"Мафияи заминфурӯшӣ" муҷозот шуд. Пули сокинонро кӣ медиҳад?

Додгоҳи Хуҷанд як мансабдори идораи замини ҳукумати ин шаҳр ва як миёнаравро барои “обу лой” кардани ним миллион доллари сокинон айбдор дониста, аввалиро ҷарима ва дувумиро ба 12,5 соли зиндон маҳкум намудааст.

Додгоҳи Хуҷанд як мансабдори идораи замини ҳукумати ин шаҳр ва як миёнаравро барои “обу лой” кардани ним миллион доллари сокинон айбдор дониста, аввалиро ҷарима ва дувумиро ба 12,5 соли зиндон маҳкум намудааст.

Масъулони додгоҳи Хуҷанд мегӯянд, сокинон ин миқдор пулро барои гирифтани замин ба Хуршед Умматқулов, як масъули идораи замини Хуҷанд ва миёнарав Муин Мансуров дода, аммо дар иваз чизе нагирифтаанд. Ҳоло тақдири пули сокинон чӣ хоҳад шуд ва оё ин миқдор маблағро кӣ бармегардонад?

Ҳукми Хуршед Умматқулов ва Муин Мансуров рӯзи 29-уми августи имсол эълон шуда, ин ду нафар ба “қаллобӣ”, “тақаллуби санадҳо” ва “заминфурӯшӣ” айбдор дониста шудаанд. Неъматулло Мирзомуродов, ёвари додраси додгоҳи Хуҷанд, рӯзи 31-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, Хуршед Умматқулов ҳарчанд бо пардохти 200 ҳазор сомонӣ аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда шуд, вале бо назардошти ин ки вай дар як парвандаи дигари “заминфурушӣ” муттаҳам аст, раҳо нашуд.

Оғози қазия дар инҷост:

Мафияи заминфурӯшӣ ба даст афтод

Талаби 16 соли зиндон барои "мафияи заминфурӯшӣ"

Дар Хуҷанд заминфурӯшҳоро "афв" карданд

Додгоҳи Хуҷанд дар миёнаҳои моҳи июни соли равон ба муҳокимаи парвандаи ин ду нафар шурӯъ карда буд. Ин ду нафар аз 24 сокини Хуҷанд дар ивази фурӯши қитъаҳои замин маблағ гирифта ва ба онҳо заминро надодаанд ва ҳудуди ним миллион долларро ба анфъи худ истифода кардаанд.

Ҳодисаи заминфурӯшӣ замоне ошкор шуд, ки Муин Мансуров, миёнарави баёни кормандони идораи замини Хуҷанд ва корафтодаҳо, рӯзи 29-уми январи соли ҷорӣ ҳини гирифтани 2 ҳазор доллар аз яке аз корафтодаҳо аз тарафи Раёсати корҳои дохилии вилоят дар пушти бинои СИЗО-и шаҳри Хуҷанд боздошт шуд.

Тавре ҷабрдидаҳо мегӯянд, дар вақти тафтишот онҳоро бо чанд нафар аз масъулони идораи замини шаҳри Хуҷанд рӯ ба рӯ карданд, ки он замон бо санадҳои дар компютер копишуда онҳоро фиреб дода, аз 7 то 14 ҳазор доллари онҳоро гирифтанд ва ба онҳо қитъаи замин надоданд.

Аммо пас аз эълони ҳукми додгоҳ нисбат ба Хуршед Умматқулов ва Муин Мансуров, ҷабрдидаҳо мегӯянд, онҳо аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд, зеро мансабдорони аслие, ки онҳоро фиреб дода ва аз пулу замин маҳрум карданд, дар озодӣ мебошанд. Фурқат Камолов, яке аз ҷабрдидаҳо мегӯяд, чаҳор нафар -- Сӯҳроб Мирзоев, масъули шӯъбаи сертификатсозии идораи замини шаҳр, Ҳаким Исмоилов ва чанд нафари дигар ба ҷавобгарӣ кашида нашуданд ва то ҳол додгоҳ маблағи онҳоро барнагардондааст.

Додгоҳи Хуҷанд

Ҷабрдидаҳо иддао доранд, ки дар асл Халил Ёрматов, раиси идораи замини шаҳри Хуҷанд ва Сӯҳроб Мирзоев, масъули бахши сертификатсозии ин ниҳод низ бояд дар баробари додгоҳ ҷавоб медоданд. Фурқат Камолов иддао дорад, ки ин ду нафар бо ваъдаи ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз 33 нафар ба миқдори 460 ҳазор доллар гирифта, вале ваъдаи худро иҷро накардаанд.

Дар Тоҷикистони камзамин баҳси дастрасӣ ба қитъаҳои замин солҳои охир доғ мешавад ва бештари баҳсҳои додгоҳӣ ҳам маҳз марбут ба ҳамин масъала аст. Шумори ин парвандаҳо ба садҳо адад мерасад.

Мақомоти тафтишотӣ дар бораи ошкор ва боздошт шудани афроди дахил дар қазияҳои заминфурӯшӣ пайваста гузориш медиҳанд, вале бархе аз сокинон мегӯянд, ки дар ин муомилаҳо на танҳо нақши даъвогарони замин, балки афроди масъул ҳам муҳим аст.