуздиро эълон карданд, ки Файзулло Ҷалилов, Наврӯз Хоҷамқулов, Исфандиёр Миров, Иброҳим Нуралиев, Холмурод Ойаҳмадов, Ҷӯрабек Хоҷамқулов ва Абдусаттор Юсупов мебошанд.
Яке аз гумонбарон дар дуздии чорвои сокинон, то замони боздошташ дар бозори "Саховат"-и шаҳри Кӯлоб ба қассобӣ ва фурӯши гӯшти гов машғул будааст.
Ба гуфтаи мақомоти пулис дар Кӯлоб, нисбати ин афрод тибқи моддаи 244 (дуздӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Ин афрод охирҳои моҳи майи соли ҷорӣ боздошт шуда буданд.
Абдуқодир Мирзозода, муовини сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин афрод бо ҳам хешу таборӣ дошта ва аз ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб чорвои сокинонро дуздидаанд.
Ба гуфтаи ҷаноби Мирзозода, тафтишот маълум кард, ки говдуздон шурӯъ аз моҳи январ ба ин амал даст задаанд: "Ин як гурӯҳ, чорвои мардумро аз Балҷувон, Ховалинг, Данғара дуздӣ карда овардаанд. Ҳатто яке аз онҳо дар бозори Кӯлоб ба савдои гӯшт машғул будааст ва ҳамин гумонбарон бо ҳам хешутаборӣ доранд."
Ҷӯрабек Хоҷамқулов, яке аз гумонбарон дар дуздии чорвои сокинон, то замони боздошташ дар бозори "Саховат"-и шаҳри Кӯлоб ба қассобӣ ва фурӯши гӯшти гов машғул буд. Қассобони бозори "Саховат" низ гуфтанд, ки ӯро аз моҳи май ба ин тараф дигар дар бозор надиданд.
Оғоз шудани мурофияи додгоҳии Файзулло Ҷалилов, Наврӯз Хоҷамқулов, Исфандиёр Миров, Иброҳим Нуралиев, Холмурод Ойаҳмадов, Ҷӯрабек Хоҷамқулов ва Абдусаттор Юсупов дар ҳолест, ки як масъули шуъбаи умури дохилаи ноҳияи Мӯъминобод панҷшанбеи 18 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо 15 август дар пайи дуздӣ шудани ду сар чорвои сокинони ҷамоати Шамсиддини Шоҳин, як сокини 23 солаи ин ноҳия, ки дар гузашта бо моддаи 244, яъне "дуздӣ ҳабс" шудааст, дастгир карда, нисбаташ парвандаи ҷионӣ боз кардаанд. Ин манбаъ афзуд, ки арзиши ду сар чорвои сокинони ҷамоати Шамсиддин Шоҳин 11 ҳазор сомониро ташкил медиҳад
Зимнан, даст ба дуздӣ задани иддае аз сокинони минтақаи Кӯлоб тайи як соли охир ва асосан баъди бӯҳрони молӣ ва ҳамин тавр пас аз баста шудани роҳи бисёре аз муҳоҷирон ба Русия бештар шудааст ва рӯзе нест, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз дуздии чорвои сокинон дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон хабар надиҳад. Ин аст, ки коршиносон низ даст ба дуздӣ задани сокинонро асосан дар бекорӣ, буҳронӣ молӣ ва ихроҷи аксари шаҳрвандони тоҷик аз Русия рабт медиҳанд.