Чойхонаи "Роҳат" дар Киев аз ҳамлаҳои Русия вайрон шудааст

Чойхонаи тоҷикии "Роҳат" дар пойтахти Украина рӯзи 6-уми апрел дар ҳамлаи мушакии Русия қисман вайрон шудааст.

Чанд тоҷики муқими Киев рӯзи 7-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чойхона корношоям шуд ва дарҳояшро ба рӯи муштариён бастанд.

Ба гуфтаи онҳо, чанд мушаки Русия ба атрофи чойхона афтода, тирезаҳои онро шикаст ва дохили биноро хароб кард.

Соҳиби чойхона гуфт, дар фурсати зудтарин дубора кори он оғоз хоҳад шуд. Вай нагуфт, ки аз ин ҳамла чӣ қадар зиён дидааст.

Бори аввал нест, ки ин чойхона зиён мебинад. Моҳи феврал дар чунин ҳамлае чойхонаи "Роҳат" сӯхта буд.

Чойхонаи "Роҳат" бо пешниҳоди таомҳои миллӣ дар маркази Киев як макони маъруф барои тоҷикони муқими Украина ва баъзе аз сокинони маҳаллӣ дониста мешавад. Барои то сад муштарӣ ҷой дорад.

Дар аксҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки сафорати Тоҷикистон дар Украина низ аксар чорабиниҳои фарҳангияшро дар ҳамин чойхона мегузаронад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чойхонаи "Роҳат"-и Киев бомбаборон шуд