Бино ба гузориши Оҷонсии омори вобаста ба президенти Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли ҷорӣ ба иқтисоди ин кишвар тақрибан 170 миллион доллар сармоягузории мустақими хориҷӣ ҷалб шудааст. Аз ин ҳисоб, 44 дарсад ё 75 миллион доллараш сармоягузориҳои мустақими Чин аст, ки ба ин тартиб муҳимтарин сармоягузор ба иқтисоди Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Русия бо 13,8 фоиз ё 23,3 миллион доллар сармоягузории мустақим дар ин “сабқат”-и спонсорҳои бевоситаи иқтисоди Тоҷикистон мақоми дуюм ва Бритониёи Кабир бо 10,8 миллион доллар ё 6,4 дарсад саҳм дар ҷамъи чунин сармоягузориҳо дар ҷои сеюм қарор доштаанд. Ҳамин тавр, бино ба омори расмии Оҷонсии омор, ки хабаргузории “Азия Плюс” нашр кардааст, Амрико ба иқтисоди Тоҷикистон 8,9 миллион доллар(5,3%), Қатар 4,7 миллион (2,8%), Эрон 2,4 миллион (1,4%), Швейтсария 2 миллион (1,2%), Имороти Муттаҳидаи Араб 1,5 миллион (0,9%) ва Ҳинд 1,4 миллион (0,8) фоиз сармоягузории мустақим кардаанд. Саҳми кишварҳои дигар бино бар сармоягузории ночизашон ба иқтисоди Тоҷикистон оварда нашудааст.
Бино бар ин манбаъ, 38,4 дарсади ин сармоягузориҳои мустақим ба соҳаи истихроҷи маъданҳо, 20 дарсад – ба риштаи мухобирот, 16,9 дарсад ба анҷоми корҳои геологиву иктишофӣ ва 5,4 дарсад ба соҳоти сохтмону корҳои тармимӣ сурат гирифтааст. Бар пояи омори расмӣ, имрӯз дар Тоҷикистон 285 корхона пурра ё қисман бо сармояи хориҷӣ кор мекунанд.
Ҷамъи сармояҳои хориҷии ҷалбшуда ба иқтисоди Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2014 ҳудудан 520 миллион доллар гуфта мешавад, ки ин нисбат ба айни давраи соли қаблӣ қариб 228 миллион доллар, ё 78,2 дарсад бештар аст. Ин афзоиш низ асосан аз ҳисоби тавсиаи сармоягузориҳои Чин ба иқтисоди Тоҷикистон ба даст омадааст.
Чин дар ҳоле чанд сол боз унвони “чемпионӣ” дар амри сармоягузориҳои бавоситаву бевосита ба иқтисоди Тоҷикистонро аз даст раҳо намекунад, ки бино ба ҳисобҳо, қарзи Душанбе аз Пекин аз марзи 1 миллиард доллар гузаштааст ва беш аз нисф аз 2 миллиарду 146 миллион доллар қарзи хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Бар илова, дар ҷараёни сафари давлатии раҳбари Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 14-14 сентябри соли равон дар пайи ширкаташ дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай, як иттиҳодияи минтақавии таҳти нуфузи Чину Русия, сурат гирифт, байни ду кишвар боз 16 санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ба сурати умум ҷалби 6 миллиар доллар сармояи дигари Чин ба иқтисоди Тоҷикистонро дар назар дорад. Бузургтарини ин санадҳо қарордоди бунёди хатти чоруми лӯлаи гази Осиёи Марказӣ – Чин аст, ки 400 километраш аз ҳудуди Тоҷикистон хоҳад гузашт ва харҷи сохтани ин лӯла 3,2 миллиард доллар баровард шудааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, “дар ҷараёни сохтмони ин иншооти азим, ки 3 сол идома меёбад, беш аз 3 ҳазор нафар бо кор таъмин мешаванд ва аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд. Дар 47 мавзеи масири сохтмон ба дарозии умумии 76 км нақбҳо канда мешаванд, ки 24-тоаш аз зери об мегузарад.”
Ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин умедвор аст, ки бо кумаки Чин соҳиб газу нафти фаровони тавлидоти ватанӣ хоҳад шуд. Бино ба гузориши сомонаи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои сафари давлатии Си Ҷинпин, “ҳамчунин изҳори боварӣ карда шуд, ки корҳои ҷустуҷӯӣ-геологии ширкати давлатии нафту гази Чин (CNPC) ва шарикони дигари он дар Тоҷикистон натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд ва мо дар ояндаи наздик соҳиби газу нафти фаровони худӣ мешавем.”
Душанбе ба сурати умум, хушҳолиаш аз барқарории равобити хубу стратегӣ бо Чинро пинҳон намекунад ва ба ин далел, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми сафари ҳамтои чиноияш Си Ҷинпин ӯву бонуи аввали Чинро нафақат дар қароргоҳи худ дар Душанбе шахсан бо аҳли хонаводааш меҳмондорӣ кард, балки барои бори аввал ин меҳмониро аз тариқи расонаҳо хеле таблиғ ҳам кард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомоти Тоҷикистон маъмулан ба ин паҳлуи масъала таъкид мекунанд, бо ҷалби сармоягузориҳои бештари Чин дар Тоҷикистон даҳҳо корхонаи нав бунёд шуда, ҳазорон нафар бо ҷои кор таъмин хоҳанд шуд. Аммо иқтисоди Тоҷикистон аз оқибатҳои чунин вобастагии шадид ба сармояҳои “Аждаҳои сурх”-и Осиё таъкид мекунанд ва мегӯянд, қарзҳову кумакҳои молиии Чин одатан табиати “истеъморӣ” доранд ва Пекин баъди чунин вобаста кардани кишварҳо маъмулан хостҳои худро ба он кишвар таҳмил мекунад. Хусус агар кишвари қарздор тавони пас додани қарзҳояшро надошта бошад.
Яке аз чунин хостҳое, ки метавонад рӯи Тоҷикистон таҳмил шавад, ба ақидаи иқтисоддонҳо, маҷбур кардани Душанбе ба пазируфтани мардикорон аз Чин аст, ки алакай намунаҳояш дар мисоли чанд ҳазор коргари чинии машғул дар тарҳҳои он кишвар дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад. Ҳузури мардикорони чинӣ дар бозори Тоҷикистон, ки бино ба як ҳисоб, як миллиону ба ҳисоби дигар, то 2 миллион аз аҳолии қобили кораш ҳарсол дар ҷустуҷӯи кори муносиб худро ба ғурбат ва асосан ба Русия мезанад, метавонад шиддати иҷтимоиро дар ҷомиа бештар кунад ва ҳатто мунҷар ба таркишҳои иҷтимоӣ дар заминаи ҳузури коргарони Чин дар бозори Тоҷикистон шавад.
Худи ин ҳам ки беш аз нисфи қарзи хориҷии Тоҷикистон ва 44 дарсади сармоягузориҳои мустақим ба иқтисоди ин кишвари фақиру дастнигари кумакҳои хориҷӣ аз чин аст, ба бовари иқтисоддонҳо, ҳолати солиме нест. Ба оқибатҳои он, ба назари онҳо, бояд аз ҳоло андешид, на баъди онки замони пас додани қарзҳои Пекин бирасаду Душанбе ин қарзҳои пайваста дар ҳоли афзоиши ин ҳамсояашро баргардонда натавонад.