Чин ба Тоҷикистон бо техникаи наҷотбахш кӯмак мекунад. ВИДЕО

Обхезӣ дар Дарвоз. Июли соли 2017

Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон гуфт, қарор аст тирамоҳи имсол Чин ба ин сохтор ба маблағи 11 миллион доллари ИМА кӯмаки техникӣ ироа кунад. Ин кӯмак дар шароите карда мешавад, ки Тоҷикистон соли ҷорӣ яке аз пурофаттарин марҳилаҳоро пушти сар мекунад ва дар шаш моҳи соли ҷорӣ бар асари селу тармафароӣ дар кишвар беш аз 20 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Рустам Назарзода, раҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон рӯзи 20 июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки то чанд моҳи дигар Тоҷикистон аз Чин дар чаҳорчӯби як барномаи СММ дар робита ба пешгирӣ аз паёмадҳои офатҳои табиӣ беш 62 адад техникаи пуриқтидор хоҳад гирифт. Ба гуфтаи ҷаноби Назарзода, феҳрасти ин воситаҳои фанниро СММ тасдиқ кардааст ва акнун онҳо ба Тоҷикистон расонида мешаванд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чин ба КҲФ-и Тоҷикистон 11 млн $ кӯмаки техникӣ мерасонад

Вай гуфт: «Чин ба маблағи 70 миллион юан ё муодили 11-12 миллион доллар ба мо 62 адад техника ирсол мекунад. Дар мавриди чархбол ёдовар мешавам, ки феълан кумитаи мо барои нигаҳдорӣ ва истифодаи чархбол омода нест. Аммо эҳтимол дорад, дар солҳои 2019 ё 2020 мавзӯи харидории чархболи вижа барои КҲФ баррасӣ шавад».

Зимнан, нархи як адад чархболи Ми-8, ки дар сохторҳои кӯмаки изтирории бисёр кишварҳои кӯҳманзари ҷаҳон истифода мешавад, то 15 миллион доллар арзиш дорад. Ба далели мушкилоти молӣ то ҳол кумитаи изтирорӣ натавонистааст соҳиби чунин як чархболи вижа шавад. Бо назардошти ин мушкили Тоҷикистон, як ҳафта пеш мутахассисони пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия савори чархболҳои низомии худ талош карданд садди сунъиеро, ки дар натиҷаи селе дар ноҳияи Дарвози Бадахшон кӯли сунъиро ба вуҷуд оварда буд, рахна кунанд. Аз ҳаво тариқи чархболҳо 100 кило тротил партофта шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаро ба ҳангоми фаромадани тарма дар манотиқи шимоли Тоҷикистон мавсими сербарфи зимистони имсол барои камбуди техникаи зарурии кӯмаккунанда ҳам интиқод карданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сел маҷрои Панҷро дар Дарвоз баст

Ҳуринисо Ҳоҷиева, як сокини шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт 20 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бо гузашти тақрибан як ҳафта аз селфароӣ дар шаҳраки онҳо, сокинон бо талоши худ кӯшиш доранд, ки рустову манзилҳояшонро аз осори сел поккорӣ хоҳанд кард: «Вақте сел фаромад, ҳавлиҳои тақрибан як кӯча зери лой ва гил монданд. Чорвои зиёде ҳам талаф шуд. Мақомоти маҳаллӣ ва намояндаҳои КҲФ мегӯянд, ки ҳавлиҳоятонро тоза кунед ва зиндагӣ кунед. Аммо барои ин кор на ҳама имкони молӣ дорад».

Дар ҳамин ҳол Рустам Назарзода дар посух ба саволи Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт, ки дар ин минтақа танҳо як масъули КҲФ бо як техника фаъолият мекунад, ки барояш расидагӣ ба мушкилоти ҳамаи зарардидагон душвор аст. Вай афзуд, ки ҳоло лоиҳаи тағйири сохтори Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар баррасии Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад, ки яке аз ҳадафҳои асосии он тақвияти фаъолияти бахшҳои ноҳиявии ин ниҳод мебошад. Гузашта аз ин, бархе аз раёсатҳои КҲФ, ки такрори ҳамдигар мебошанд, аз байн бурда мешаванд.

Сел дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, 1 июли соли 2017

Генерали мустаъфӣ Нуралишо Назаров, ки дар гузашта муддати чанд сол раҳбарии ин ниҳодро ба ӯҳда дошт, рӯзи 20 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки солҳои 2000-ум низ камбуди техникаи наҷотдиҳӣ ва мутахассисон дар фаъолияти ин ниҳод эҳсос мешуд. Вай гуфт, он замон ва имрӯз ҳам «минтақаи Рашту Бадахшон хеле осебпазиранд». Барои таъмини ин сохтор бо техникаву таҷҳизоти зарурӣ ва ҳам мустахассисон, маблағи зиёд лозим аст.

Рустам Назарзода мегӯяд, ки якҷо бо Саридораи геологияи Тоҷикистон харитаи минтақаҳои ба офатҳои табиӣ осебпазирро таҳия кардаанд ва он аз се бахш иборат мебошад. Ба гуфтаи онҳо, феълан ҳудуди 100 ҳазор сокини Тоҷикистон дар манотиқи ноамн зиндагӣ мекунанд ва дар стратегияи кори ин ниҳод кӯмак ва ҷилавгирӣ аз паёмадҳои офатҳои табиӣ дар макони зисти ин қишри ҷомеа авлавият доранд.

Дар ҳоле, ки буҷаи кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ барои таъминони техникии тамоми эҳтиёҷоти он кофӣ нест, мақомот аз гуфтани имкониятҳои молии ин сохтор худдорӣ мекунанд. Дар як суханрониаш январи имсол Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, ки дар пайи офатҳои табиӣ дар кишвар ба иқтисоди Тоҷикистон дар панҷ соли ахир ба маблағи 600 миллион доллари ИМА хисорот ворид шудааст.

Роҳи Душанбе-Хуҷанд, зимистони соли 2017

Ҳамзамон дар ин муддат бо кӯмаки созмонҳои байналмилалии молӣ дар Тоҷикистон 7 барномаҳои марбут ба ҳифзи аҳолӣ аз офатҳои табиӣ ба маблағи 600 миллион сомонӣ мавриди иҷро қарор дода шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон низ дар ин муддат аз ҳисоби захираҳои худ ба ин мақсад 51 миллион сомонӣ ихтисос додааст. Бо ин ҳама коршиносон бо дарназардошти осебпазирии Тоҷикистони кӯҳистонӣ аз тағйири иқлим ин ҳама талошҳоро барои коҳиши хатарҳо аз офатҳои табиӣ нокофӣ арзёбӣ мекунанд.