CPJ аз мақомоти Қирғизистон хост, 11 хабарнигорро озод кунанд

Ин хабарнигорон рӯзи 26-уми сентябр бо қарори додгоҳ ба 6-солӣ зиндон маҳкум шуданд

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) дар Ню-Йорк аз мақомоти Қирғизистон талаб кард, ки парвандаи 11 журналист ва корманди собиқу ҳозираи тарҳҳои Temirov LIVE ва “Айт, Айт десе”-ро қатъ ва онҳоро озод кунанд.

Ин даъват дар ҳоле садо дод, ки ин хабарнигорон рӯзи 26-уми сентябр бо қарори додгоҳ ба 6-солӣ зиндон маҳкум шуданд.

Гулноза Саид, мудири барномаҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар CPJ гуфт, “маҳкум шудани ҳатто як журналист ба обрӯйи байнулмилалии Қирғизистон зарбаи сахт мезанад”.

Ӯ дар изҳороташ гуфтааст, ҳабси журналистон дар таърихи Қирғизистон “нуқтаи чархиши баде хоҳад буд”.

Хабарнигорони маҳкумшуда дар моҳи январи соли 2024 боздошт ва дар “даъват ба беназмӣ” муттаҳам шуданд. Худи онҳо ва тарафдоронашон мегӯянд, таҳқиқоти журналистӣ ва фошкориҳояшон аз қонуншиканиву фасод дар ҳукумат мояи асабонияти мақомоти баландпояи Қирғизистон гашт.