Анҷумани 18-уми ҳизби коммунисти Чин бо гузориши ҳисоботии раҳбари кунунии ин ҳизбу ин кишвар Ҳу Ҷинтао оғоз ёфт.
Ҳу Ҷинтао, раисиҷумҳури Чин, гуфт, кишвараш бояд роҳи ислоҳот, аз ҷумла ислоҳоти сохтори сиёсиашро идома диҳад ва бо таъмини заминаҳои “рушди собиту муназзам ва мутавозин” маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар бояд то соли 2020 назар ба соли 2010 ду маротиба биафзояд.
Як бахши аъзами суханрониҳои Ҳу Ҷинтао марбут ба роҳ ёфтани фасод ба идораҳои давлатии Чин буд. Раҳбари Чин гуфт, “ягон нафар ё гурӯҳи алоҳида набояд имтиёзи убур аз марзи қонунро дошта бошад” ва Чин набояд иҷозат диҳад, ки “қонун ба хотири фоидаҳои шахсӣ” зери по шавад.” Ҷинтао илова кард, “муқобила бо фасод ва бунёди ҳукумати поку одил мақсадест, ки ҳизб ба сӯи он саъй мекунад. Ин як масъалаи муҳими сиёсӣ ҳам ҳаст, ки мардум ба он таваҷҷӯҳ доранд. Агар мо ин мушкилро ба хубӣ ҳал накунем, он метавонад барои ҳизб ҳалокатбор шавад ва ҳатто боиси фурӯпошии ҳизб ва суқути давлат гардад.”
Фасод як масъалаи хеле доғ барои Чини имрӯза шудааст. Рӯзномаи давлатии “Cina Daily” ахиран хабар дод, ки танҳо дар 5 соли охир 660 000 узви ҳизби коммунист бо ҷароими мухталиф, аз ҷумла фасод, муҷозот шудаанд. Аммо баёнияи Ҳу Ҷинтао вокуниш ба муборизаи байни гурӯҳҳои мухталиф дар дохили ҳизби коммунист ҳам ҳаст, ки дар пешорӯи табдили раҳбарият сахт аз гиребони ҳам гирифтаанд.
Тибқи қоидае, ки баъди беш аз 30 сол тӯл кашидани замони раёсати асосгузори ҳукумати коммунистии Чин Мао Тзедун роиҷ шуд, сарони кишвар бояд ҳатман баъди ҳар 10 сол иваз шаванд. Ба ин тартиб, анҷумани кунунӣ маъракаи хайрбод бо Ҷинтао ва сарвазир Вен Ҷибаост, ки ба оташи муборизаҳои ҷиноҳҳои қудратҷӯ равған рехт. Нуқтаи авҷи ин набардҳо ҳамагӣ 4 рӯз пеш аз оғози анҷуман аз сафи ҳизби коммунист ронда шудани узви бюрои сиёсӣ ва раҳбари ҳизби коммунисти вилояти Чонгкинг Бо Силай буд. Бо Силай аз он ситораҳои дурахшони насли нави сиёсатмадорони Чин буд, ки интизор мерафт, бо рафтани насли Ҷинтао ва Ҷибао ба мақомҳои аввал бирасанд. Аммо ҷанҷоли фасод ва бо ҷурми даст доштан дар қатли як соҳибкори бритониёӣ маҳкум ба эъдом шудани ҳамсари ӯ, ин ситораи навро хеле зуд аз осмони сиёсати Чин канда кард. Ҳамин тавр, дар арафаи анҷуман раҳбари собиқи ширкати роҳи оҳан Лю Жиҷинро низ аз ҳизб берун кард.
Ба назари таҳлилгарон, шикасти ин гурӯҳ роҳро барои раасидани гурӯҳи дигар ба қудрат ҳамвор кард. Аксари таҳлилгарон интизор доранд, ки Ҳу Ҷинтаоро дар раёсати ҳизб ва давлат муовинаш Сӣ Ҷинпинг ва сарвазир Вен Ҷибаоро дар раҳбарии кобина муовини аввали ӯ Лӣ Кекианг иваз хоҳанд кард.
Род Вай, таҳлилгари масоили сиёсии Чин дар маркази таҳлилии Chatham House, мегӯяд: "Решаи раҳбарии ҳизби коммунисти Чин дар кумитаи доимии Бюрои сиёсист. Феълан аз 9 узви ин ниҳод 7 нафараш 65-сола шудаанд, яъне ба синни нафақа расидаанд. Ва фақат ду нафар – Сӣ Ҷинпинг ва Ли Кекианг мемонанд, ки дар раъси раҳбарияти нав қарор хоҳанд гирифт. Ин ба сари худ барои Чин ғайримаъмулист, ки якбора бахши аъзами раҳбарони аршад иваз мешаванд. Ба назари ман, чунин ҳол онҳоро як андоза бесаранҷом ҳам кардааст.”
Ҷинпинги 59-сола писари раҳбари маъруфи инқилоб Сӣ Жонгсун аст, ки аз асосгузорони ҳизби коммунист дар шимоли Чин дар солҳои 40 ба шумор меравад. Аммо ба фарқ аз боқӣ “ҷавонони тилоӣ”, Ҷинпинг зиндагии шоҳона надошт, чунки падари ӯ соли 1962, дар даврони “инқилоби фарҳангӣ”-и Мао Тзедун аз мақоми муовини сарвазир ба зиндон рафт ва фарзандони ӯ дар як шароити сахту пур аз маҳрумият ба воя расиданд. Ҷинпинг соли 1974 ба ҳизби коммунист пайваст, риштаи муҳандисии саноати кимиёи донишгоҳи Сингҳуаи Пекинро хатм кард, ба хидмати низомӣ пардохт ва то мақоми мушовири дабири кулли Комиссияи марказии низомии Чин “сабзид.” Дар ҳамин айём буд, ки падарашро аз маҳбас раҳо карданд ва ба курсии волии устони Гуангдонг нишонданд.
Карйераи Сӣ Ҷинпинг баъд аз сафед шудани падараш рушд ёфт, вале дар солҳои 80-у 90 аз сатҳи вилоят фаротар нарафт. Ӯ танҳо соли 2002 узви Кумитаи марказии ҳизби коммунист шуд ва ба саҳнаи сиёсии Пекин роҳ ёфт. Ҷинпинг соли 2007 узви бюрои сиёсии ҳизб ва соли 2010 муовини раиси Куммиссиюни марказии низомии Чин таъйин шуд ва акнун зоҳиран раҳбари аввали ин кишвар мешавад. Аммо агар Ҷинпинг бо маъракаи зидди фасод ном бароварда бошад, таҳлилгарон номзад ба мақоми сарвазирӣ Ли Кекианги 57-соларо нафаре медонанд, ки зарурати ислоҳоти иқтисодӣ ба хотири ташвиқи рушди кундшудаи иқтисоди Чинро хуб дарк мекунад. Матбуот ӯро марде ба қалам медиҳад, ки аз як мардикор то ба ҳадди чунин мақоми баланди давлатӣ сабзидааст. Падари ӯ ба фарқ аз падари Ҷинпинг ҳамагӣ як мақоми хурди маҳаллӣ дар вилояти Анҳуй будааст.
Ӯ риштаи ҳуқуқи донишгоҳи Пекинро хатм карда, соли 1976 ба ҳизби коммунист пайваст ва бори аввал аз мақоми раҳбари иттиҳодияи донишҷӯёни донишгоҳи Пекин ба осмони сиёсат парвоз кард. Ӯ доктори улуми иқтисодист ва ба англисӣ ҳам равон сӯҳбат мекунад.
Кекианг дар солҳои 80-и қарни гузашта, вақте раҳбари кунунии Чин Ҳу Ҷинтао раҳбари Лигаи ҷавонон, ё “комсомол”-и Чин буд, низ аз раҳбарони аршади ин созмон маҳсуб мешуд. Дӯстиву иртиботи ӯву Ҷинтао, ки роҳ ба сӯи арши қудрати Чинро барояш чунин суфтаву ҳамвор кард, аз ҳамон даврони ҳамкорӣ дар “комсомол” оғоз мегирад. Кекианг соли 2007 узви Бюрои сиёсии ҳизби коммунист шуд ва соле баъд ба мақоми муовини сарвазири Чин расид.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!