Матбуоти хориҷӣ дар пайгирии натиҷаҳои нишасти Сомзони ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе бештар дар бораи ваъдаи миллиардҳо доллар кумаки Чин ба кишварҳои узви ин созмон, дар як рӯз бо ин нишаст эълон шудани таҳримоти нави Амрикову Аврупо алайҳи Русия, хунсардии олуда бо асабонияти раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, шикваи Ислом Каримови солманд аз “гум кардани қутб”-аш дар ҷаҳони печидаи имрӯза, нахустин дидори ӯ бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар 6 соли охир ва дар манзилаш меҳмондорӣ кардани раҳбари Чин Си Ҷинпин ва шахсан ба хонум ӯ кашидани косаи шӯрбо аз тарафи раисиҷумҳури Тоҷикистонро зикр кардаанд.
Нашрияи амрикоии “National Geographic” дар матлабе таҳти унвони “Оё даврони Ҷанги сард бармегардад?” менависад, ”Дар лаҳзаҳое ки Аврупо таҳримоти наваш алайҳи Русияро ҷорӣ мекард, президент Путин дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, бо раҳбарони эътилофе мулоқот дошт, ки ба ақидаи коршиносон, метавонад посухи Шарқ ба НАТО шавад. Сухан дар бораи Созмони ҳамкориҳои Шанхай меравад. Ба азари бисёри коршиносон, кӯшишҳои Амрико барои дар инзивоъ қарор додани Русия ин кишварро ба сӯи иттиҳоди эҳтимолиаш дар оянда бо Чин тела медиҳанд.”
Меҳмондории беназир аз раҳбари Чин
Хабаргузории давлатии Чин – Синхуа бархе нуқоти мусоҳибаи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо матбуоти Чинро нашр кардааст. Оқои Раҳмон дар ин мусоҳиба раҳбари Чин Си Ҷинпинро, ки ба дунболи анҷоми нишасти Шанхай 2 рӯзи дигар барои анҷоми сафари давлатиаш ба Тоҷикистон меҳмони Душанбе монд, “сиёсатмадори хирадманд ва дурбин” тавсиф кардааст: “Ин мулоқоти панҷуми ман бо ҷаноби Ҷинпин буд ва байни мо равобити мӯътамад ва хеле дӯстона ба вуҷуд омадааст. Мо нафақат дар чорчӯби расмӣ, балки дар муҳити ғайрирасмӣ, аз ҷумла тавре дирӯз буд, дар шароити хона ва дӯстона ҳам мулоқот мекунем.”
Расонаҳо ваъдаи 5 миллиард доллар кумаки Чин барои рушди кишварҳои узви Созмони Шанхай ва ваъдаи 6 миллиард ба Тоҷикистон дар 3 соли ояндаро яке дигар аз натиҷаҳои хотирмони нишасти ахири созмони Шанхай дар шаҳри Душанбе меноманд. Аммо таваҷҷӯҳи онҳоро бештар ҳатто на ин ваъдаҳои бузург ва на ширкати Ҷинпину Раҳмон дар расми оғози сохтмони хатти чоруми лӯлаи гази Осиёи Марказӣ – Чин дар рустои Оби шифои ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ҷалб кард, балки зиёфати бесобиқае, ки Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамсари ӯ Азизамоҳ Раҳмонова ба шарафи ин меҳмони барояшон олиқадр ва бонуи аввали Чин - Пен Лиюан – дар қароргоҳи шаҳрии раисиҷумҳури Тоҷикистон оростанд.
Сомонаи CA-news, барои мисол, дар гузоришаш бо нашри навори видеоии ин зиёфат, ки дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон “Шоми дӯстӣ” номаш кардааст, барои ҳамсари Си Ҷинпин як коса шӯрбо кашидани Эмомалӣ Раҳмон ва ба тани раҳбари Чин пӯшондани ҷомаю тоқии тоҷикиро таъкид кардааст.
Дар ба рӯи Эрон ҳанӯз баста хоҳад монд
Тартиби қабули аъзои нав, ки роҳро барои пазируфтани кишварҳои бештаре ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай бояд ҳамвор кунад ва Маскав алакай эълон кардааст, ки дар давраи раёсаташ ин созмон ҳатман густариш хоҳад ёфт, низ дар расонаҳо зиёд бозтоб ёфтааст. Аммо CA-news аз қавли Дмитрий Мезентсев, дабири кулли Созмони Шанхай хабар дода, ки умеди Эрон барои ҳамроҳӣ ба он ҳанӯз бармаҳал аст. Ба гуфтаи Мезентсев, Теҳрон пеш аз пайвастан ба Созмони Шанхай бояд мушкили таҳримоти байналмилалиашро рафъ кунад.
Вале Ҳинду Покистон, ба навиштаи расонаҳо, шонсе доранд, ки алакай дар соли 2015 дар нишасти Уфа ба ин созмони минтақавӣ пайваста, шумори аҳолии кишварҳои узвашро аз 1, миллиарди феълӣ ба 3 миллиард (!!!) нафар бирасонад.
Хабарнигороне, ки Владимир Путинро дар сафараш ба Душанбе ҳамроҳӣ мекарданд, менависанд, ки бо вуҷуди бӯҳрони Украина ва мавзӯи таҳримот ӯ талош мекард, то худро қавиирода нишон бидиҳад, вале ба навиштаи “Комсомолская правда”-и чопи Маскав алакай дар рӯзи аввали расиданаш ба Душанбе дар консерти расмӣ ба шарафи меҳмонони нишасти Шанхай мушоҳида мешуд, ки Путин, ҳарчанд талош дошт инро нишон надиҳад, дар толор хеле асабонӣ маълум мешуд.
"Қутб"-и гумшудаи Каримов
Аммо хабарнигори “Московский комсомолетс”, нашрияи дигари чопи Маскав дар сафари Душанбе ҳолати худгумкардагии Ислом Каримов, раисиҷумҳури 76-солаи Узбакистонро мушоҳида кардааст. Каримов, ки ба навиштаи хабарнигор, баъди ҷанҷоли дохили хонаводааш ва ҳатто ифтитоҳи парванда алайҳи духтараш Гулнора бори аввал бо Путин мулоқот мекард, хостори сӯҳбатҳои бештару тӯлонитар бо ӯ шудааст, то ки “қутб”-ашро гум накунад: “Маънои шарикиву ҳамкории стратегӣ низ ҳамин аст, ки бештар машварат кунем, ба суолҳои ҷамъшуда посухҳои бештар бигирем ва дар ҳоли дармондлагӣ қарор нагирем, қутбамонро гум накунем.”
Аммо агар Каримов аз моҳи феврал ба ин сӯ, 8 моҳ боз бо Путин мулоқоте надошт, сӯҳбати ӯ бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон нахустин мулоқоти рӯбарӯи раҳбарони аввали Тоҷикистону Узбакистон дар 6 соли охир буд ва аксари расонаҳо аз ҳамин зовия ба баҳси ин мавзӯъ пардохтаанд. Сомонаи Deutsche Welle дар матлабе таҳти унвони “Тоҷикикистону Узбакистон: Гиреҳи печидаи ихтилофот” менависад, бо вуҷуди 1100 километр матрзи муштарак байни ин ду кишвари ҳамсоя, “дар музокироти рӯзи 11 сентябр дар Душанбе иттилои аҷибе садо дод, ки ҳаҷми тиҷорати ду кишвар аз 300 миллион доллари соли 2007 то 2,1 миллион доллар дар соли 2014 коҳиш ёфтааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи коршиносон, зарфияти ҳамкории онҳо метавонад то ним миллиард долларро ташкил диҳад.”
Вале менависад Deutsche Welle, бо вуҷуди изҳори умедвории Каримов ва Раҳмон ба “рафъи мониаҳои мавҷуда дар роҳи равобити ду кишвар” ба назар намерасад, ки онҳо дар мулоқоти Душанбе дар амри рафъи ин мониаҳо, ба хусус дар мавриди тарҳи нирӯгоҳи Роғун – як мояи асосии ихтилофи Тошканду Душанбе- пешрафте карда бошанд. Алишер Тӯқсанов, корманди собиқи вазорати хориҷаи Узбакистон, ки ҳоло дар Швейтсария ба сар мебарад, ба Deutsche Welle гуфтааст, гумон аст, ки Каримов ва Раҳмон дар Душанбе аз Роғун ҳатто лаб кушода бошанд: “Ба гуфтаи ӯ, набояд зиёд умедвори тағйири мавзеи ин ду кишвар шуд. “Марзҳо боз намешаванд, режими раводид лағв нахоҳад шуд, парвози ҳавопаймоҳоро аз сар намегиранд. Чунки мушкили асосӣ – нирӯгоҳи Роғун – ҳамчунон ҳалношуда боқӣ мемонад. Ислом Каримов ками дар кам ба гузашт меравад, вале дар ин масъала мӯътақид аст, ки гузашт имкон надорад,” – таъкид кард Тӯқсанов.”
Муҳим чӣ буд?
Зимнан дар як назарсанҷии ғайрирасмӣ дар сомонаи Озодӣ ба ин суол ки «Муҳимтарин натиҷаи нишасти Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) дар Душанбе чӣ буд?” аз 323 нафаре, ки то лааҳзаи таҳияи ин гузориш назар додаанд, 30 дарсад мулоқоти рӯбарӯи Э.Раҳмон ва И.Каримовро муҳимтарин натиҷаи он хондаанд. 10,2 дарсад ваъдаи миллиардҳо доллар кумаки Чин, 17 дарсад боз шудани роҳҳои мошингард дар ҳудуди СҲШ, 6,2 дарсад тартиби қабули аъзои навро муҳим хондаанд. Вале боз ҳам 29,7 дарсад аз пурсидашудаҳо бар ин назаранд, ки нишасти Душанбе натиҷаи муҳиме надошт.
Шумо низ метавонед назари худро дар ин мавзӯъ баён кунед:
Муҳимтарин натиҷаи нишасти Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) дар Душанбе чӣ буд?