Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Узбакистон ва Тоҷикистон бар сари вагонҳо


Тошканд дар ҳоле Душанберо ба пахши «хабарҳои беасос ва бардуруғ» дар мавриди боздошти вагонҳои Тоҷикистон муттаҳам мекунад, ки тибқи иттилои ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир 1126 вагони ин кишвар дар қаламрави Узбакистон дар банд аст.

Яке аз масъулони роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, ин иттилои расмист ва бино ба иттилои бархе аз соҳибкорон, теъдоди дигари вагонҳо низ дар истгоҳҳои роҳи Узбакистон мутаваққиф шудаанд.

Вазорати хориҷаи Узбакистон дар баёнияи матбуотии худ, ки дар сомонаи ҳамин вазорат ба нашр расидааст, гуфтааст, интиқоли вагонҳо ба самти Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи ахир 102 дарсад афзоиш ёфт ва Узбакистон ӯҳдадориҳои худ дар масъалаи транзити коло аз қаламравашро ба пуррагӣ иҷро мекунад.

Иддаоҳои мақомоти Тоҷикстонро, ки ахиран аз тариқи оҷонсиҳои хабарӣ пахш шуд, ҷониби Узбакистон «беасос ва иғвоангез» номидааст.

Тошканд вагонҳоро нодида мегирад

Андрей Тропин, мувоини раиси ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон мегӯяд, вақте вагонҳо боздошта мешавад, мақомоти роҳи оҳани Узбакистон ҳамтоёни тоҷики худро дар ҷараён намегузорандҷ Намегӯянд, ки чанд вагон нигоҳ дошта шуд ва сабаби боздошти вагонҳо дар чист:

«Масъалаи интиқоли вагонҳои Тоҷикистон аз тариқи Узбакистон ва масъалаи раҳо шудани вагонҳо аз ҷониби Узбакистон то кунун ҳалношуда боқӣ мемонад. Вагонҳое, ки ба муддати зиёд дар қаламрави Узбакистон мемонанд, ҳомили борҳои мухталиф, ба монанди бензин, мазут, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар маводи мавриди ниёз ҳастанд, ки мустақим ё транзит аз Русия, Қазоқистон, Эрон ва аз кишварҳои дигари собиқ шӯравӣ бояд вориди Тоҷикистон шаванд. Вагонҳо бидуни шарҳу тавзеҳи ҷониби Узбакистон дар қаламрави ин кишвар нигоҳдорӣ мешаванд».

Музокироти бенатиҷа

Ба қавли намояндагони мақомоти ширкати Роҳи оҳан ва вазорати транспорт ва алоқаи Тоҷикистон, гуфтушунидҳои як соли ахир бо мақомоти дахлдори кишвари ҳамсоя ба вижа дар масъалаи ҳамлу нақли вагонҳо то ҳол натиҷае надодааст.

Баёнияи вазорати хориҷаи Узбакистон дар рӯзҳое нашр шуд, ки ҳафтаи гузашта музокироти ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон Усмон Қаландаров дар Тошканд бидуни натиҷа анҷом шуд.

Сафорати Узбакистон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки онҳо бештар аз баёнияи матуботии вазорати хориҷаи кишварашон шарҳеро дар ин замина ироа нахоҳанд кард.

Дарди сар барои Тоҷикистон

Дар ҳамин ҳол таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, масъалаи ҳамлу нақли вагонҳои марбут ба Тоҷикистон, ки ҳоло ба як дарди сар табдил шудааст, ба достони нерӯгоҳи Роғун рабт мегирад. Тошканд талош дорад бо ҳама роҳу восита ба бунёди ин иншооти барои Тоҷикистон сарнавиштсоз мухолифат кунад. Зеро ба бовари мақомоти Тошканд бунёди ин нирӯгоҳ ба соҳаи кишоварзии ин Узбакистон осеб мерасонад.

Додарбек Эшонқулов, як соҳибкори тоҷик, ки аз Чин моли тоҷиронро бо вагонҳои худ ба Тоҷикистон интиқол медиҳад мегӯяд, ки таи ду моҳ 8 вагони ӯ дар қаламрави Узбакистон дар банд монд. Вале баъди ба даст овардани иҷозаи ҳаракати қаторҳо дарёфт, ки молу маводи ӯ ба маблағи 7 ҳазор доллар аз вагонҳо дуздида шудааст. Ҳоло ин соҳибкор бояд маблағи 7 ҳазор доллари моли тоҷиронро пардохт кунад.
XS
SM
MD
LG