Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қадрдонӣ аз ҷонбохтагони сухан ва хабар дар соли 2011


Номи 70 журналисте, дар соли 2011 ҳангоми иҷрои рисолати худ кушта шудаанд, дар Осорхонаи Newseum абадӣ гардид.

Иловаи номҳои нав ба феҳрасти журналистони кушташуда як маросими ғамангез ва ҳамзамон ифтихоромезе буд, ки шояд дар ватани журналистони шаҳид, ба монанди Афғонистон, Озарбойҷон, Ироқ, Покистон, Русия ва ғайра баргузор нагашта бошад. Ин ҷо ҳамаи онҳоеро ёд карданд, ҳангоми иҷрои вазифаи журналистии худ дар соли 2011 ҳаёти хешро бохтаанд.

Крис Веллс, ноиб-президенти пешини созмони Freedom Forum, ки аз озодии матбуот дифоъ мекунад, раҳбари маросиме буд дар назди девори ёдбуди Осорхонаи журналистика дар Вашингтон, пойтахти Иёлоти Муттаҳида. Вай гуфт, ин 70 нафарро садоқат ба пешаи журналистӣ имрӯз дар ин ҷо ба ҳам овард: "Онҳо ба забонҳои гуногун ҳарф мезаданд, дар риштаҳои мухталифи хабарнигорӣ кор мекарданд. Бархе аз онҳоро миллионҳо нафар дар барномаҳои шомгоҳии ахбор медиду мешинохт, номи бархи дигар номаълум мемонд. Бархе хатари бевоситаро медонистанд, аммо аксари онҳо ғофилгир шудаанд. Хислате, ки онҳоро муттаҳид мекард, садоқат ба кори журналистӣ буд ва ҳақиқаташ ин аст, ки онҳо хеле зуд моро тарк карданд.”

Бино бар иттилоҳи Нюзей, шакли тағйирхӯрдаи Музейи журналистикаи Иёлоти Муттаҳида, ҳафт хабарнигор соли гузашта дар Ироқ ҳангоми гузоришдиҳӣ кушта шуданд. Ин кишвар яке аз хатарноктарин ҷои дунё барои журналистон унвон шудааст. Дар байни онҳо Ҳилол Аҳмадии 50-сола низ ҳаст, ки бештар дар мавзӯи фасоди молӣ ва маъмурӣ менавишт. Ӯро бо даҳҳо тири пулемет дар моҳи феврал, замоне куштанд, ки аз хонааш мебаромад.

Сабоҳ ал-Бозӣ, хабарнигори телевизиони “Ал-Арабия” дар бинои ҳукумати маҳаллӣ дар Тикрит аз таркиши бомб ба ҳалокат расид. Вай 30-сола буд.

Дар соли гузашта ҳафт журналисти покистонӣ кушта шуданд, ки дар ин маросим аз ҳар яки онҳо ном бурда шуд.

  • Насруллоҳхон Афридӣ,
  • Валихон Бобур,
  • Шафиуллоҳ Хон,
  • Исфандиёр Обид Навид,
  • Файсал Қурайшӣ,
  • Ҷовид Носир Ринд,
  • Сайид Салим Шаҳзод.

Шаҳзоди 40-сола дар бораи пайвандҳои ниҳони байни нерӯҳои баҳрии Покистон ва шабакаи ал-Қоида менавишт ва моҳи майи соли гузашта ҷасади ӯ дар ҷанубушарқи Исломобод пайдо шуд. Полис мегӯяд, дар он осори шиканҷа ба назар мерасид. Шаҳзод, мудири дафтари нашрияи интернетии Asia Times Online, ки дар Ҳонг Конг марказ дорад, пас аз ду рӯзи чопи мақолааш дар бораи ҳамлаи ал-Қоида ба пойгоҳи нерӯҳои баҳрӣ дар Карочӣ бо эътироз аз боздошти афсаре, ки гуфта мешуд бо ин шабака дар робита аст, бенишон гашт. Радиои “Машъал”, бахше аз Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки Шаҳзод аз таҳдиди кормандони хадамоти ҷосусии Покистон шиква мекард.

Нависандаи саршинос ва хабарнигори Бахши озарии Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ, Рафиқ Тақӣ низ дар миёни онҳое буд, ки номашон ҷовидона дар девори ёдбуд сабт хоҳад гашт. Тақии 61-сола баъд аз чанд зарбаи корди ҳамлавари номаълум дар моҳи ноябри соли гузашта дар бемористони Боку ҷон дод. Мунаққиди исломи сиёсӣ дар Озарбойҷон ва режими исломӣ дар Эрон пеш аз марг гуфт, фикр мекунад, барои мақолаҳояш дар бораи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Исломӣ ҳадаф қарор гирифтааст.

Ҳоҷимурод Камолов, журналисти номдори Доғистон, ҷумҳурие дар Қафқози Шимолии Русия буд. Вай ҳафтаномаи “Черновик”-ро ба нашр мерасонд ва дар бораи бадрафтории полис бо гумонбарони ошӯби исломӣ, ки аз Чеченистон бархоста, ба ҳама минтақа паҳн шудааст, зиёд менавишт. Шахсони ниқобпӯш ӯро дар дами дари коргоҳаш ҳадафи тир қарор доданд.

Бо номҳои нав шумораи чеҳраҳои девори ёдбуд дар Вашингтон, ки аз соли 1837 бунёд шудааст, ба 2 156 нафар расид. Аз Тоҷикистон дар ин девори таърих номи инҳо забт шудааст:

  • Олим Абдулов
  • Муҳиддин Олимпур
  • Ширинҷон Амирҷонов
  • Тоҳирҷон Азимов
  • Мухтор Бугдиев
  • Ҷамшед Давлатмамадов
  • Таваккал Файзуллоев
  • Саидҷон Фахриддинов
  • Хушвахт Ҳайдаршо
  • Ҳамидҷон Ҳакимо
  • Филолишо Хилватшоев
  • Тӯра Қобилов
  • Шарофуддин Қосимов
  • Хушвақт Муборакшоев
  • Виктор Никулин
  • Махсум Олимӣ
  • Эмма Подобед
  • Давлаталӣ Раҳмоналиев
  • Аркадий Рудерман
  • Табаралӣ Саидалиев
  • Пиримқул Сатторӣ
  • Кишварой Шарифова
  • Муродулло Шералиев
  • Зуҳуриддин Суярӣ
  • Зикрулло Валиев
  • Саидмурод Ёров
  • Олимҷон Ёрасонов
  • Олим Заробеков

Аксари онҳо дар солҳои ҷанги дохилӣ ва нооромиҳои баъдии Тоҷикистон кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG