Чӣ шуд, чӣ нашуд? Тоҷикистон ва ҳамсоягонаш дар мубориза бо COVID-19

COVID-19 барои ҳамаи кишварҳо озмоиши бузурге шуд, ки тарафҳои қавӣ ва сусти онҳоро нишон дод. Ҳар давлат талошҳои худро кард. Аммо натиҷаҳо чӣ гунаанд? Радиои Озодӣ тасмим гирифт, ки ба вокуниши онҳо аз оғоз то ҳоло нигоҳе афканад.

ЭЪТИРОФИ расидани беморӣ ба Қазоқистон 13 март, дар Узбекистон 15 март ва дар Қирғизистон 18 март эълон шуд.Тоҷикистон вуҷуди вирусро дар кишвар 30 апрел, пеш аз сафари ҳайти махсус Созмони Ҷаҳонии Тандурусӣ (СҶТ) эътироф кард. Радои Озодӣ бори нахуст дар бораи “бар асари пневмония” даргузаштан ва бастану дар карантин қарор додани беморхонае дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ҳанӯз 5 апрел хабар дода буд, вале мақомот ин иттилоъро рад карданд. Туркманистон сарфи назар аз иттилооти марбут ба мурдани одамон бар асари илтиҳоби шуш то кунун вуҷуди COVID-19-ро эътироф накардааст.

ТАДБИРҲО. Аз 16 март дар Қазоқистон Ҳолати фавқулода ҷорӣ шуд. Баъд аз ду моҳ мақомоти ин кишвар ба сабук кардани карантин оғоз карданд, корхонаҳо, мағоза ва марказҳои дилхушии гуногунро боз карданд. Вале ин ба зиёд шудани шумораи гирифторон сабаб шуд, ҳукумат карантинро аз 5 июл барои 14 рӯз идома дод. Дар Узбекистон аз 30 март равуои автомобилӣ дар Тошканд, Нукус ва марказҳои вилоятҳо, ҳамчунин миёни вилоятҳо ҷорӣ кард. Аз 1 апрел дар шаҳрҳои ёдшуда реҷаи гӯшашинӣ ҷорӣ шуд. 6 апрел дар Узбекистон он ҳатмӣ гашт ва 30 апрел Тошканд марҳила ба марҳила ба коҳиши маҳдудиятҳо сар кард.

Аз 8 май дар Тошканд ва як қатор минтақаҳои Узбекистон вобаста ба вазъият се шакли карантин ҷорӣ шуд – “сурх”, “зард” ё “сабз”. То миёнаҳои моҳи июн вазъи эпидемологӣ дар Узбекистон бад шудан гирифт ва 1 июл дубора маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд, ки то 1 август идома меёбанд.

Дар Қирғизистон аз 22 март вазъи фавқулода ва аз сеюми апрел дар бархе аз шаҳрҳо ҳолати фавқулода то 10-уми май идома кард. Вазъи фавқулода дар ин кишвар то кунун амал мекунад. Аз 1 июл дар Бишкек бар асари бадшавии вазъи эпидемологӣ дар кори нақлиёти ҷамъиятӣ, нуқтаҳои хуроки умумӣ ва муассисаҳои фароғатӣ маҳдудият ҷорӣ шуд.

Дар Тоҷикистон бо фарқ аз кишварҳои ҳамсоя дар сатҳи ҷумҳурӣ карантини умумӣ эълон нашуд. Вале сар аз 25 апрел мактабҳо ва боғчаҳои кӯдакон баста шуданд. Ҳамчунин баргузории ҳама гуна чорабиниҳои оммавӣ манъ шуд ва дар дар сатҳи шаҳру ноҳия ва вилоятҳо дар фаъолияти марказҳои дилхушӣ, ошхонаҳо, тарабхонаву сартарошхонаҳо, муассиҳаои варзишӣ ва дигар биноҳое, ки ба ҷамъшавии мардум сабаб мешуд, карантина ҷорӣ шуд. Аз 15 июн ба ин тараф мақомот тасмим гирифтанд, ки бозору мағозаҳои либос, меҳмонхонаву кошонаҳои ҳуснро ба манзури “тадриҷан мӯътадил шудани вазъи эпидемиологӣ дар кишвар " боз кунанд.

ПУШТИБОНӢ АЗ АҲОЛӢ дар ҳар кишвар мутобиқ ба имконоти иқтисодии он буд. Бунёди зиддибуҳронии муқовимат бо ҳамагирӣ дар Узбекистон бештар аз 1 миллиард долларро ташкил медод. Бунёд ба табибону соҳибкорон ҳимояти молиро пешниҳод кард, дастгирии иҷтимоии аҳолиро васеъ ва фаъолияти соҳаҳои иқтисодиро таъмин намуд. Тадбирҳои ҳукумат, ки то оғози октябри соли 2020 амал мекунанд, шомили як қатор сабукиҳои молиётӣ (андоз), манъ кардани ҷарима барои саривақт насупурдани андоз, тафтиши фаъолияти соҳибкорон ба истиснои ҳолатҳое, ки дар доираи парвандаи ҷиноӣ ва ғайра гузаронида мешаванд, мебошанд.

Бунёди зиддибуҳронии Қазоқистон дар доираи 10 млрд доллар ташкил карда шуд. Бастаи тадбирҳои фаврӣ шомили ҳавасмандгардониҳои молиётӣ, коҳиши тафтишҳои тоҷирон ва мусоидат кардан ба корёбии аҳолӣ мебошанд. Аз ҷумла афзоиши қарздиҳӣ то 1 трлн танга, озод кардани биноҳои бузурги тиҷоратӣ аз андоз барои моликияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои як сол ва ҳамчунин набастани ҷарима барои саривақт насупурдани андоз барои як семоҳа ҷорӣ карда шуд.

Барномаи зиддибуҳронии Қирғизистон дар охири моҳи март пешниҳод шуд, ки шомили таътилҳои молиётӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ ва иҷораи моликият буд. Ба ҷуз ин, муҳлати пешниҳоди ҳисобот ба вақти дигар ва мораторияи тафтиши тиҷорат ва пешниҳоди эъломияҳо дароз карда шуд. Ба Бонки миллӣ тавсия дода шуд, ки хидматрасонии фосилавии бонкҳои тиҷоратиро барои муштариён пеш барад, ба таври мунтазам нақдина бидиҳад ва дар самти тамдиди қарзҳо кор кунад.

Президент Эмомалӣ Раҳмон


Дар Тоҷикистон фармони ба инҳо монанди президент дертар, 5 июн ба имзо расид. Ин санад барои муассисҳаои бахши сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, корхонаҳои хуроки умумӣ, марказҳои варзишӣ ва осоишгоҳҳо аз 1-уми апрел то 1-уми сентябри соли ҷорӣ таътили молиётӣ (андозӣ) дод ва ин иншоотро аз пардохти фоизҳо барои саривақт насупурдани андозҳо озод намуд.

Аз 1 май то 1 август корхонаҳое, ки корашонро тамоман қатъ шудааст, агар дар биноҳои давлатӣ иҷоранишин бошанд аз супурдани кироя озод шуданд. Дар ин давра ҳамчунин соҳибкорони инфиродиеро, ки бо патент дар бозор ва марказҳои тиҷоратӣ кор мекунанд, аз ҷумла сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва дӯзандагиҳо аз андоз озод шуданд ва то 1 сентябр ҷарима бастани ширкатҳое, ки андози иҷтимоиро сари вақт насупурдаанд манъ гашт.

Муассисҳои тандурустӣ, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳое, ки одамонро ба таври ройгон ба карантин ё табобат фаро гирифтанд низ аз андоз озод шуданд. Ба чуз ин ин фармон иловапулиҳо ба кормандони тиббиеро, ки мустақиман ба ташхис ва табобати беморони коронавирус сару кор доранд, пешбинӣ намуд.

Бо вуҷуди ин ҳама, тақрибан дар ҳамаи кишварҳои минтақа намояндагони тиҷорат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тадбирҳои андешидашударо мавриди интиқод қарор доданд ва онҳоро дар давраи шадид шудани буҳрон нокофӣ хонданд.

ИМКОНИЯТҲОИ РАҚАМӢ. Ҳамагирии коронавируса ба ҷуз дигар бахшҳо, ҳамчунин сатҳи имконоти рақамии ҳар кишвари минтақаро бармалло кард. Ошкор гашт, ки бештар аз ҳама ба ин ҳолат ҳукумати электронии Қазоқистон омодатар бюудаакст. Он 80% ҳамаи хидматрасониҳои давлатиро дар реҷаи онлайн пешниҳод намуд. Таҳсили миёна ва олӣ ба таври фосилавӣ бо истифода аз интернет, шабакаҳои телевизиониву радиоӣ ҳатто дар деҳоти дурдаст ҷараён гирифт. Дар баробари ин расонаҳо баъзан вақт аз сарбории зиёд дар серверҳо ва таваққуфҳои техникӣ хабар доданд.

Дар Узбекистон ва Қирғизистон хидматрасониҳои ҳукумати электронӣ камтар дастрас шуданд, вале омӯзиши фосилавӣ барои хонандагон тавассути шабакаҳои телевизионӣ оғоз ёфт. Таҳсили донишҷӯён дар ҳарду кишвар дар шакли онлайн давом кард.

Дар Тоҷикистон ҳукумати электронӣ дар самти хидматрасонӣ ба шаҳрвандон камтарин пешрафтро дошт. Таҷрибаи таҳсили фосилавӣ дар ҷумҳурӣ истифода нашуд ва хонандагон барои муддати дарозе то 16 август ба таътил фиристода шуданд. Дарсҳои телевизионӣ камсамар унвон шуданд.

ОМОР. Дар ҳамаи кишварҳои минтақа муайян кардани омори дақиқ душвор боқӣ мемонад. Мунтақидон омори пешниҳодии мақомотро зери шубҳа мегузоранд. Аз 1 июл торнамои расмии қазоқии омори coronavirus2020.kz таҷрибаи истисноҳо аз шумораи сироятёфтагони “беаломат”-ро қатъ кард. То ин вақт онҳо ба ҳисоботи ҳаррӯзаи ҳукумат ворид намешуданд ва биноан ин омор “сохтакорӣ” унвон гирифт.

Қазоқистон ахиран ҳисоботи ҳаррӯзаро қатъ кард. Шеваи дафни фавтидагон аз коронавирус ҳам тағйир ёфт. Коршиносон мегӯянд, нашри омори маргумир масоҳати воқеии ҳамагириро нишон намедиҳад ва метавонад мардумро дучори нофаҳмиҳо кунад. Бар пояи омори расмӣ, дар ин кишвар бештар аз 44000 бемор кашф шуда, 188 нафар мурдаанд.

Дар Қирғизистон омори ҳаррӯза нашр мешавад. Вале мутахассисон мегӯянд, ки шумораи гирифторон метавонад бештар бошад, зеро дар кишвар тестгирии оммавӣ гузаронида намешавад ва ба ин кор фурсат ҳам вуҷуд надорад. Ба ҷуз ин ба гуфтаи вазири тандурустии Қирғизитон Собирҷон Абукаримов гирифторони бемории илтиҳоби шуш дар кишвар то кунун ҷудогона номнавис мешаванд. Ва аз март то июн аз ин беморӣ аллакай 54 нафар ҷон додааст. Дар маҷмуъ дар кишвар зиёда аз 6700 бемор ошкор шуда, 2655 кас шифо ёфта, 76 нафар фавтидаанд.

Дар Узбекистон, то ҳоло, бино ба маълумоти расмӣ, бештар аз 8 ҳазор мавриди сироят ошкор шуда, 26 кас мурдааст. Ба ҷуз ин 5600 нафар шифо ёфта, наздики 2800 бемор зери назаранд.

Дар Тоҷикистон, бино ба омори давлатӣ, бештар аз шаш ҳазор мавриди сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз инҳо 4690 кас сиҳат ёфтаанд ва 52 нафар даргузаштаанд. Омори алтернативие, ки гуруҳи фаъолон таҳия кардааст, 437 ҳолати шубҳаоварро нишон медиҳад. Ба Радиои Озодӣ муяссар шуд бештар аз 150 ҳолатро таъйид кунад.

ТЕСТ ВА ТАБОБАТ. Аз рӯйи нишондиҳандаҳои ташхисгузаронӣ дар миёни кишварҳои минтақа Қазоқистон дар ҷойи аввал аст. Аз оғози пайдоиши вирус то ҳозир иқтидори тестгузаронӣ дар як шабонарӯз аз 5 000 ба 30 000 адад расидааст. Дар ин кишвар ба ошкор кардани мавридҳои сироятёбӣ 50 озмоишгоҳи давлатӣ ва хусусӣ машғуланд.

Озмоишгоҳи COVID-19 дар Хуҷанд


Мувофиқи алгоритми табобати Вазорати тандурустии Қазоқистон, ба беморони дараҷаи сабук тавсия дода мешавад: дар хона бимонанд, вазъи ҳаррӯзаи худро ёддошт ва ҳарораташонро назорат кунанд ва бо пизишки дармонгоҳашон дар тамос бошанд. Дар сурати ҳарорати бемор бештар аз 3-5 рӯз поин нашудан, шадид шудани сулфа, пайдо шудани душвории нафас ва дигар аломатҳо, он бояд бистарӣ карда шавад.

Дар Қирғизистон мувофиқти таҳлилҳои “Клооп” то 23 июн 184 ҳазор ташхис гузаронида шудааст. Ин маънии 29 ҳазор тест аз ҳар як миллион нафарро дорад. Ин ҳам дар ҳоле, ки шумораи тестшудаҳо аз оғози апрел ду баробар зиёд шудааст. Дар кишвар, то чанде пеш, иҷоза барои гузаронидани тести COVID-19-ро танҳо як озмоишгоҳ дошт. Аз аввали апрел боз ду озмоишгоҳи дигар ин гуна иҷозаро ба даст оварданд.

Аз 21 июн Вазорати тандурустии Қирғизистон алгоритми табобатро тағйир дод ва ба беморони бидуни аломат иҷоза дод, ки дар хона табобат гиранд. Ҳамчунин қоидаи вижае барои онҳое, ки бо сироятёфта дар як бинои истиқоматӣ ба сар мебаранд, ҷорӣ шуд.

Дар Узбекистон аз ибтидо озмоиши оммавиро рад карданд. Бо вуҷуди ин аз замони пайдоиши вирус то кунун дар ин кишвар бештар аз як миллион тест гузаронида шудааст. Маркази фанновариҳои пешрафтаи Узбекистон дар Осиёи Марказӣ нахустин шуда истеҳсоли системаҳои тестии COVID-19-ро сар кард.

Ҳанӯз дар моҳи март ҳукумати Узбекистон гуфт, ки дар ҳамаи минтақаҳои кишвар озмоишгоҳҳои ташхиси коронавирусро дорад. Сар аз 5 июл дар Узбекистон беморони ба истилоҳ “беаломат” метавонанд дар шароити хона ҳам табоат шаванд.

Дар Тоҷикистон то моҳи май танҳо як озмоишгоҳ имкони таҳлили тестҳо барои бемории COVID-19-ро дошту халос. Ҳадди ниҳоии гузаронидани тест дар ин озмоишгоҳ 230-250 дона дар як шабонарӯз буд. Аз моҳи май ба ин сӯ, озмоишгоҳоои вирусшиносӣ дар Хуҷанду Бохтару Кӯлоб ҳам боз шуда, шумораи тестҳо ба 1000 адад расид. Вале ҳанӯз ҳамбахше аз пизишкони беморхонаҳои вилоятӣ мегӯянд, ки онҳо ҷиҳози тестӣ надоранд ва онҳоеро, ки бо нишонаҳои коронавирус мемиранд, “пневмония” ҳуҷҷатгузорӣ мекунанд.

Бар асоси тавсияҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон агар беморӣ сабук бошад, табобат ва гӯшашинӣ дар хона тавсия дода мешавад. Режими хоб ва истироҳат. Агар дараҷаи беморӣ миёнаи вазнин ҳам бошаду бемориҳои вазнини дигар набошанд, ҳамчунин мешавад табобатро дар шароити хона гузаронд, аммо таҳти назорати пизишки табобаткунанда.

Дар сурати дараҷаи вазинин беморӣ табобат ба таври истисно дар шароити беморхона муштаракан бо мутахассиси бемориҳои сироятӣ ва эҳёгар (реаниматолог) гузаронида мешавад.

Дар сурати шиддат гирифтани нафастангӣ, ҳангоми асаргузор нашудани табобати анҷомшуда ва поин омадани сатҳи оксиген беморро ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст мекунанд.

ИСТЕЪФО ВА БАРКАНОРИҲО зоҳиран пайомади танқидҳои сахти амалкарди ҳукуматҳо дар баробари буҳрон буд. Дар Қазоқистон дер ҷорӣ кардани карантин, набудани василаи муҳофизатии инфиродии пизишкон, имконоти нобаробар барои дарёфт иёрдампулиҳои иҷтимоӣ ва ҳамчунин нақзи ҳуқуқи башар дар давраи карантин ба авҷ расид. Дар авҷи буҳрон, 25 июн Елжан Биртанов аз мақоми вазири тандурустии Қазоқистон барканор шуд. Ба ҷойи ӯ Алексей Сойи 43-сола таъин шуд.

Ҷомеа ва порлумон дар Қирғизистон ҳам даъвоҳои зиёде нисбати ҳукумат доштанд. Ҳукумати иҷроияро барои кундӣ зоҳир кардани дар тадбирҳои пешгирифта, барои омодагии бад ба ҳамагирӣ, норасоиҳо дар низоми тандурустӣ, таъминоти нокофии кормандони тиб ва фишор болои онҳо аз сӯйи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танқид карданд.

31 март, дар ҷамъбасти ҷаласаи Шӯрои амният вазири тандурустӣ Космосбек Чолпанбоев ва муовин-масъули бахши иҷтимоии сарвазир Алтиной Омурбекова аз мақомҳои худ барканор шуданд.

Мавҷи нави беморӣ дар поёни июн дар ин кишвар танқидҳоро эҳё кард. Як қатор сиёсатмадорон ва фаъолони маданӣ гуфтанд, “ёриҳо ва қарзҳои байнулмилалӣ босамар истифода намешаванд” ва низоми тандурустӣ наздик ба фурупошист.

Дар Тоҷикистон ҷомеаи маданӣ ҳукуматро дар пинҳон кардани иттилоъ дар мавриди вуҷуди вирус ва омори маргумир, ҳамчунин барои надоштани барномаи дақиқи зиддибуҳронӣ танқид карданд. Ҳамчунин азхудкунии ёриҳои башардӯстона ва шеваи тақсими онҳо сахт танқид мешавад.

Дар ин пасманзар, 5 май Эмомалӣ Раҳмон вазири тандурустӣ Насим Олимзодаро аз мақомаш барканор кард. Вале ба сифати далели барканорӣ дар фармон “бо сабаби гузаштан ба кори дигар” таъкид шуд. Ба ҷойи ӯ Ҷамолиддин Абдуллозода вазири нав таъйин гашт.

Худи Эмомалӣ Раҳмон дар мазҳари ом танҳо 20 май зоҳир шуд ва 11 тадбирро барои аз миён бурдани норасоиҳо ва пешгирии паҳншавии вирус дар кишвар ном бурд. Ҳарчанд дар бораи вуҷуди вирус расман 30 апрел изҳорот садо дода буд.

4 июл, сарфи назар аз муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, раисҷумҳур тағйири қонунро, ки барои нақзи реҷаи ниқобпӯшӣ ва паҳн намудани иттилои носаҳеҳ ҷарима пешбинӣ мекунад, мувофиқ шумурд.

Дар ҳоли ҳозир дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон бо мавҷи нави беморӣ рӯбарӯ шуда, маҳдудиятҳоро сахттар мекунанд. Дар Тоҷикистон омори давлатӣ афзоиши дубораи бемориро нишон намедиҳад. Ба Туркманистон баъди мухолифатҳои дуру дароз ҳайати вижаи СҶТ меояд, ки ба вазъи эпидемологӣ дар ин кишвар баҳо хоҳад дод.