Бурҳон Ҳидоятов – омӯзгори фанни забон ва адабиёти мактаби рақами 50-и ноҳияи Деваштич – барои кафондани чашми ҳамкори ҷавонаш Лоиқ Тӯйчиев дар як моҷарои рӯзи 1 май ба 6 соли зиндон маҳкум шудааст. Додгоҳ расман ӯро барои “қасдан расондани зарари вазнин ба саломатии ҳамкасб дар вақти фаъолияти хидматӣ” айбдор кард.
Принтери мактаб вайрон шуд. Ман гуфтам, ки принтерро аз беэҳтиётӣ ӯ вайрон кардааст. Байнамон гапгузаронӣ ва муноқиша шуд. Ӯ ба чашмам як мушт зад.
Наздикони маҳкумшуда рӯзи 30-юми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳукм аввали моҳи август содир шуда, бар асоси он Бурҳон Ҳидоятов мӯҳлати ҷазоро дар маҳбаси низомаш сангин адо хоҳад кард. Рустам Ҳидоятов, мудири мактаби рақами 50 ва бародари Бурҳон Ҳидоятов, мегӯяд, онҳо барои бознигарии ҳукм ба Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурданд, вале ин зинаи додгоҳӣ ҳукми авваларо бетағйир гузошт.
Бурҳон Ҳидоятов баъди ҳодисаи занозанӣ дар мактаб аз тарафи маъмурони милиса дастгир шуда, то замони эълони ҳукмаш дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Истаравшан нигоҳдорӣ мешуд.
Муолиҷаи чашми аздастрафта
Лоиқ Тӯйчиев, ки дар занозании моҳи майи имсол бо Бурҳон Ҳидоятов аз як чашмаш маҳрум мондааст, гуфт, аз ҳукми додгоҳ қаноатманд аст. Аммо дар айни замон гуфт, барои гирифтани ҷуброн талош хоҳад кард. “Дар ин ҳодиса ман як чашмамро аз даст додам ва ҳар замон барои муолиҷа ба пул ниёз дорам. Кӯшиш дорам, ки хонаводаи Бурҳон Ҳидоятов барои пардохти ҷуброн муваззаф гардад”, - афзуд ӯ.
Навор аз бойгонӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳодисаи занозании ду муаллим дар моҳи майи имсол дар мактаби рақами 50-и ноҳияи Деваштич иттифоқ афтод. Муноқишаву ҷанҷоли муаллимон дар саҳни мактаб вақти танаффус, дар назди 6-7 муаллими дигар рух додааст. Лоиқ Тӯйчиев мегӯяд, баҳсу занозании онҳо аз пушти “принтер” ё дастгоҳи чопӣ дар мактаб сар зад.
Ӯ гуфт, “принтери мактаб вайрон шуд. Ман гуфтам, ки принтерро аз беэҳтиётӣ ӯ вайрон кардааст. Байнамон гапгузаронӣ ва муноқиша шуд. Ӯ ба чашмам як мушт зад. Муаллимон байнамон даромада, моро халос карданд.”
Қаблан Рустам Ҳидоятов, мудири мактаб гуфта буд, ки ба ҷанҷоли байни муаллимон дағалгӯии Тӯйчиев сабаб шуд. Ба қавли мудири мактаб, Лоиқ Тӯйчиев дар ҳаққи ҳамкасбаш Бурҳон Ҳидоятов лафзи ҳақоратомези русиро ба забон гирифт ва баъди мазаммати омӯзгор, онро дубора такрор кард.
Агарчи дар гузашта дар бораи муноқишаву занозанӣ дар байни муҳассилони мактаб гузоришҳо шудааст, бори аввал аст, ки аз ҷангу занозанӣ миёни омӯзгорони як мактаб хабар мерасад.