Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз сарнавишти пахтачинҳои кӯдак


Фишори байналмилалӣ болои Ӯзбакистон дар масъалаи истифодаи нирӯи кӯдакон дар маъракаи пахтачинӣ ба авҷи аълояш расидааст.

Гулноза Сайидазимова, утоқи марказии ахбор

Дар як номаи саркушодаи ҳудудан 100 фаъоли ҳуқуқи башар ва дигарандешони ӯзбакистонӣ, ки 40 нафарашон дар дохили кишвар ба сар мебаранд, истифодаи нирӯи кӯдакон дар саноати пахтаи Ӯзбакистон чун як "сиёсати махсуси давлатӣ" ба хотири ба даст овардани фоидаи зиёд арзёбӣ шудааст.

Анъанаи ҷалби кӯдакон ба пахтачинӣ ҳанӯз замони Шӯравӣ мавҷуд буд ва то ҳол ҳам Ӯзбакистон сеюмин кишвари бузургтарини содиркунандаи пахтаи хом дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Номаи ахире, ки аз ҷониби фаъолони ҳуқуқи башар иншо шудааст, дуюмин чунин муроҷиат ба ҷомеаи байналмилалӣ мебошад, ки мегӯяд, солҳои охир меҳнати иҷбории кӯдакон дар кишоварзӣ ҳар чи бештар доман паҳн карда ҳазорҳо ҳазор хурдсолонро водор мекунад, дар шароити сангин кор кунанд.

Нигарониҳо аз меҳнати иҷбории кӯдакон дар маъракаи чиниши пахта баъди он шиддат гирифт, ки дар яке аз филмҳои мустанади ширкати телевизионии ББС октябри соли гузашта ранҷу азобҳои кӯдакони мактабхони Ӯзбакистон дар майдонҳо ба намоиш гузошта шуд. Дар миёни пахтачинҳои хурдсол ҳатто атфоли нӯҳсоларо дидан мумкин буд, ки дар шароити сангин тамоми рӯз кор мекарданд. Ин кӯдакон қисса мекарданд, ки даромади онҳо аз ҳар кило пахта ду пеннӣ, яъне 40 дар сад камтар аз нишондодест, ки мақомоти Тошканд мегӯянд. Дар пайи намоиши ин филм чандин ширкатҳои бонуфузи тавлидкунандаи либос, мисли Tesco-и бритониёӣ, ширкати шведии H&M, Marimekko-и финландӣ, Krenholm-и эстонӣ гуфтанд, ки аз харидории пахтаи Ӯзбакистон ба хотири истифодаи нирӯи кӯдак дар чиниши он даст мекашанд. Ширкати бритониёии Marks & Spencers низ эълон кард, ки дигар пахтаи Ӯзбакистонро харидорӣ нахоҳад кард, ва дар фурӯшгоҳҳояш моле, ки аз пахтаи Ӯзбакистон тавлид шудааст, ба фурӯш гузошта намешавад.

Ташаббускорони ин маърака умедворанд, ки ҳамакнун таҳрими мазкур дар саросари Аврупо доман паҳн мекунад ва ин саноати бисёрмиллиарддолларии Ӯзбакистонро бо ин роҳ муҷозот хоҳад кард.

Аммо тавре маълум мешавад, на ҳама ҷонибҳои вориди ин бизнес, ҳатто дар Ғарб аз бойкоти фаъолони ҳуқуқи башар пуштибонӣ мекунанд. Кумитаи байналмилалии машваратҳо дар умури пахта, воқеъ дар Амрико, ки дар тиҷорати ҷаҳонии тиллои сафед тахассус ёфтааст, ҳанӯз аз нашри номаи аввал дар ин замина нохушнуд буд ва гуфт, ки иттиҳомоти мазкур муҳоботе беш нест. Ин созмон мегӯяд, ки бо баъзе бахшҳои иттиҳомоти созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар, мисли ин ки кӯдакон дар майдонҳои олуда бо нуриҳои минераливу пеститсид нафас кашида барои заҳамоти худ пули нокофӣ мегиранд, розӣ шуда наметонад ва бояд таҳқиқоти худро дар ин замина ба роҳ монад. Аммо Надежда Атоева, ки замоне дар Ӯзбакистон омӯзгори мактаб буда, барои мухолифаташ дар ирсоли кӯдакони мариз ба пахтачинӣ аз кор озод шудааст, мегӯяд, дар баъзе ҳолатҳо ширкату созмонҳои хориҷии вориди бизнеси пахта бо Ӯзбакистон аз ҷониби мақомоти Тошканд фирефта мешаванд ва воқеияти ҳолро намедонанд.

Хонум Атоева раиси Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ аст, ки дар Париж фаъолият мекунад. Ӯ мегӯяд, ки нигаронии аслии созмони онҳо ин аст, ки кӯдакони пахтачини Ӯзбакистон аз ҷараёни оддии таҳсил дур монда сиҳҳатии худро аз даст медиҳанд. Дар ҳоле, ки фоидаи аслӣ аз фурӯши пахта дар Ӯзбакистон ба ҳисобҳои бонкии хонаводаи президент Каримов ва гурӯҳҳои наздик ба он меравад, мегӯяд вай.

XS
SM
MD
LG