Чин эътироф кард, ки як шаҳрвандаш дар Тоҷикистон кушта шудааст

Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон

Вазорати корҳои хориҷии Чин ҳамлаи мусаллаҳонаро ба шаҳрвандонаш дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон сахт маҳкум карда, аз Душанбе хостааст, ки ҳодисаро мӯшикофона таҳқиқ кунад.

Радиои Озодӣ рӯзи 18-уми ноябр бо такя ба манобеаш гузориш дод, ки бар асари ҳамла дар дараи Зарбузи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (вилояти Хатлон) як шаҳрванди Чин кушта ва панҷ нафар (чор чинӣ ва як сокини маҳаллӣ) захмӣ шуданд.

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз шарҳе надодаанд, Пекин хабарро тасдиқ кард.

Вазорати корҳои хориҷии Чин рӯзи 19-уми ноябр дар баёнияе гуфт, ҳамла ба қароргоҳи як корхонаи хусусии чинӣ сурат гирифтааст.

Пекин онро "ҳамлаи хушунатомез" номида, шадидан маҳкум кард ва аз шаҳрвандони Чин, ки дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон кор мекунанд, хост, чораҳои амниятиро риоя кунанд. Хабаргузории “Франс Пресс” навишт, ки кормандони сафорати Чин дар Душанбе барои таҳқиқ ба ҷойи ҳодиса рафтаанд.

Манобеи огоҳи Радиои Озодӣ қаблан гуфта буданд, ки чиниҳо дар дараи Зарбуз корҳои иктишофӣ анҷом медоданд. Дар ин минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон корхонаи нави тило номнавис шудааст.

Ду манбаи огоҳ аз қазия гуфтанд, ҳамла "аз тарафи шахсони мусаллаҳ ва аз он сӯйи марз" сурат гирифтааст. Ангезааш маълум нест. Мақомоти Тоҷикистон бо гузашти як рӯз аз ҳодиса чизе нагуфтаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Як кушта ва панҷ захмӣ. Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон чӣ гузашт?

Марзи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо Афғонистон, ки беш аз сад километр дарозӣ дорад, аз қитъаи назораташ мушкили сарҳади Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар гузашта дар марзи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гаравгонгирӣ ва ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва сарҳадбонҳо сабт шуда буд. Бори аввал аст, ки дар пайи ҳамла дар марз як шаҳрванди Чин кушта мешавад.

Ин дар ҳолест, ки тайи моҳҳои охир ҳамла ба коргарони чинӣ дар Покистон афзудааст. Мақомоти Покистон ва Чин моҳи октябри имсол эълон карданд, ки дар пайи таркиш дар наздикии фурудгоҳи Карочӣ ду коргари чинӣ кушта ва дастикам 8 нафар захмӣ шуданд. Сафорати Чин таркишро "ҳамлаи террористӣ" хонд.

Бо вуҷуди ваъдаҳои "Толибон" дар бораи истифода нашудани хоки Афғонистон аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ, мақомоти Тоҷикистон аз он тарафи марз нигаронӣ доранд. Онҳо соли 2023 аз чанд мавриди убури қочоқчиён ва террористон бо силоҳ ба Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ҷумла, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 6-уми августи соли гузашта аз кушта шудани се узви гурӯҳи "Ансоруллоҳ" ва мусодираи аслиҳаи зиёд хабар дод. Санҷиш ва тасдиқи ин хабар ба воситаи манобеи мустақил мушкил аст, вале он дар расонаҳои ҷаҳонӣ баёнгари осебпазирии Тоҷикистон аз хатарҳое шуд, ки аз Афғонистон сарчашма мегиранд.