Наргис Музафарова, раиси фурӯшгоҳи “Элита” дар маркази шаҳри Душанбе, аз болои ҳафтаномаи “Нигоҳ” ба додгоҳ шикоят бурда, 32 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ хостааст. Хонуми Музафароваиддао дорад, “Нигоҳ” бо нашри мақолае таҳти унвони “Музафарова кист ва чаро силсилаавбошиҳои ӯ беҷавоб мемонанд?” ӯро таҳқир кардааст.
Ҳоло баррасии ин қазияро Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бар ӯҳда дорад ва котиботаш ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 6 феврал нахустин маҷлиси пешакӣ бо ҳузури ҷабрдида ва намояндагони нашрияи “Нигоҳ” сурат гирифта буд. Ба қавли мусоҳиби мо дар Додгоҳи Исмоили Сомонӣ, рӯзи 11 феврал низ мулоқоти ду тараф бояд баргузор мешуд, аммо бино ба кори дигар гузаштани додраси қазияи мазкур -- Шерзод Низомов ин ҷаласа ба таъхир уфтодааст.
Наргис Музафарова, соҳибкори инфиродӣ ва раиси фурӯшгоҳи “Элита”, дар шикояти худ ба додгоҳ мегӯяд, ба навиштаи “Нигоҳ” гӯиё вай дар содир кардани даҳҳо амали ҷиноӣ муттаҳам мешавад. Дар ҳоле ки ба эътирофи худи ӯ, фақат як бор бар асоси моддаи 237 қисми 1 (авбошӣ дар ҷои ҷамъиятӣ) айбдор шуда, баъдан бо қарори Додгоҳи Исмоили Сомонӣ нисбаташ қонуни афв амалӣ шудааст.
Ӯ зикр мекунад, дар мақолаи “Нигоҳ” аксаш низ “ба тавре хира чоп шудааст, ки шинохтанаш номумкин аст” ва насабаш бо иштибоҳ, яъне ба ҷои “Музафарова” “Музаффарова” чоп шудааст.
Аммо Фаридуни Раҳнавард, масъули ҳафтаномаи “Нигоҳ” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақолаи “Музафарова кист ва чаро силсилаавбошиҳои ӯ беҷавоб мемонанд?” ба таври ҳирфаӣ таҳия шудааст. Ин матлаб ҳанӯз моҳи нобяри соли 2014 ба табъ расида буд ба қавли Раҳнавард, мусоҳибони онҳо омода ҳастанд, дар додгоҳ низ тамоми ҳарфҳояшон нисбат ба Наргис Музафарова баён кунанд. “Ҳайати эҷодии “Нигоҳ” ҳамаи факту далелҳоро дар даст доранд ва дар баҳси додгоҳӣ аз обруи нашрияи худ ҳимоят хоҳанд кард”,-афзуд ӯ.
Номи Наргис Музафарова бори аввал тариқи барномаи хабарии Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон соли гузашта расонаӣ шуд. Он вақт мақомоти умури дохилӣ аз боздошти БМВ Х6-и ӯ хабар дода, Музафароваро “барои яклухт сиёҳ кардани оинаи пеши мошинааш” айбдор карданд. Онҳо гуфтанд, ҳарчанд Музафарова аз ин пештар ҳам аз сӯи кормадони пулис огоҳӣ гирифта буд, аммо ҳамаи онро сарфи назар кардааст.