Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пеш аз чоп: Аз тоҷикони Самарқанд то сӯҳбат бо Перес


Нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта матлабҳое доранд дар бораи синни Карон, сарнавишти келину набераи Абдуфаттоҳи Ғоиб, ҳоли тоҷикони Самарқанду Бухоро ва як гуфтугӯи ихтисосӣ бо президенти Исроил.

“Имрӯзнюс” -- нашрияи ҳаррӯзаи Тоҷикистон дар шумораи ояндаи худ мақолаи илмии шоир Мӯъмин Қаноатро бо номи «Нур дар сояравшанҳои Карон»-ро нашр хоҳад кард. Дар ин матлаб шоир масъалаи баҳсбарангези синни Каронро ба таҳлил гирифтааст. Аз ҷумла шоир мегӯяд, «ҷустуҷӯ ва ковишҳои бостоншиносӣ муайян карданд, ки Карон яке шаҳрҳои қадимии Тоҷикистон аст». Дар ин мақола ҳамчунин аз сафараи президент Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Карон дар Дарвоз ишора шудааст.

“Рӯзгор" дар шумораи нави худ мақолаи сафири Афғонистон дар Тоҷикистон доктор Абдулғафури Орзуро таҳти унвони "Ниёз ба гуфтумони пайвастаи Афғонистон ва Осиёи Марказӣ дорем" нашр мекунад. Дар ин матлаб сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар бораи зарурати ба роҳ мондани ҳамкориҳои зичтар миёни Афгонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ матраҳ шудааст.

“Фараж” ин ҳафта муносибати оилавии писар ва келини собиқи Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро ки чандест, дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мавриди баҳсу ҳангомаҳо қарор гирифтааст ба чолиш кашидааст. Абдуфаттоҳи Ғоиб хабарҳои дар Фейсбук нашршударо аз ҳақиқат дур ва сафсаттае унвон карда гуфтааст: «чунки ман ва писарам ягон ҷиноят содир накардаем, ки чизеро пинҳон кунем. Баъдан, ин масъалаи оилавии мо аст, ки дахолат кардани дигарон аслан аз рӯи одоб нест. Аммо ман пас аз хондани баҳсҳои фейсбукӣ фавран вокуниш нишон додам. Ман бо набераам ва келинам аксҳои зиёд дорам, ки бозгӯкунандаи муносибатҳои хуби мо ҳастанд».

“Озодагон” матлаберо зери унвони "Фоҷеаи миллат" нашр хоҳад кард, ки дар он мавриди узбак навиштани тоҷикони Ӯзбакистон ба хусус шаҳр ва атрофи Самарқанд ба риштаи таҳлил кашида шудаст. Ин нашрия менависад: “Дар соли 1924 бо дасисаи пантуркистон ва сиёсати тоҷикситезии давлати импературии Русия марзбандии беадолатона сурат гирифта, дар таъини сарнавишти сиёсии миллат нақши манфӣ бозид. Ба ин иллат ва солҳои баъдӣ ба сабаби ноогоҳии мардум аҳолии марказҳои қадимии тоҷикон – Самарқанду Бухоро ва чанд навоҳии дигари тоҷикнишин дар аснод ӯзбак навишта шуданд.“
Ин ҳол, ба гуфтаи нашрия, дар солҳои баъдӣ низ идома дошта, ҳоло миллияти тахминан 90 дарсади мардуми Самарқанд, Бухоро ва дигар навоҳӣ дар шиносномаҳо ғалат қайд шудааст.

Ҳафтаномаи “Наҷот” - нашрияи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ин ҳафта матлаберо зери номи «Ҳукумат дар хидмати мардум аст ё дасисасозӣ?» нашр хоҳад кард. Ин нашрия дар матлаби худ менависад, солҳои охир тарғиботчиёни ҳукумати Тоҷикистон ҳар гуна василаи ғайриқонуниро бо мақсади сиёҳ кардани рақибони сиёсии хеш ноодилона истифода мебаранд. “Наҷот” менависад: «Ҷиноят дар тамоми кишварҳои дунё вуҷуд дорад ва ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон низ аз он берун нест, ҳатто ағлаб нафароне ҷиноятҳои вазнин содир мекунанд, ки дар асл бояд алайҳи ҷиноят мубориза баранд. Ҷинояткорон баъзан ҳомиёни қонун қам ҳастанд, вале ин ба маънои он нест, ки дар ин ё он сохтор ҳама ҷинояткоранд.»

“Вечёрка” - нашрияи русизабон ин ҳафта мусоҳибаи Шимон Перес -президенти Исроилро таҳти сархати «Пешво идора намекунад, пешво ба халқ кумак мекунад, ки давлатро идора кунад» пешкаши хонандаҳо мекунад. Муаллифи ин матлаб Гулнора Амиршоева баъд аз мулоқоти раисиҷумҳури Исроил бо раҳбарони расонаҳои кишварҳои узви ИДМ дар Байтулмуқаддас дар сӯҳбате анҷом додааст. Шимон Перес дар мусоҳиба бо ин ҳафтанома гуфтааст: «Барои ман, аз ҳама муҳим захираҳоест, ки инсон дорад. Ба фикри ман хеле муҳимтар аз захираҳои табиӣ он аст, ки ҳар инсон бо истеъдодтар аз он аст, ки худаш мепиндорад. Исроил - ин мисоли он аст, ки инсон заминро бой мекунад на замин инсонро.»
XS
SM
MD
LG