Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Чин Бо Силай ба ҷавобгарӣ кашида мешавад


Бо Силай бо ҳамсараш, ки феълан зиндонӣ мебошад
Бо Силай бо ҳамсараш, ки феълан зиндонӣ мебошад
Чин мегӯяд, собиқ узви ба истилоҳ Политбюро Бо Силай аз сафҳои ҳизби ҳокими коммунисти ин кишвар ихроҷ карда шуд ва ӯ ба ҷавобгарии қонунӣ кашида мешавад.
Расонаҳои давлатии Чин навиштаанд, ки Бо Силай бо фасод, сӯиистифода аз қудрат, ришваситонӣ ва равобити номуносиб бо як идда занон муттаҳам мешавад.
Бо Силай- собиқ раиси шаҳри ҷанубу ғарбии Чонгквин баъди куштори соҳибкори британиявӣ Нейл Ҳейвуд дар моҳи ноябри гузашта барканор шуд.
Ҳамсари ӯ ва собиқ раиси полиси Чонгквин бо иттиҳоми даст доштан дар куштори ин соҳибкор зиндонӣ шуданд.
Рӯзи ҷумъа Чин эълон кард, ки анҷумани ҳизби ҳоким бо ҳадафи интихоби раҳбарони нави ин кишвар 8-уми ноябр доир хоҳад шуд.
Тахмин мешавад, ки дар ин анҷуман баъди даҳ соли раёсатҷумҳурии Чин Ҳу Ҷинтао ба истеъфо рафта, Сӣ Чингпинг президенти Чин интихоб хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG