Бонки миллии Тоҷикистон баъди паҳн шудани чанд навори пулҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз шаҳрвандон хост, ки дар вақти додугирифт эҳтиёткор бошанд.
Чанд корбари шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус ронандагони таксӣ шикоят кардаанд, ки муштариён ба онҳо пулҳои қалбакӣ додаанд. Дар ин пулҳо, ба ҷойи Бонки миллии Тоҷикистон, "Чиптаи бонки Шӯхӣ" навишта шудааст.
Бонки миллӣ бидуни овардани номи касе навиштааст, "баъзе ашхос ё гурӯҳ кӯшиш мекунанд, ки бо истифода аз техникаи нусхабардории ранга бо ҳар роҳу восита пулҳои қалбакиро ба муомилот бароварда, мардуми ноогаҳро фиреб диҳанд.”
Дар хабарномаи Бонки миллӣ аз рӯзи 15-уми ноябр омадааст, пулҳои аслиро бо чанд роҳ, аз ҷумла нишонаи обӣ ва риштаи ҳимоявӣ аз пулҳои қалбакӣ мешавад фарқ кард.