Ҳудуди 30 хонаводаро дар маркази вилояти Суғд то ҳол оғоз наёфтани сохтмони шаҳраки маъруф ба "China town" дар хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд сахт нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, ки соли гузашта ба далели бунёди биноҳои баландошёна мақомот манзили онҳоро дар ин хиёбон хароб карда буданд, аммо бо гузашти тақрибан як сол "на пай ҳасту на Ҳайдар".
Рафоат Ҳошимова, сокини пештараи хиёбони Раҳмон Набиев, ҳоло ҳамроҳи нуҳ узви дигари оилааш дар манзили иҷора ба сар мебарад. Пули иҷораро ширкати "Ҳусноро-1" пардохт мекунад, ки ба як сармоягузори чинӣ тааллуқ дошта, корҳои сохтмонӣ дар маҳаллаи нави "China town" низ ба дӯшаш аст.
Холаи Рафаоат рӯзи 13 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ҳар субҳ ҳамроҳи наберагонаш барои хабаргирии маҳалли биноҳои нав меравад. "Мо қарордодро 2 сол пеш имзо кардем. Қариб як сол пештар хонаамонро бошитоб вайрон карданд. Гуфта буданд, ки ҳамаатонро ҷой мекунем, розӣ мекунем. Лекин то ҳол “имрӯзу фардо” ва “ҳафтаи оянда”-гуфта, корро сар накардаанд. Мо хавотирем, ки аз ин мондаву аз он ронда нашавем," - афзуд ӯ.
Бунёди шаҳраки нав дар хиёбони Раҳмон Набиеви Хуҷанд, ки аз он ба номи "China town" ёд мешавад, моҳи августи соли 2015 ҳангоми мулоқоти раиси собиқи Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо мудири кулли ширкати "Пекин" Ҷао Шин Ҷо ва гурӯҳе аз меъморону сохтмончиёни Чин ниҳоӣ шуда буд. Бар пояи хабарҳои расмӣ, тибқи қарордод тарҳи ин шаҳрак бунёди 15 бинои бисёртабақа барои 1200 оила, мактаби чаҳорошёна ва дигар иншооти иҷтимоиро дарбар гирифта ва муҳлати анҷоми он дар 5 сол пешбинӣ шудааст.
Таъхир дар сохтмони ин шаҳрак, ки дар наздикии дарёи Сир воқеъ аст, аз ҳоло миёни сокинон чандин фарзияҳо ва овозаҳоро ба миён овардааст. Яке аз овозаҳо ин аст, ки гӯё зимни санҷиш аз ҷойи таҳкурсӣ ё пойдевори биноҳо об баромада, сармоягузори чиниро аз сармоягузорӣ ба тарҳи сохтмони биноҳо дилсард кардааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аммо Маъруф Мамадҷонзода, муовини раиси Хуҷанд, ин сарусадоҳоро бепоя хонд ва гуфт, ки ин тарҳ бекор нашудааст. Ӯ 13 апрел дар суҳбат бо Озодӣ таъхири оғози сохтмони биноҳоро чунин шарҳ дод: “Ин иншооти бузург аст, иборат аз чандин биноҳои бисёртабақа ва мувофиқи меъёрҳои сохтмонӣ, лоиҳакашии чунин биноҳо замони зиёд мехоҳад. Ҳоло нахуст ташхиси замини сохтмон ба анҷом расонида шуд. Ҳоло лоиҳакашӣ идома дорад ва мо дархост намудем аввал тарҳи 2 бино барои сокинонро анҷом диҳанд, ки ба навбати аввал сохта шаванд.”
Мамадҷонзода афзуд, бо ин ҳама тибқи пешбинӣ, моҳи майи соли равон сохтмони нахустин биноҳои бисёртабақа дар хиёбони мазкур шуруъ хоҳад шуд.
Ин нахустин маблағгузории бахши хусусии Чин ба сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар Суғд барои сокинон хоҳад буд. Вале ин ширкат уҳдадор шудааст ҳудуди 70 дарсади коргаронро аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ба кор ҷалб кунад. Ҳамчунин масъулони ин ширкат тибқи қарордод, манзилҳои биноҳои бунёдкардаи худро барои фурӯш ба сокинони Тоҷикистон пешниҳод хоҳанд кард.
Чин аз баҳрабардорони аслӣ аз конҳои маъдани шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Саҳмияҳои корхонаи муштараки тилои “Зарафшон” умдатан ва корхонаи сурбу рӯҳи шаҳраки Зарнисор (Олтинтопгани собиқ)-ро Чин дар даст дорад. Ҳамчунин, кишвари Чин аз талабгорони асосии баҳрабардорӣ аз захоири Кони Мансур, дувумин кони бузурги нуқра дар ҷаҳон, воқеъ дар тахминан 50-километрии Хуҷанд аст.