Пойи устувори Чин дар иқтисодиёти Тоҷикистон

Тозатарин тарҳе, ки чиноиҳои дар Тоҷикистон рӯи даст гирифтаанд, ин бунёди роҳи Восеъ-Ховалинг мебошад.

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон бо Ли Ян Ҷе-мушовири аршади ширкати чиноии «Чунтай-Роҳи нави абрешим» мулоқот кард ва ин ширкат омодагӣ намуд, ки мехоҳад дар бахши кишоварзии Тоҷикистон 120 миллион доллар сармоя гузорад.

Ширкати "Чунтай-Роҳи нави абрешим" пешниҳод кардааст, ки барои иҷрои тарҳи парвариши пахта ва коркарди он 6 ҳазор ҷои корӣ низ эҷод хоҳад кард. Дар оянда ин ширкат мехоҳад сармоягузорӣ дар ин тарҳро ба 200 миллион доллар расонад.

Дар гузаштаҳо низ Чин ба ин минвол дар бахшҳои мухталиф дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва бо чунин сиёсати сармоягузорӣ Чин тадриҷан ҷои пои худро дар Тоҷикистон устувортар мекунад ва ин имкон низ аз мадди назар дур нест, ки амнияти иқтисодии Тоҷикистон зери хатар равад ва ин кишвар пойбанди Чин боқӣ бимонад.

Дар муқоиса бо Русия, ки мехоҳад саҳмияҳои нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистонро ба даст орад ва ё захираҳои маъданӣ ва захираҳои газу нафти Тоҷикистонро баъд аз сармоягузорӣ дар контроли худ дошта бошад, Чин сиёсати дигареро пеш гирифтааст. Чин бо сиёсати нарми сармоягузорӣ ва кӯмакҳои иқтисодӣ Тоҷикистонро тадриҷан ба коми иштиҳои худ мекашад.

Корхонаи муштараки сементбарорӣ дар ноҳияи Ёвон дар ҳамкорӣ бо чиноиҳо бунёд шудааст.

Чин хеле хуб медонад, ки Тоҷикистон бо иқтисоди ақибмондаи худ дар марҳилаи кунунӣ ва умуман аз солҳои аввали истиқлол сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтааст ва сармоягузорӣ ва ё ҳамкориҳои иқтисодӣ бо ҳар кишвареро барои худ муфид медонад. Ба ин далел, Тоҷикистон дар симои Чин яке аз сармоягузорони аслиро мебинад. 23 апрели соли 2014 раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба парлумони Тоҷикистон Чинро ҳамсояи бузург дар самти шарқ ва шарики аслии стратегӣ дар Осиё арзёбӣ кард ва гуфт, ки дар оянда ҳамкориҳои ин кишвар дар бахшҳои мухталиф тавсеа хоҳад ёфт.

Чунин сиёсати Тоҷикистон барои кӯтоҳмуддат мантиқӣ ба назар мерасад, чун дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор дорад, корхонаҳои даврони Шӯравӣ аз кор афтодаанд ва барои мардуми камбизоати Тоҷикистон колоҳои камсифат ва арзони Чин қобили харидорист.

Ҳоло Тоҷикистон чунин ҳамкорӣ бо Чинро аз он нуқтаи назар зарур медонад, ки роҳҳои аслии воридотиаш тавассути қаламрави Узбакистон ҳамеша боз нест ва Чин бо сохтани роҳҳои мошингард гӯё Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кард ва сол то сол сармоягузориашро бештар мекунад. Иқдоми дигари Чин низ ҷалби таваҷҷуҳ мекунад, ки дар аввали ҳамин моҳ China Railway Engineering Corporation дафтари худро дар Тоҷикистон боз кард ва акнун мехоҳад роҳи оҳани миёни Душанбе бо ҷануби Тоҷикистонро васл кунад.

Да Тоҷикистон чандин туннел ва ҷодаҳои муҳим бо сармояи Чин сохта шудаанд.

Дар гузашта роҳи оҳани Душанбе ба ҷануби Тоҷикистон аз қаламрави Узбакистон мегузашт. Вале се сол пеш Узбакистон роҳи оҳани Амузанг-Қӯрғонтеппаро хароб кард ва ҳоло Чин бо сохтани чанд пули фелезӣ ба дарозои 712 метр ва 3,5 километр нақб роҳи оҳани марказро аз тарафи Ваҳдат то ба ноҳияи Ёвон бо ҷануби Тоҷикистон васл мекунад. Ба ҷуз аз ин, Чин дар сохтмони роҳҳо ва нақбҳои дигар ва ҳамчунин сохтмони маркази гармидиҳии Душанбе сармоягузорӣ кардааст ва дар бахши сармоягузорӣ Русияро хеле ақиб андохтааст.

Сафаралӣ Қурбонов, сардори Раёсати сармоягузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон афзоиши сармоягузориҳои Чинро таъйид мекунад: «Сармоягузорӣ бештар дар соҳаи саноат, саноати кӯҳӣ, энергетика, хидматрасонии молиявӣ, сохтмон ва алоқа равона гардидааст. Агар мо семоҳаи соли ҷориро бо семоҳаи солҳои 2012-2013 муқоиса кунем, дар он сурат мебинем, ки сармоягузорӣ як маротиба зиёд шудааст.»

Соли 2013 сармояҳои Чин дар Тоҷикистон ҳам аз роҳи ширкатҳои хусусӣ ва ҳам тавассути тарҳои ҳукуматӣ аз марзи 2 миллиард доллар гузашт ва Чин ҳоло нисбат ба Русия дар ин бахш хеле пеш рафтааст. Ҳоло дар Тоҷикистон ҳатто мардуми оддӣ эҳсос мекунанд, ки Чин тақрибан дар ҳама бахшҳо мавқеи Русияро ба истилоҳ «танг» кардааст, дар ҳоле, ки Русия захираҳои маъданӣ ва энержии Тоҷикистонро ҳанӯз «моли худ» тасаввур мекунад ва танҳо дар сурате ба сармоягузорӣ розӣ мешавад, ки бештари даромадро ба «ҷайби худ» занад.

Бештари саҳмияиҳои нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба Русия тааллуқ доранд.

Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ва саҳмияҳои Русия дар ин ниругоҳ барои Тоҷикистон сабақи барҷастае шуд. Ба таъхир андохтани сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун низ аз сӯе ғайримустақим ба Русия иртибот мегирад, зеро дар оғоз мехост нерӯгоҳи Роғунро низ ба сарнавишти «Сангтӯда-1» гирифтор кунад. Дар мавриди ҳафри чоҳҳои нафту газ ва истихроҷи он рафтори Русия бештар масали «Каҷ дору марез»-ро ба ёд меорад. Ин тарҳҳоро аз пеш дар инҳисори худ даровардааст, то кишварҳои ғарбӣ дар онҳо сармоягузорӣ накунанд. Русия бо пайдо шудани сармоягузоре дар Ғарб эълон мекунад, ки фақат ҳафри ё кофтани чанд метри дигар боқӣ мондааст, вале баъдтар мебинӣ, ки дар ҳамон чанд метр гӯё «қудрату тавоноиаш» намерасад.

Ҳоло бо чунин «қудрату тавоноӣ» Русия барои бӯҳрони Қрим ба таҳримҳои байналмиллалӣ дучор шудааст, сармоягузорони хориҷӣ ширкатҳои худро дар Русия мебанданд ва миллиардҳо доллар сармояи худро аз ин кишвар хориҷ мекунанд. Русия пешомади бӯҳронии худро эҳсос мекунад ва талош дорад дубора ба кишварҳои Шӯравии пешин рӯ орад, аз ҷумла ба Тоҷикистон, ки гӯё дар симои онҳо тарафҳои боварибахши ҳамкорро мебинад. Вале дар собиқаи ҳамкориҳои байналмиллалӣ дида мешавад, ки танҳо бо ваъдаҳои дурӯғи фурсатталабона ва ё ултиматумҳои пай дар пай наметавон ҷойгоҳи худро дар кишваре нигоҳ дошт. Дар ин маврид ҳамон гуфтаи машҳури Саъдӣ «Ҳар беша гумон мабар, ки холист...», ба ёд меояд. Ин «беша»-ро баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ тадриҷан Чин пур мекунад.

Фирӯз Саидов, таҳлилгари тоҷик.

Фируз Саидов, таҳлилгари масоили стратегии Тоҷикистон мегӯяд, Русия барои кишварҳои Осиёи Марказӣ сиёсати дақиқи иқтисодӣ надорад, дар ҳоле ки Чин бо сиёсати ҳисобшуда тадриҷан бо сармояҳои худ вориди минтақа мешавад. Ба гуфтаи вай, Чин гоҳо бо назардошти манофеи стратегиаш бар зарари худ ва ба нафъи тарафи ҳамкораш ақибнишинӣ ҳам мекунад ё бо чунин кор дар баландмуддат манфиати худро дар назар мегирад. Чунин равиш метавонад дар оянда ба истиқлоли иқтисодӣ ва амнияти иқтисодии Тоҷикистон асари манфӣ гузорад.

Фируз Саидов мегӯяд: «Сармояҳое, ки ҳоло Чин ба Тоҷикистон оварда истодааст, масалан дар сохтмон, дар зербинои Тоҷикистон ба бехатарии иқтисодии кишвари мо аз як тараф таъсири манфӣ мерасонад, вале аз тарафи дигар бо назардошти ҳамсояҳое, ки мо дорем, мисли Узбакистон ё баъзе ҷумҳуриҳои дигар, ки моро ба блокадаи иқтисодӣ ва коммуникатсионӣ оварда расонданд, ин сармоягузориҳо, ба фикри ман, бехатарии иқтисодии Тоҷикистонро то ҳол ва дар ояндаи наздик беҳтар намуд. Он роҳҳое, ки сохтанд ва ҳоло ҳам месозанд, ба нафъи мост. Агар мо бо Чин ҳамкорӣ намекардаем, бехатарии иқтисодии мо бадтар мешуд.»

Камолиддин Раббимов, таҳлилгари узбак муқими Фаронса

Камолиддин Рабимов, таҳлилгари умури Узбакистон дар Фаронса мегӯяд, Узбакистон ба Чин «рӯи хуш» нишон надод ва бо назардошти сиёсати тавсеаталабонаи Чин дар минтақа худро аз он дур нигоҳ медорад. Ҳатто барои баъзе тарҳҳои иқтисодӣ Чин нисбат ба кишварҳои Ғарбӣ сармояи бештар пешниҳод мекунад, вале Узбакистон барои ҳамкорӣ ба Ғарб бартарӣ медиҳад.

Узбакистон бо Чин марз надорад ва дар бунбаст ҳам нест. Захираҳои зиёди нафту газ ва амсоли онро дорад ва шароиташ аз Тоҷикистон фарқ мекунад.

Чун Тоҷикистон тавоноии пардохти қарзҳои зиёди Чинро надорад, дар оянда Чин дар ивази қарзҳои худ метавонад ба дороиҳои табии Тоҷикистон даст дароз кунад ва аз Тоҷикистон дар иваз имтиёз бихоҳад. Аз ҳоло намунаҳо вуҷуд дорад ва корхонаи истихроҷи тиллои «Покруд» дар дараи Ромит намунаи он аст. Коршиносон мегӯянд, ки Тоҷикистон бояд ҳангоми имзои қарордодҳои ҳамкорӣ бо ҳукумати Чин ва ширкатҳои чиноӣ манофеи ояндаи Тоҷикистонро дар назар бигирад ва қонунҳои ин кишвар бояд ҳамеша ба нафъи мардуми ин кишвар кор кунанд.