Бонки Ҷаҳонӣ бо анҷоми пажӯҳиши тозаи худ дар робита ба вазъи маорифи Тоҷикистон эълон кард, ки “ҳаҷм”-и ришва дар мактабҳои олии ин кишвар аз 100 то 15 ҳазор доллари амрикоӣ будааст.
“Ришвахорӣ дар арсаи маорифи густариш ёфта, эътибори маълумоти олиро дар ҷомеаи Тоҷикистон коҳиш додааст”. Ин натиҷаҳои пажӯҳиши тозаи Бонки ҷаҳонӣ дар робита ба таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон аст, ки рӯзи ҷумъаи 13−уми феврал дар торнамои расмии ин ниҳоди молӣ ба нашр расид.
Ба таъкиди пажӯҳишгарони Бонки Ҷаҳонӣ, ришвахорӣ тамоми сатҳи таҳсилот дар Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад ва басифати таълим дар Тоҷикистон таъсир гузоштааст. Аммо масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бозёфтҳои пажӯҳишагаронро моли солҳои гузашта медонанд ва мегӯянд, оғози фаъолияти Маркази миллии тестӣ ва усули ягонаи қабул ба мактабҳои олӣ мизони ришвахориро дар соҳаи маориф коҳиш додааст.
Гузориши Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳоле пахш шудааст, ки Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон бо ошкор кардани 101 мавриди ришвахорӣ ин маорифро аз фасозадатарин идораҳои давлатӣ дар соли 2014 унвон карда буд.
Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон, рӯзи 26 январи соли ҷорӣ дар нишасти матбуотиаш гуфт, “агарчӣ дар соли 2014 довталабон аз тариқи Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳҳо дохил шуданд, боз ҳам буданд устодоне, ки бо роҳи фиреб ришва гирифтаанд”.
Дар гузориши 154-саҳифаии Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчунин омадааст, ҳарчанд дастрасии баробар ва ройгони таълимро Қонуни Асосии Тоҷикистон кафолат додааст, аммо ҳамагӣ 22 дарсади ҷавонон соҳиби маълумоти олӣ будаанд, ки камтарин нишондон дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна аст.
Пажӯҳишгарон мегӯянд, 60 дарсади донишҷӯён дар Тоҷикистон бо пули худ дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил мекунанд ва бинобар гарон будани нархи таҳсил дар мактабҳои олӣ қишри нодор ва ҳатто миёнҳоли аҳолӣ имкони гирифтани дипломи донишгоҳро надорад.
Аммо масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон поин рафтани мизони таҳсилоти олӣ дар кишварро ба рушди босуръбати аҳолӣ марбут мекунанд. Бозор Одинаев, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар кишвар ҳар сол шумори бештари ҷавонон макотиби ҳамагониро хатм мекунанд ва аз ин ҳисоб имкони фарогирӣ бо таҳсилоти олӣ маҳдудтар мешавад.
“Соли гузашта мактабҳои ҳамагониро дар Тоҷикистон 110 ҳазор нафар хатм кард. Имсол бошад 112 ҳазор нафар мактабро хатм мекунанд. Аммо мо танҳо 36 −37 ҳазор нафарро ба мактабҳои олӣ қабул карда метавонем. Солҳои қаблӣ низ ҳамин миқдор донишҷӯ қабул мекардем, вале аз сабабе, ки шумораи хатмкунандагон кам буданд фоизи фарогирӣ бо таҳсилоти олӣ зиёд буд,” – мегӯяд Бозор Одинаев
Бино бар хулосаи пажӯҳишгарони Бонки ҷаҳонӣ бахши умдаи ҷавонон барои шомил шудан ба мактабҳои олӣ ҳатто талош намекунанд ва баъди хатми мактаби ҳамагонӣ роҳи муҳоҷирати Русияро пеш мегиранд. Ба таъкиди муаллифони пажӯҳиш,аз се як ҷавони тоҷик, бидуни маълумот ва ё малакаи касбӣ ба муҳоҷирати корӣ мебарояд.
Пажӯҳишгарон ба ин нукта ҳам ишора мекунад, ки аксарияти муҳоҷирон сокинони рустоҳо ҳастанд, зеро сифати таълим дар макотиби деҳот дар муқоиса бо муассисаҳои таълимии шаҳрҳо ба маротиб пойинтар будааст. Муаллифон дар пайи пурсиши 2 ҳазор хонавода ба ин натиҷа расидаанд, ки дар деҳот танҳо 19 дарсад ва дар шаҳрҳо 33 дарсад аз сифати таълим дар мактабҳо розӣ будаанд.
Мунира Иноятова, вазири пешини маорифи Тоҷикистон ва коршиноси арсаи таҳсил мегӯяд, дар солҳои нобасомонии 90‑ум маҳз бештар мактабҳои деҳот аз фирори муаллимон зиён диданд: “бисёр муаллимони таҷрибадор аз кор роафтанд ва ё фавтиданд. Онҳое, ки ҳоло донишгоҳҳои омӯзгориро хатм кардаанд, сатҳи донишашон бисёр паст аст. Онҳо аслан хоҳиши кор кардан бо бачаҳоро надоранд. Бар замми ин, ҳоло ҳамон устодоне, ки нафақахӯранд, намегузоранд дар мактабҳо дарс гӯянд,” - мегӯяд Мунира Иноятова, собиқ вазири маорифи Тоҷикистон.
Дар солҳои гузашта камбуди муаллимон дар мактабҳои Тоҷикистон беш аз 3 ҳазорро ташкил мекард, ҳоло ин рақам ба маротиб коҳиш ёфтааст. Аммо маоши кам ва набуди имтиёзҳои воқеӣ ҳатто онҳоеро, ки донишгоҳҳои омӯзгориро хатм мекунанд, аз мактабҳои ҳамагонӣ гурезон кардааст.