Қаҳҳор Маҳкамов, раисиҷумҳури нахустини Тоҷикистон, дар маҳфиле бахшида ба 70-солагии Муродуллоҳ Шерализода -- сардабири аввалини нашрияи "Садои мардум" ва вакили Шӯрои олии вақт, гуфт, "касе ӯро куштааст, Худо мезанад, агар то ҳол назадааст." Ҷаноби Маҳкамов, ки рӯзи 14 апрел дар ин маҳфил дар Душанбе сӯҳбат мекард, аз Шерализода ба ҳайси инсони пок тавсиф намуд ва гуфт, "аз куштани ӯ дида, гуноҳи бузург набуд".
Раисиҷумҳури нахустини Тоҷикистон дар идома нақл кард, ки хабари қатли Муродуллоҳ Шерализодаро танҳо баъд аз се рӯз ба ӯ расондаанд. "Вақте ба гӯши ман расид, ки Муродуллоҳро дар рӯи ҳавлии парлумон ба қатл расондаанд, чӣ гуфтану чӣ карданро намедонистам. Ин рӯзи севуми қатли ӯ буд. То он вақт хабар надоштам. Рафта ба модарашон таъзия баён кардам. Лекин чанд рӯз ба ин саволҳо ҷавоб намеёфтам, ки барои чӣ қатл карданд? Чӣ гуноҳ дошт, ин одам?"-ба ёд овард Маҳкамов.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Муродуллоҳ Шерализода, сардабири аввалини нашрияи “Садои мардум” баъд аз зуҳри 5 майи соли 1992 дар саҳни ҳавлии Шӯрои олӣ - парлумони вақти Тоҷикистон кушта шуд. Баъзеҳо ин қатлро аз ҷумлаи нахустин хунрезие медонанд, ки дар авҷи мухолифатҳо миёни майдони "Шаҳидон" ва "Озодӣ" дар Душанбе рух дода ва ба ҷанги дохилии панҷсола доман задааст.
Хайриннисо Юсуфӣ, вакили парлумони Тоҷикистон, низ Муродуллоҳ Шерализодаро "аввалин шаҳиди ҷанги бемоя" номид. Хонум Юсуфӣ, ки дар ин маҳфил паёми Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагонро дар робита ба 70-солагии Муродуллоҳ Шерализода қироат кард, афзуд, "агарчи шамъи ҳаёти ӯ хомӯш шуд, шамъи ёдаш то абад фурӯзанда мемонад."
Қаблан Солеҳҷон Ҷӯраев, собиқ додситони кулли Тоҷикистон дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ дар робита ба марги Муродуллоҳ Шерализода дахл карда гуфта буд, "ӯ ва чанд корманди милисаро силоҳбадастон гаравгон гирифта, баъд парронданд." Дар мавриди он ки овозаҳое низ ҳаст, гӯиё Муродуллоҳи Шерализодаро мухолифин ба қатл расондаанд, оқои Ҷӯраев гуфта буд, "шахсан дар он ҷо будам ва тафтиш мегузаронидам. Вақте ҳодиса рух дод, дар он ҷо силоҳбадастони мухолифин ҳузур надоштанд. Сипас, тафтишоти муқаддамотӣ муайян кард, ки вай аз тарафи шахси силоҳбадасте, ки дар майдони ҳавлии Шӯрои олӣ машқ мекард, паронда шуд, ки баъдан мақомоти прокуратура қарори ҳабс ва ҷустуҷӯи онҳоро гирифта карда буд."
Чанд рӯз баъд аз қатл шоҳидони воқеа ҷузъиёти онро дар телевизиони Тоҷикистон ҳикоят карда ва гуфта буданд, ки ба Додситонии кулли Тоҷикистон баёнот додаанд. Аммо бо гузашти ин ҳама сол қотили Шерализода боздошт ва муҷозот нашудааст.
Дар охири маҳфили рӯзи 14 апрел раҳбарияти нашрияи мустақили "Тоҷикистон" ва нашрияи парлумонии "Садои мардум" эълон карданд, ҷоизаеро ба номи Муродуллоҳ Шерализода созмон додаанд. Онҳо гуфтанд, ин ҷоиза аз 5 ҳазор сомонӣ иборат буда, ҳар сол ба онҳое дода мешавад, ки кори вакилони парлумонро бозтоб медиҳанд.
Инчунин, ба қавли раҳбарони нашрияҳои "Тоҷикистон"-у "Садои мардум" нишони сарисинагии Муродуллоҳ Шерализода низ сохта хоҳад шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад