Бунёди амфитеатри муосир дар паҳлуи майдони таърихии Регистон ва мадрсаҳои низ қадимаи Шердори Тиллокорӣ дар маркази Самарқанд нигарониҳои зиёдеро дар бораи сарнавишти ин ёдгориҳои шомили рӯйхати “Мероси ҷаҳонӣ”-и ЮНЕСКО ба бор овардааст.
Дар ин шабу рӯз дар маркази Самарқанди бостонӣ корҳои сохтмонӣ босуръат идома дорад. Мақомот мехоҳнад, то рӯзи 10 май сохтмони амфитеатри муосир дар маркази Самарқандро ба поён бирасонанд. Ин амфитеатр дар паҳлуи се макони таърихии Самарқанд – майдони Регистон ва мадрасаҳои Шердор ва Тиллокорӣ, ки ҳарсе ҳамчун ёдгориҳои беназир ба рӯйхати “Мероси ҷаҳонӣ”-и ЮНЕСКО, Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, шомил шудаанд, сохта мешавад. Ин дар ҳолест ки паймони ЮНЕСКО дар бораи ҳифзи ёдгориҳои шомили ин рӯйхати мӯътабар анҷом сохтмонҳои иншооти муосиреро, ки сурати таърихии он маконро иваз мекунад ваё ба ҳифзи ин ёдгориҳо метавонад таъсири манфӣ бирасонад, манъ мекунад.
Аммо тарҳи бунёди амфитеатр дар паҳлуи майдони Регистон дар маркази Самарқанд замоне вусъат ёфт, ки раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов, ки зимнан зодаи Самарқанд аст, дар як суханрониаш гуфт, “мо бояд ин амфитеатрро бисозем ва нишон диҳем, ки дар риштаи сохтмон аз аҷдоди худ кам нестем. Амир Темур вақте дар асри 14 Самарқандро аз нав сохт, аз ЮНЕСКО иҷозат напурсида буд.”
Хабарнигори бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯяд, дар ин шабу рӯз дар маҳалли сохтмони амфитеатр дар маркази Самарқанд мошниҳои зиёди борбар ва кранҳову экскаваторҳои низ хеле зиёд ҷамъ шудаанд ва кор шабонрӯзӣ идома дорад, то ки то рӯзи ифтитоҳаш, яъне 10 май, анҷом шавад.
Аммо ба гуфтаи коршиносон, шиддати сохтмони амфитеатр зоҳиран ба биноҳои таърихӣ таъсир кардааст ва ҳатто яке аз манораҳо 8 сантиметр каҷ шудааст. Як реставратор(таҷдидгар), ки ба шарти ошкор нашудани номаш бо Озодӣ сӯҳбат кард, мегӯяд: “Дар деворҳои мадрасаи Шердор тарқишҳо пайдо шудаанд. Дар сақфи манораҳои Тиллокорӣ низ аз дохил чунин тарқишҳо дида мешаванд. Яке аз ду манорааш ҳатто 8 сантиметр каҷ шудааст.”
Руҷӯе ба таърих
Самарқанд аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Баъди тақсимоти марзии солҳои 20 Самарқанду Бухоро ва чандин шаҳри дигари тоҷикнишини минтақа ба Узбакистон дода шуд.
Мадрасаи Шердор дар шарқи майдони Регистон байни солҳои 1619 – 1635 бо фармони ҳокими вақти Самарқанд Ялангтуш бий Баҳодур аз сӯи меъмори маҳаллӣ Абдуллоҳ Ҷаббор сохта шудаву девору манораҳояшро устои маъруфи он замон Муҳаммад Аббос зиннат додааст. Ин мадраса соли 2001 ҳамроҳ бо маконҳои дигари таърихии Самарқанд ба рӯйхати “Мероси ҷаҳонӣ”-и ЮНЕСКО шомил карда шуд.
Мадрасаи Тиллокорӣ байни солҳои 1646-1660 низ бо фармони Ялангтуш дар ҷои як корвонсаройи кӯҳна сохта шуда, ҳоло якҷо бо мадрасаҳои Шердор ва Улуғбек (сохтаи солҳои 1417-1420) майдони Регистони Самарқандро зеб медиҳад. Тиллокорӣ низ дар соли 2001 ба рӯйхати ЮНЕСКО шомил карда шуд.
"Юртбошӣ гуфт, мо месозем"
Масъули тарҳи амфитеатри Самарқанд дар ҳукумати Узбакистон ба Озодӣ гуфт, барои ин сохтмон 5 миллиард сӯм, муодили тақрибан 2,2 миллион доллар ҷудо шудааст. Ӯ афзуд: “Дар онҷо кор шабу рӯз идома дорад. Ин сохтмон таҳти назорати бевоситаи Юртбошӣ (лақаби раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов) мебошад. Ӯ гуфт, ки мо бояд ба аҷдодамон нишон диҳем, ки мо ҳам сохта метавонем. Ҳоло тамоми раҳбарони Самарқанд дар он сохтмонанд.”
Ин мақом истифодаи техникаи вазнин дар наздикии маконҳои таърихии Самарқандро ба зарурати бурду оварди маҳсулоти вазнини сохтмонӣ рабт дод ва гуфт, “аз тарафи дигар, мо бояд сохтани амфитеатрро ба ҳар василае то 10 май анҷом диҳем.” Гуфта мешавад, амфитеатри Самарқанд бояд дар як маросими пуршукӯҳ ва зоҳиран бо ширкати раисиҷумҳур Ислом Каримов ва меҳмонони як анҷумани байналмилалии таърихӣ боз шавад.
Масъули тарҳи амфитеатр дар ҳукумати Узбакистон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, масъулони сохтмон талош мекунанд, то дар рафти сохтани амфитеатр иншооти таърихӣ заррае осеб набинанд: “Ба мо мушкилот лозим нест, чунки агар иттифоқе биуфтаду барои мисол, ягон бино осеб бинад, ба мо ҳам гап мерасад. Барои онки ягон иншооти таърихӣ осеб набинад, мо амр додаем, ки техникаи вазнин дар фосилаи на камтар аз 50 метр аз ин биноҳо кор кунад.”
Ба гуфтаи ин масъул, ҳамзамон бо сохтмон майдони Регистонро ҳам навсозӣ мекунанд. Ӯ аз ҷумла гуфт, рӯшноии ин майдони таърихӣ беҳтар шуда, дар саросари он чароғҳои сохти Ҷопонро насб мекунанд: “Як муовини ман як моҳ боз ҳамонҷост, ҳатто кати хобаш дар маҳалли сохтмон аст. Муҳимтар аз ҳама барио мо, гум накардани боварии Юртбошӣ аст. Ӯ гуфт, ки мо бояд нишон диҳем ба аҷдодамон, ки мо ҳам сохта метавонем.”
Паймони ЮНЕСКО дар бораи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ аз соли 1971 сохтмони иншооти бузург дар маконҳои таърихиеро, ки ба рӯйхати “Мероси ҷаҳонӣ”-и ин идораи СММ шомил шудаанд, қатъиян манъ мекунад. Дар соли 2009, дар пайи сохтани як пул бар фарози рӯди Элба дар шаҳри Дрездени Олмон ин шаҳрро аз ин рӯйхта ҳатто хориҷ карданд.