Додгоҳи ноҳияи Сангвор (Тавилдараи собиқ) Зӯҳро Ҷӯрабекова, сокини 63-солаи ин ноҳияро дар худкушии келинаш Фаризаи Хӯҷаназар гунаҳкор донист ва 5 солу 6 моҳ зиндонӣ кард. Ин баландтарин ҳукм нисбат ба як хушдоман дар Тоҷикистон аст, ки дар худкушии келинаш гунаҳкор дониста мешавад.
Фаризаи Хӯҷаназар, келини 21-солаи ӯ, моҳи феврали имсол худкушӣ кардааст.
Ин занро дар ҳақиқат бахшидам, вале дидам, ки қонун набахшид
Ҳукми додгоҳи ноҳияи Сангвор рӯзи 29-уми июн дар майдони боз ва дар ҳузури даҳҳо зану марди ин ноҳия эълон шуд. Сабаби ин мурофиаро масъулони додгоҳ ибрат барои дигарон унвон карданд, то нисбат ба келинҳояшон рафтори нодуруст накунанд.
Дар додгоҳ гуфтанд, ҳукм даҳ рӯз пас қувваи қонунӣ мегирад ва ҷонибҳо ҳақ доранд, аз он ба зинаҳои баланди додгоҳӣ шикоят баранд.
Ҷӯрабекова баъди эълони ҳукм аз ҳуш рафт
Зӯҳро Ҷӯрабекова, ки то кунун дар озодӣ қарор дошт, пас аз эълони ҳукм ба ҳабс гирифта шуд. Иштирокдорони мурофиаи додгоҳ рӯзи 29-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ғайриинтизор Зӯҳро Ҷӯрабекова дар сухани охиринаш гуфт, дар марги келинаш худашро гунаҳкор медонад ва омодааст, зиндонӣ шавад. Аммо вақте ҳукми ӯро хонданд, аз ҳуш рафт.
Аз ин пеш, Хӯҷаназар Алиев, падари Фариза, қудояш Зӯҳро Ҷӯрабековро бахшида буд ва гуфт, нисбат ба ӯ ҳеҷ даъво надорад. Масъулони додгоҳ гуфтанд, бахшидани Хӯҷаназар Алиев ба тасмими онҳо таъсир намерасонад.
Писар: Дар насиб будааст
Ҳикматулло Ҷӯрабеков, писари Зӯҳро Ҷурабекова ва шавҳари Фаризаи Хӯҷаназар, рӯзи 29-уми июн пас аз эълони ҳукми додгоҳ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, модараш ягона нафаре буд, ки писари яксолаи ӯро нигоҳубин мекард ва ҳоло бо зиндонӣ шуданаш касе нест, кӯдакро парасторӣ намояд. Ӯ гуфт, ҳанӯз тасмими шикоят аз рӯи ҳукмро нагирифтаанд.
“Дар бораи одилона ё ноодилона будани ҳукм чизе гуфта наметавонам. Дар насиб ҳамин будааст, чӣ кор кунем. Маслиҳат мекунем ва баъд ба хулосае меоем, ки шикоят кунем, ё не”, - гуфт ӯ.
Бори охир хушдоман барои онки шавҳараш даромаде ба хона намеорад, Фаризаро таънаву таҳқир кардааст.
Хӯҷаназар Алиев, падари Фариза, рӯзи 29-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми додгоҳ барояш ғайриинтизор буд. “Бовар намекардам, ки ин қадар ҳукми тӯлонӣ мегирад. Вақте парванда ба суд рафт ва бо Салимзода, раиси суд суҳбат кардам, фаҳмидам, ин одам бисёр боадолат аст. Гуфтам, ин одам ҳар хулосае барорад, қабул мекунам ва ҳеч даъво надорам. Ин занро дар ҳақиқат бахшидам, вале дидам, ки қонун ӯро набахшид”, - гуфт ӯ.
"Ба худкушӣ расондан"
Духтари ин мард пас аз худкушӣ бидуни ташхис ба хок супурда шуд, вале пас аз 5 рӯзи марг, бо даъвои падар ҷасадро аз қабр берун карданд. Пас аз ташхис нисбат ба хушдоманаш бар асоси моддаи 109, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “ба худкушӣ расонидан” парванда боз карданд.
Хӯҷаназар Алиев, ки барои додхоҳӣ ба тамоми мақомоти Тоҷикистон шикоят карда буд, ҳоло мегӯяд, дубора дилаш ба адолати додгоҳӣ гарм шудааст ва “додгоҳи Сангвор боадолаттарин додгоҳ аст”.
Ҳукми тӯлонии ин зан дар ҳолест, ки масъулони Кумитаи занон ва созмонҳои ҷамъиятӣ мегӯянд, солҳои охир шикояти келинҳо аз хушдоманҳо бештар шудааст. Танҳо дар зарфи нуҳ моҳи соли гузашта беш аз 300 арӯс аз бадмуомилагиву хушунати равонии хушдоманҳояшон ба созмонҳои иҷтимоии вилояти Хатлон шикоят кардаанд. Дар шикоятҳои арӯсҳо, аз ҷумла гуфта шудааст, ки дар пайи бадмуомилагии хушдоманҳо, мавриди латту кӯби шавҳарони худ қарор мегиранд.
Ҷамила Комилова, як омӯзгори собиқадор мегӯяд, мушкил дар он аст, ки бештари хушдоманҳо келинро чун фарзанди хонадон қабул намекунанд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, келинҳо низ бо хушдоманҳо тарзе рафтор мекунанд, ки дар фарҳанги мардуми тоҷик “беэҳтиромӣ” унвон мешавад.
“Бархе шароит надорад ва бархе келинро ҳамчун хидматгор мехоҳад дар хона нигоҳ дорад. Агар фарзандонро пас аз 25 ё 30-солагӣ хонадор кунему иҷоза диҳем, ки ҷудо зиндагӣ кунанд, ин гуна мушкил ба вуҷуд намеояд. Вақте хушдоман ҳамчун хидматгор ба келин нигоҳ мекунад, ҳатман миёнашон нофаҳмӣ сар мезанад. Духтарон ҳам ҷавон ба шавҳар мебароянд, муносибат ва ё ба гуфтаи мардуми мо “дилёбӣ”-ро намедонанд, зуд ба ҳамин мушкил дучор мешаванд”, - гуфт ӯ.
Таҳқири келин барои онки шавҳараш даромад надорад?
Фаризаи Хӯҷаназар, сокини деҳаи Лайрони ноҳияи Сангвор, ду сол пеш бо Ҳикматулло Ҷӯрабеков, сокини деҳаи Миёнадуи ин ноҳия издивоҷ кардааст. Аз ӯ писари яксола нишона мондааст. Пайвандони ин зан мегӯянд, ӯ дар хонаи шавҳараш зери хушунати хушдоман ва бародари ҳамсараш қарор дошт.
Бори охир хушдоман барои онки шавҳараш даромаде ба хона намеорад, Фаризаро таънаву таҳқир кардааст.
Дар Тоҷикистон соли гузашта садҳо зан худкушӣ ва ё қасди худкушӣ кардаанд ва ҳомиёни ҳуқуқи зан ва мақомот ҳам мегӯянд, зӯроварӣ дар хонавода яке аз сабабҳои аслии қасди ҷони худ кардани духтарон аст.