Бег Сабурӣ, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ниҳоде, ки масъулияти танзими бозори Интернет ва телефонҳои мобилро дар ин кишвар бар дӯш дорад, даст доштани идорааш дар бастани шабакаҳои иҷтимоие, чун Фейсбук, ВКонтакте ва даҳҳо сомонаҳои хабариро рад кардааст.
Бег Сабурӣ рӯзи 6 октябр ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст: "Ман ягон хел амр барои бастани Фейсбук ва шабакаҳои дигар надодаам." Бег Сабурӣ ваъда додааст, ба ин масъала расидагӣ хоҳад кард, вале ҳамзамон эътироф кардааст, "5 октябр дар Тоҷикистон Иди Қурбон таҷлил мешуд ва таҷлили ид имрӯз ҳам идома дорад, аз ин рӯ, имкон дорад, ки баъзе кӯтоҳиҳои фаннӣ ҳам ҷой дошта бошанд."
Ӯ ҳамчунин бархе шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳоро айбдор кардааст, ки "аз ҳад зиёд сиёсатзада шудаанд ва ба ҷои таблиғи сулҳу оромӣ дар ҷомиа низоъ бармеангезанд ва ҳамчунин даъватҳову гуфтаҳои ифротиро нашр мекунанд." Аз ин пештар Рафиқҷон Шокиров, ноиби раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, “хабари баста шудани сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, дар қаламрави Тоҷикистон асос надорад ва нодуруст аст.” Оқои Шокиров афзуд: ”Ин хел гапу корҳо нест. Мо дар хона ҳастем, дам мегирем. Имрӯз истироҳат аст.”
Ҳарчанд раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва муоинаш мегӯянд, барои бастани кадом сайте амр надодаанд, аммо аз субҳи якшанбе ба ин тараф дар Тоҷикистон, ба гуфтаи корбарон, шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, ВКонтакте, Ютюб ва даҳҳо сомонаи дигар дастнорас шудаанд. Корбарон аз ҷумла аз дастнорас шудани сомонаҳое, чун Википедиа, Амазон. сом, Вести. Ру, Озодагон, Лента. Ру, МК. Ру, Микс.Ру ва даҳҳо вебсайти дигар шикоят мекунанд.
Шумораи торнамоҳои басташуда дар Тоҷикистон дақиқ нест ва баъзе аз хабаргузориҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ теъдоди сайтҳои дастнорасро 300-то гуфтаанд.
Асомуддин Атоев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Шумора ва рӯйхати торнамоҳои басташуда аниқ нест. Мо ҳоло аз роҳи санҷидан теъдоди сомонаҳои масдудшударо муайян карда истодаем. Барои ин дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз корбарон хоҳиш кардем, ки торнамоҳои басташударо дар он ҷо нависанд.”
Талошҳои мо барои муайян кардани сабаби масдуд будани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе аз расонаҳои хабари аз ширкатҳои интернетрасон бенатиҷа анҷом ёфт. Танҳо дар бахши техникии ширкати “Билайн” дар сӯҳбат ба хабарнигори Озодӣ ҳамчун муштарӣ гуфтанд, ки “дастрасӣ ба бархе аз сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо сабабҳои новобаста аз ширкат маҳуд карда шудааст.”
Видеои хабарнигори Озодӣ аз як интернет-кафе дар Душанбе:
Айни видео аз сомонаи Озодӣ:
Дар ҳамин ҳол, бино ба хабарҳои дарёфтӣ, дар қисмати шимоли Тоҷикистон - вилояти Суғд дастрасӣ ба интернет тариқи модемҳои мобилӣ комилан маҳдуд карда шудааст. Рустам Гулов, блогнавис ва як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ман шахсан имрӯз санҷидам интернет тавассути модемҳои ширкати Мегафон, Билайн ва Тселл дар ин ҷо дастнорас аст. Аммо онҳое, ки тариқи сим ваё кабел ба интернет пайвастанд, дастрасӣ доранд. Аз ҷумла тариқи ширкатҳои Сатурн ва Телеком текнолоҷи.”
Хабарнигори "Озодӣ", ки аз хадамоти ширкати "Тселл" истифода мекунад, барои дарёфти посух ба ин суол, ки чаро шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе дигар аз торнамоҳо дастнорасанд, бо бахши техникии ширкат тамос гирифт. Дар ҷавоб навбатдори бахш гуфт, аксар провайдерҳои интернет дар Тоҷикистон бисёре аз сайтҳоро дастнорас кардаанд ва ин аз онҳо вобаста нест.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи яке аз ширкатҳои интернетрасон ба шарти наовардани номаш ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, ки дастрасӣ ба даҳҳо сомона, бо шумули Фейсбукро, дар рӯзҳои истироҳат дар пайи як занги телефонӣ аз Хадамоти алоқа қатъ кардааст. Ин иттилоъ боварбахш буда метавонад, зеро дар гузашта низ борҳо бо дархости Хадамоти алоқаи назди президенти Тоҷикистон мардум аз дастрасӣ ба бархе аз сомонаҳои интернетӣ, аз ҷумла ба Ютюб. маҳрум шудаанд.
Хабаргузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ баста шудани Фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоиро ба даъватҳои ахири гирдиҳамоӣ дар Душанбе пайванд медиҳанд. Ба ақидаи ин манобеъ, даъватро раҳбари “Гурӯҳи 24”, соҳибкори пешин Умаралӣ Қувватов ба миён гузошта, ба ин муносибат дар чанд шаҳри Русия низ ҷамъомадҳо ташкил шудаанд.
Шокирҷон Ҳакимов, доктори илмҳои ҳуқуқ ва муовини раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократ ба Озодӣ гуфт: “Чун бархе созмонҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мардумро ба баргузории як гирдиҳамоӣ даъват карданд, мақомот боз ҳам аз ҳамон усули истифодашудаи худкомаашон кор гирифта, дастрасӣ ба бархе сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро масдуд карданд. Маҳдуд кардани дастрасии мардум ба торнамоҳо мухолифи Сарқонуни Тоҷикистон ва қонун дар мавриди дастрасӣ ба маълумот аст. Ин маҳдудкуниҳо роҳҳи ҳалли мушкили ҷомеа нест.”
Дар пасманзари сарусадоҳо ва даъват аз суи бархе гуруҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои баргузории як гирдиҳамоӣ дар Тоҷикистон оҷонсии “Азия плюс” хабар дод, ки мақомоти қудратӣ шоми 4-уми октябр дар майдони Дӯстии пойтахт роҳҳои пароканда кардани тазоҳуротро машқ кардаанд. Дар Интернет алакай навори видеоиеро гузоштаанд, ки ба иддаои ноширонаш, лаҳзаҳое аз обпошии нирӯҳои интизомии Тоҷикистон болои “тазоҳургарон”-и шартӣ дар ҷараёни ин машқҳоро намоиш медиҳад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки баъд аз солҳои 1990 дар Тоҷикистон бо ҳама роҳу васила ба баргузории тазоҳурот имкон дода намешавад. Мақомот ва қисме аз аҳолӣ бар инанд, ки чунин тазоҳурот метавонад ба хунрезӣ ва ҷанг сабаб гардад.