Ҳукумати Чин ризоият додааст, ки сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Узбакистонро сармоягузорӣ кунад.
Ноиби сарвазири Қирғизистон Тайирбек Сарпашев баъд аз бозгашт аз сафари Пекин ба хабарнигорон гуфт, Ҳукумати Чин ризоият додааст, ки сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Узбакистонро сармоягузорӣ кунад. Вай афзуд, ин сармоягузорӣ аз 2 миллиард доллари амрикоӣ иборат хоҳад буд. Аммо дар ҳамин ҳол ҳукумати Чин дар бораи бунёди шохаҳои дигари ин роҳ, ки аз Тоҷикистону Афғонистон гузарад ва ҳам ба Эрон васл шавад, иттилое надодааст.
Ин дар ҳолест, ки омӯзиши ҳамаи тарҳҳо дар моҳи январи соли 2013 ба поён расид ва ҳукумати Чин тасмими ниҳояишро бар пояи натиҷаҳои ин озмоишҳо эълом доштааст. Ҳоло қарор аст, ҳамаи санадҳои марбут ба тарҳ аз чиноӣ ба русӣ баргардон ва ба ҳукуматҳои Қирғизистону Узбакистон пешниҳод шаванд. Қарор аст, ин кор дар чанд ҳафтаи оянда ба анҷом расад.
Андешаи бунёди як роҳи оҳан, ки Чинро ба воситаи Қирғизистон ба Узбакистон пайванд диҳад, ҳанӯз дар соли 1996 баён шуда буд. Ин роҳи оҳан, қарор аст, яке аз бузургтарин бозорҳои Чин дар Қошғарро бо Қирғизистон ва дар ин ҷо аз наздикии калонтарин бозори ин кишвар – Қарасу ба Андиҷони Узбакистон васл намояд. Масири роҳ муайян шудааст, аммо ҳоло баҳси дигаре идома мекунад, ки роҳ ҳамчунин бояд аз Бишкек, пойтахти Қирғизистон низ гузарад.
Роҳи оҳани нав, қарор аст, интиқоли моли Чинро ба Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон ва ҳамчунин нақли маводи хоми Осиёи Марказиро ба Чин осон кунад.
Ҳам Бишкек ва ҳам Тошканд аллакай ҳимояти худро аз тарҳ изҳор доштаанд. Сарвазири Қирғизистон Жанторо Атибалдиев ҳангоми тасдиқ шуданаш ба ин мақом дар моҳи сентябри соли гузашта гуфт, ҳукуматаш аз ин тарҳ пуштибонӣ хоҳад кард. Баъд аз ду моҳаш муовини вазири равобити иқтисодии хориҷӣ, сармоягузорӣ ва тиҷорати Узбакистон, Бахтиёр Абдусамадов низ эълон кард, ки кишвараш хостори иҷрои тарҳи мазкур аст.
Омӯзиши фаннии тарҳи роҳи оҳани дигаре дар байни Чин ва Эрон ба воситаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон низ дар моҳи январи соли равон ба поён расидааст. Дар ҳоле ки ҳукумати Чин ҳимояти қатъии худро аз тарҳи Чин – Қирғизистон – Узбакистон эълон кардааст, рӯшан нест, тарҳи дувумро сармоягузорӣ хоҳад кард ё не. Ин дар ҳолест, ки яке аз вакили порлумони Қирғизистон дар моҳи сентябр мухолифати худро ба тарҳи аввал баён дошта буд. Замир Бекбоев рӯзи 28-уми сентябр дар Бишкек гуфт, ки Узбакистон метавонад дар ҳар фурсати дилхоҳаш қисми роҳи оҳани худро бандад ва Қирғизистонро дар муҳосира қарор диҳад. Аммо вазири нақлиёти Қирғизистон, Қалиқбек Султонов, бар ин аст, ки тарҳи роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон -- Эрон ба кишвараш суд намеорад ва кишвараш ба сохтмони роҳи Чин – Қирғизистон -- Узбакистон бартарӣ медиҳад.
Тоҷикистон тарҳи Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон -- Эронро яке аз роҳҳои бурунрафт аз бунбасти нақлиётие медонад, ки Узбакистон барояш эҷод кардааст. Ин аст, ки Тоҷикистон се сол пеш ба бунёди як қитъаи ин роҳи эҳтимолӣ аз шаҳри Ваҳдат то Қӯрғонтеппа оғоз карда буд.
Дар айни баҳсҳои марбут ба ду тарҳ сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Қирғизистон, Манучеҳри Муродӣ, дар сӯҳбат бо хабаргузории АКИ-пресс гуфта буд, ки барои Эрон муҳим нест, масири роҳи нав аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад, ё Узбакистон, балки "муҳим он аст, ки ин роҳ бо шабакаи роҳи оҳани Эрон бипайвандад." Вай афзуд буд, ки дар он ҳолат Эрон метавонад, ба сохтмони қитъаи қирғизистонии роҳи нав сармоягузорӣ кунад.
Дар оғози моҳи июни соли 2012 раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳошияи нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой бо ҳамтои эронии худ Маҳмуди Аҳмадинажод тарҳи роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон -- Эронро баррасӣ кард ва хостори ин шуд, ки ду кишвар аз як мавзеъ баромад кунанд. Вале хабари охирин дар ин бора нишон медиҳад, ки талошҳои Тоҷикистон натиҷаи матлуб надодаанд ва дар ҳоли ҳозир тарҳи Чин – Қирғизистон – Узбакистон аз ҳимояти ҳукумати Чин бархӯрдор гаштааст.