Як ширкати чинӣ, ки ваъда дода буд, шаҳраки бузургеро дар вилояти Суғд месозад, аз ин тарҳ даст кашидааст. Ҳоло ҳукумати шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки барои 32 оилае, ки хонаҳояшон барои сохтани шаҳрак вайрон шуд, хона месозад.
Дар ин бора Маъруф Муҳамадзода, раиси шаҳри Хуҷанд рӯзи 29 январ хабар дод. Ӯ зимни нишасти хабарӣ гуфт, сабабҳои аз тарҳ даст кашидани сармоягузорони чинӣ маълум нест.
“Бо ширкати Ҳусноро -1”, ки шаҳрвандони Чин сармоягузорӣ мекунанд, 4 сол пеш дар бораи сохтани биноҳои бисёртабақа дар Хуҷанд шартнома баста шуд. Вале ширкат бо сабабҳои ба мо номаълум то имрӯз ба сохтмон оғоз накард” , гуфт, ӯ.
Баъди ба ваъдааш вафо накардани ширкати “Ҳусноро-1” ба гуфтаи раиси шаҳр, ҳукумати Хуҷанд, ба сохтмони бинои бисёртабақа шуруъ кард, то 32 оилае, ки бехона монданд, бо манзили истиқоматӣ таъмин шаванд.
Ин оилаҳо аз маҳаллаи Раҳмон Набиев дар Хуҷанд, ки баъди аз байн бурдани хонаҳояшон чаҳор сол аст, ки дар хонаҳои иҷора зиндагӣ мекунанд. Онҳо умедвор буданд, ки дар муддати кутоҳ соҳиби хонаи нав мешаванд, аммо орзуҳояшон то кунун амалӣ нашудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Чаро "China town" ях баст? ВИДЕОДар пайи арзу доди зиёди ин оилаҳо шаҳрдории Хуҷанд соли 2018 се намояндаи маҳалларо барои як ҳафта ба Чин фиристод ва ширкати чинӣ ба онҳо қавл додааст, ки сохтмони хонаҳоро ба зудӣ оғоз мекунад.
Оилаи Ҳошимовҳо яке ин хонаводаҳоест, ки соли 2015 ҳавлиашонро вайрон карданд. Оилаи 10 нафарӣ ҳоло дар хонаи иҷора зиндагӣ дорад. Рафоат Ҳошимова, сарвари хонавода мегӯяд, ҳарчанд ширкат пули иҷораро мепардозад, вале дар хонаи иҷора худро роҳат ҳис намекунанд.
"Омадан чуқурӣ карданд, пури об шуд, тамом"
Ӯ рузи 29-уми январ дар бораи зиндагиашон дар чаҳор соли гузашта суҳбат кард. "Маҷлис карданд, ваъда доданд, ки биноро худашон месозанд. Омаданду чанд чуқурӣ канданд, як трактор оварда монданд, халос. Чуқурӣ пури об шуд. Фарзандонамон калон шудаанд. Набераҳо ҳастанд. Онҳоро тӯй кардан зарур . Ба умедем, ки хонаи ваъдагиро месозанд ва ба он мекӯчем", гуфт, ӯ.
Раиси шаҳри Хуҷанд гуфт, бунёди биноҳои бисёртабақа дар канори Сир мушкил аст, чун замин намнок аст ва дар чанд метр чуқурӣ об мебарояд. Бо вуҷуди ин мақомот мегуянд, ки биноро месозанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Хонаҳои насия дар Хуҷанд. Харидорон дар навбат?Як фарди огоҳ аз тарҳ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чиниҳо аз қабл шароити хонасозӣ дар канори Сирро ба инобат нагирифтаанд ва баъди оғози кор маълум кардаанд, ки тарҳ барояшон гарон меафтанд, аз ин сабаб аз идомаи кор худдорӣ кардаанд.
Ба қавли Маъруф Муҳаммадҷонзода, баъдан онҳо тарҳи наверо таҳия карданд, ки ҳукумат онро пазируфт, вале чиниҳо аз сармоягузорӣ ба тарҳ худдорӣ намуданд.
Тарҳи маҳалла, ки онро "China Тown" меномиданд, дар маркази вилояти Суғд моҳи августи соли 2015 бо мудири кулли ширкати "Пекин" Ҷао Шин Ҷо ва гурӯҳе аз меъморонии Чин ниҳоӣ шуд. Бар асоси тарҳ дар инҷо бояд 15 бинои бисёртабақа барои 1200 оила мактаби чаҳорошёна ва дигар иншооти иҷтимоиро сохта мешуд. Ҳамаи инро бояд дар муддати 5 сол бунёд мекарданд.