Пахтачинии бачаҳо дар Ӯзбакистонро “бозӣ” карданд

Онҳое, ки “таъм”-и пахтачинии маҷбурӣ дар Ӯзбакистонро начашидаанд, ҳоло метавонанд дар як бозии компютерӣ бифаҳманд, кӯдаке, ки ӯро маҷбур ба пахтачинӣ мефиристанд, чӣ эҳсос мекунад.
Натиҷаи ин бозӣ ҳам хастагӣ ва ноумедӣ аст. Бозии “My Cotton Picking Life”-ро аз Интернет дар комютери худ насб ва каме бозӣ кунед. Дар чанд дақиқаи марҳилаи аввали бозӣ хоҳед гуфт, ки “Бубинед, ман пахта мечинам ва агар бо ҳамин суръат идома диҳам, зуд корамро тамом мекунам.”

Аммо баъди чанд дақиқа бозии дигар, хоҳед гуфт, ки “Вой ин як кори хастакунанда аст ва ман бояд чӣ қадар пахтаи дигар бичинам?” Ва агар хаста нашаведу бозиро идома диҳед, дар ниҳоят фарҳёд мекашед, ки “Ман бояд 50 кило пахта чинам, ки бозӣ тамом шавад, охир барои ин як рӯзи дароз лозим аст?”

Агар воқеан аз ин бозӣ хаставу ноумед шудед, пас офарандагони бозӣ ба ҳадафи хеш расидаанд, зеро хостаанд, ки маҳз ҳамин эҳсосро дошта бошед. Томас Роулинг аз ширкати бритониёнии “GameTheNews “ ва офарандаи ин бозӣ шарҳ медиҳад, ки чаро ин бозӣ шуморо хаста мекунад:

“Барои ҷамъ овардани миқдори муаяйншудаи пахта ба шумо 8 соат лозим мешавад, ки воқеъият дар майдони пахта дар Ӯзбакистон аст. Бозӣ ба ҳамон воқеъият мувофиқ карда шудааст. Онҳо бояд дар бозӣ ҳамон миқдор пахта бичинанд ва ҳаракатҳо барои бозӣ ҳам ба ҳамон андоза аст.”

Ба гуфтаи Томас Роулинг, бозиро албатта барои бозӣ кардан офаридаанд, аммо паёме ҳам дар он доранд. Яъне шумо ҳар вақт хостед, бозиро бас мекунед, аммо кӯдакони пахтачин дар Ӯзбакистон не. Вақте бачаҳоро ҳар тирамоҳ барои пахтачинӣ дар Узбакистон як моҳ ҷавоб медиҳанд, эҳсоси аввалияи онҳо шояд, таътил ва дамгирӣ аз дарс бошад. Вале баъдан ҳар рӯз ба пахтазор рафтану 10 соат хаму рост шуда, зери ҳавои тафсон пахта чидан дар канори калонсолон кори хастакунандае аст, ки кудакро аз ҳамон таътил ҳам безор мекунад.

Ба гуфтаи созмони Cotton Campaign, ки дар Бритониё қароргоҳ дорад, дар Ӯзбакистон ба бачаҳо таҳдид мекунанд, ки агар ба пахтачинӣ нараванд, аз мактаб ронда мешавад ва ё ҳатто баъзан онҳоро мезанад. Ба гуфтаи ин созмон, мумкин аст, волидонеро, ки аз фиристодани бачаҳои аз 10-сола боло ба пахтачинӣ саркашӣ мекунанд аз имтиёзҳои иҷтимоии давлатӣ маҳрум намоянд. Ҳар сол барои се моҳ сафарбар кардани бачаҳо ба пахтачинӣ дар Ӯзбакистон сабаб шудааст, ки бозии My Cotton Picking Life-ро бисозанд.

Ба гуфтаи Томас Роулинг ӯ интизор надорад, ки бозии мазкур мисли худи пахтачинӣ “маҳбуб” мешавад. Аммо ба эътиқоди ӯ, бозор барои бозиҳое, ки дар заминаи хабаре сохта шудаанд вуҷуд дорад ва дигаронро аз зиндагии воқеъии мардуми дигар огаҳ мекунад: «Дар воқеъ офаридани бозии дилгиркунанда, кори бисёр ғайримаъмулӣ аст. Маъмулан шумо вақте бозие месозед, саъй мекунед, ки бисёр ҷолибу хушҳолкунанда бошад. Вале инҷо чун масъалаи ҷиддӣ аст, мо хостем, ки бо истифода аз бозӣ онро нишон диҳем.”

Ба гуфтаи ҷаноби Роулинг, ширкати онҳо GameTheNews чунин бозиҳое дар гузашта сохтааст, аз ҷумла дар бораи ҷанг дар Сурия, ки хуш пазируфта шудааст ва онро ба ҳайси абзори аёнӣ дар дарсҳо истифода кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, мумкин аст, My Cotton Picking Life низ ҳамингуна муввафақ шавад, зеро ба воқеъият бисёр наздик аст.

http://gamethenews.net/wp-content/games/cottonpicker/index.html