Интернет аз як "мӯрӣ" - пешниҳоди Бек Зуҳуров амалӣ мешавад

Даҳ сол баъди боздошта шудани идеяи зери як чатри сохтори давлатӣ овардани хадамоти интернетиву мобилӣ, пешниҳоди баҳсбарангези Бек Зуҳуров ҷомаи амал мепӯшад. Шурӯъ аз соли 2017 хадамоти мобиливу интернетӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Маркази ягонаи коммутатсинӣ танзим мешавад ва ин сохтори нав ниҳоди зертобеи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хоҳад буд.

Натиҷаи аслӣ – болоравии қимати гуфтугӯҳои мобилӣ бо хориҷа, аз шабакаи ягона таъмин шудани трафики интернет, хатари таҳти назорати амниятӣ қарор гирифтани гуфтугӯҳои телефонӣ ва шабакаи ҷаҳонӣ хоҳад буд. Соли 2015 фоидаи ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон тахминан 250 миллион доллар (2,100 миллиард сомонӣ)-ро ташкил медод ва баъди шурӯи кори маркази ягона, аксари кулли ин даромад ба ҳисоби ин ниҳод ворид хоҳад шуд.

Алихон Бекназаров, масъули Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 4-уми ноябр Маркази ягонаи коммутатсионӣ дар Тоҷикистон ба таври санҷишӣ ба кор шурӯъ кард. Ба гуфтаи ӯ, “кулли таҷҳизоти ин марказ аз хориҷа ворид ва насб шудааст ва аллакай ба таври “тестӣ ва ё санҷишӣ” кор мекунад”.

Ҳукумати Тоҷикистон дар оғози соли ҷорӣ қарори таъсиси “Маркази ягонаи коммутатсионӣ”-ро содир кар, ки бар пояи он, акнун тамоми иртиботи кишвар бо хориҷа аз тариқи ҳамин марказ сурат мегирад. Тибқи ин қарор, ин марказ бояд то анҷоми соли ҷорӣ бунёд шуда, пурра ба фаъолият оғоз намояд.

Бек Зуҳуров.

Идеяи таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионӣ соли 2006 садо дод ва боиси баҳсҳои тӯлонӣ миёни ширкатҳои мобилӣ ва он замон Раёсати алоқаи Вазорати нақлиёт шуда буд. Бек Зуҳуров, раҳбари феълии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки он замон ноиби вазири нақлиёт оид ба мухобирот буд, аз пуштибонҳои ин тарҳ унвон мешуд.

Даҳ соли пеш бо пофишории созмонҳои байналмилалӣ, ки ин барномаро талоши таҳкими назорати мақомот бар бозори мухобирот арзёбӣ карда буданд, ҳукумати Тоҷикистон ба таъсиси ин марказ иҷоза надода, гуфта буд, ки таъсиси чунин як марказ бар хилофи қонунҳои кишвар аст.

Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ, ки аз ҷузъиёти тарҳи маркази ягона огоҳӣ доранд, мегӯяд, ки мақсади асосии Хадамот аз таъсиси ин марказ зери инҳисори хеш даровардани хадамоти сердаромади интернетӣ аст. Таъсиси ин марказ ҳамчунон ба мақомоти Тоҷикистон имкони назорати гуфтугӯ ва иртиботҳои интернетиро низ фароҳам мекунад.

Тибқи ҳисоботҳои оморӣ, солона ба телефонҳои мобили сокинони Тоҷикистон 100 миллион дақиқа занг ворид шуда, ҳудуди 30 миллион дақиқа занг ба хориҷа карда мешавад. Айни замон, бино бар муқаррароти Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон, нархи як дақиқа гуфтугӯҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон набояд аз 12 сент камтар бошад.

Чанде аз ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ дар ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон, ки нахостанд номашон бурда шавад, мегӯянд, Хадамоти алоқа бо таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионӣ аз ҳар дақиқа гуфтугӯи байналмилалӣ дар садад аст 1 сент пул бигирад. Ин ба он маъност, ки як дақиқа гуфтугӯҳои байналмилалӣ аз нархи кунунӣ ҳадди ақал як сенти дигар гаронтар хоҳад шуд. Бар замми гуфтугӯҳои мобилӣ, кулли трафикҳои интернет низ аз тариқи Маркази ягонаи коммутатсионӣ хоҳад гузашт. Айни ҳол маълум нест, мегабайтҳо пас аз гузаштан аз ин “мӯрӣ” то чӣ ҳад гарон хоҳанд шуд.

Рустам Гулов, поягузори вебсайти “Blogiston.tj” дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, фаъол шудани ин марказ, ки солҳо ҷомеаи маданӣ мухолифи таъсиси он буд, аз чанд ҷиҳат бар зиёни Тоҷикистон хоҳад буд.

Рустам Гулов.

Рустам Гулов мегӯяд, ки “нахуст, қимати интернет ва алоқаи мобилӣ гарон мешаваду суръати интернет коҳиш меёбад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ингуна марказҳо ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз назари амнияти рақамӣ хатар дорад. Масалан, таҷрибаҳои Озарбойҷон ва Арманистон нишон медиҳад, ки, масалан, канда шудани як кабел дар ин марказ метавонад дар як лаҳза иртиботи тамоми ҷумҳуриро бо хориҷа қатъ кунад ва кишвар бе интернет монад”.

Гулов афзуд, ҳоло якчанд ширкатҳои интернетрасон ҳам аз тариқи ҳавоӣ ва ҳам тариқи қабул аз хориҷа интернет мегиранд ва дар сурати тахриб шудани як канал, канали дигар фаъол карда мешавад ва муштариён бидуни интернет намемонад. Аммо бо фаъол шудани ин марказ, интернети моҳвораӣ (спутник) манъ мешавад ва ҳамаи траффик тавассути ин марказ мегузарад. Дар сурати фаъолшавии кори ин марказ, кори интернет амалан монополия мешавад ва танҳо танҳо аз ҳамин як марказ вобаста хоҳад буд, ки муштариён ба шабакаи ҷаҳонӣ иртибот хоҳанд дошт ё на, алтернативаи дигар намемонад.

Ҳоло дар Тоҷикистон 4 ширкати мобилӣ – «Вавилон», «Мегафон», «Тселл», «Билайн» муштариёнро бо интернети бесим ва 7 ширкати дигар тавассути cим сокинонро бо интернет таъмин мекунанд.

Нозирони умур мегӯянд, таъсиси маркази ягонаи хадамоти интернетӣ зери чатри як сохтори давлатӣ ҳанӯз 10 сол пеш номумкин буд, чунки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва матбуот ин идеяро ба боди танқид кашид ва ҳукумат ҳам хилофи қонун будани онро эътироф кард. Вале ҳоло, ба қавли коршиносон, шароити сиёсии кишвар тағйир ёфтааст.